Тақвим

<< < Май 2021 > >>
С Ч П Ҷ Ш Я Д
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
26 27 28 29 30 31

Обу ҳаво

Меҳмонони сомона

Flag Counter

Саркотиби илмӣ

Nematov 2Ниъматов Мирзовалӣ Мирзоалиевич соли 1961 дар деҳаи Ғайратободи шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Номзади илмҳои кишоварзӣ.

Соли 1985 Совхоз-техникуми ба номи В.В. Куйбишеви собиқ ноҳияи Коммунистии вилояти Қурғонтеппа-ро (ҳоло хоҷагии ба номи Ф. Саидови ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон) бо ихтисоси агроном, хатм намудааст.

Соли 1985 баъди хатми муассисаи мазкур ӯ фаъолияти кориашро дар шуъбаи селексия, генетика ва тухмипарварии ибтидоии пахтаи миёнанахи Институти зироаткории АИКТ, ҳамчун озмоишгари калон оғоз намудааст.

Соли 1987 ба факултаи агрономии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шоҳтемур дохил шуда, онро соли 1994 бо ихтисоси агроном-олим хатм намудааст.

Соли 1994 дар вазифаи ходими хурди илмӣ, соли 1997 ходими калони илмӣ ва соли 2000 дар вазифаи иҷрокунандаи мудири озмоишгоҳ фаъолият намудааст.

Солҳои 1996 ба шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Институти зироаткорӣ дохил шуда, соли 2009 рисолаи намзадиро дар Шӯрои диссертатсионии ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур дифоъ намуд.

Соли 2001 ба вазифаи мудири озмоишгоҳи тухмипарварии ибтидоии пахтаи миёнанахи Институти зироаткорӣ таъйин шудааст.

Соли 2009 дар вазифаи котиби илмӣ ва соли 2014 ҳамчун сардори шуъбаи илмию созмондиҳии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Соли 2020 ба вазифаи Саркотиби илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъйин карда шуд.

Соли 2008 бо дипломи Академия илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ва соли 2018 аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дипломи «Олими беҳтарин» сарфароз гардонида шуд.

Соли 2020 вакили Маҷлиси вакилони халқ дар ҷамоати «Сомон»-и шаҳри Ҳисор интихоб гардидааст.

Ӯ муаллифи 12 навъҳои пахтаи миёнанах ва зиёда аз 100 корҳои илмӣ, аз ҷумла китоб, тавсиянома, дастуру мақолаҳо мебошад, ки барои пешбурди соҳаи растанипарварӣ, алалхусус дар самти пахтапарварӣ нақши муассир доранд.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.



© 2013 - 2024 Академияи илмҳои кишоварзииТоҷикистон
Нишони: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.
Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04
E-Mail: aikt91@mail.ru