Институти тибби ветеринарӣ

 Дар асоси Қарори Ҳукумати ҶТ, таҳти рақами 215, аз 2 майи соли 2008 Институти илмӣ-тадқиқотии  ветеринарии Тоҷикистон ба Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд.

ins veterinari

Институти тибби ветеринарӣ аз 3 озмоишгоҳ ва 3 шуъба иборат аст: озмоишгоҳи вирусология, озмоишгоҳи экспертизаи санитарию ветеринарӣ ва экология, озмоишгоҳи омӯзиши касалиҳои паранда, занбӯри асал ва моҳӣ, шуъбаи биотехнологияи маводҳои ветеринарӣ, шуъбаи паразитология ва шуъбаи касалиҳои микобактериозии ҳайвонот.

Дар институти тибби ветеринарӣ 68 нафар корманд фаъолият дорад, ки 32 нафарашон ходимони илмӣ  мебошанд. Аз 32 нафар ходимони илм 12 нафар — номзади илмҳои ветеринарӣ, 10 нафар — доктори илмҳои ветеринарӣ ва биологӣ буда, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва роҳбарии мавзӯҳои илмиро ба ӯҳда доранд.


 



© 2013 - 2024 Академияи илмҳои кишоварзииТоҷикистон
Нишони: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.
Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04
E-Mail: aikt91@mail.ru