Тақвим

<< < Май 2015 > >>
С Ч П Ҷ Ш Я Д
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Обу ҳаво

Меҳмонони сомона

Flag Counter

РОБИТАҲОИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИ

 Руйхати созишномаҳо

1.Созишнома байни Маркази байналмилалии тадқиқотҳои хушкзамин (ICARDA) ва Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои кишоварзӣ

 2.Созишнома байни Хукумати Ҷумхурии Халқии Хитой дар бораи таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи мухтори Синҷан-Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой

3.Протоколи ниятҳо дар бораи ҳамкории муштараки Академияи илмҳои Шинҷон дар соҳаи азхудкунии заминҳои бокира ва корамнашуда дар назди Корпоратсияи истеҳсолӣ ва сохтмонии Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

4.Созишнома байни Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои тадқиқотии Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ

5.Ёддошти тафоҳум байни Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Тадқиқоти Сиёсати Ғизо (IFPRI) ва Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

6.Созишномаи ҳамкорӣ байни Академияи давлатии кишоварзии Беларус ва Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

7.Созишномаи хамкорӣ байни Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Академияии милли илмҳои Беларус

8.Созишнома дар бораи ҳамкории дуҷонибаи илмӣ-техникӣ байни Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва "Маркази илмӣ-амалии АМБ оид ба механизатсияи кишоварзӣ"

9.Созишномаи № 93-18 дар бораи ҳамкории техникӣ байни Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва "Маркази илмӣ-амалии AМБ барои хӯрокворӣ"

    10. Созишнома дар бораи ҳамкории илмӣ байни Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Маркази Авруосиёии бехатарии озуқавории Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов М.В.

    11. Ёддошти тафоҳум байни Академияи илмҳои кишоварзии Чин ва Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

    12. Ёддошти тафоҳум байни Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Шўрои Ҳиндустон оид ба тадқиқотҳои соҳаи кишоварзӣ

    13. Созишнома байни Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Институти стандартҳои сифати кишоварзӣ ва технологияҳои санҷишӣ дар назди Академияи илмҳои кишоварзии Шинҷон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин

     14. Созишнома байни Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Институти илмии Чин оид ба механизатсияи кишоварзӣ САСН дар Академияи илмҳои кишоварзии Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин

       15. Ёддошти тафоҳум байни Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ                 (Донишгоҳи Миллии Тадқиқотӣ)

16. Созишномаи ҳамкорӣ байни Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва JD EAST

17. Созишномаи хамкорӣ байни Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва КАРИТАС Швейтсари

18. Созишномаи ҳамкорӣ байни Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Маркази илмӣ-истеҳсолии кишоварзии Узбекистон

19. Созишномаи хамкорӣ байни Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Институти боғдории Академияи илмҳои кишоварзии Хенани Ҷумҳурии Мардумии Ҳитой

 

   ҲАМКОРӢ БО МУАССИСАҲОИ ИЛМИИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИ КИШВАР

ИНСТИТУТИ ЗИРОАТКОРӢ. Бо Институти хокшиносӣ, Институти боғпарварию сабзавоткорӣ, Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикии АИКТ; Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ, Институти биологии Помир ба номи Х.Юсуфбеков, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии Данғара, Маркази миллии ҷумҳуриявии байторӣ ва КВД “Пилла”ҳамкорӣ дорад.

Инчунин Институт бо марказҳои байналмилалии ИКАРДА, Ташкилоти байналмилалии КАРИТАС, Институти илмию таҳқиқотии пахтаи “Назиллӣ”-и давлати Туркия, Академияи илмҳои кишоварзии музофоти Синтсзяни Ҷумҳурии мардумии Чин, Институти умумироссиягии растанипарварӣ (ВИР), Институти умумироссиягии ҳимояи растаниҳо (ВИЗР), ширкати “Агрохимпром”-и Федератсияи Россия, Институти масъалаҳои агроинженерии Академияи илмҳои Федератсияи Россия, Институти илмию таҳқиқотии шолии Ҷумҳурии Исломии Эрон, хазинаи бунёди Фонди Оғохон “MSDSP”, Институти пахтапарварӣ, Институти муҳофизати растаниҳои Ҷумҳурии Узбекистон   ва дигар муассисаҳои илмии давлатҳои Осиёи Миёна робитаҳои илмии тарафайн дорад.

ИНСТИТУТИ БОҒУ ТОКПАРВАРӢ ВА САБЗАВОТКОРӢ.

Ҳамкории судманди олимон бо Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи милии илмҳои Тоҷикистон, Институти биотехнологияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Маркази миллиии захираҳои генетикӣ, филиали Донишгоҳи политехникӣ ба номи академик М.Осимӣ шаҳри Хуҷанд, ДДТ-и “Ҳуқуқ, бизнес ва муносибати байналхалқи”-и шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи кӯҳии металлургияи Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ оид ба пурзур намудани корҳои илмию таҳқиқотӣ идома дорад.

Ҳамчунин институт бо кафедраи сабзавоткории Академияи хоҷагии қишлоқи ба номи К.А.Тимирязеви шаҳри Москва, Институти илмию таҳқиқотии умумироссиягии растанипарварӣ (ВИР), ба номи академик Н.И.Вавилов -и шаҳри Санкт - Петербург, Институти умумироссиягии картошкапарварӣ (шаҳри Люберсии вилояти Москва) ва Институти умумироссиягии сабзавоткорӣ (шаҳри Раменски вилояти Москваи Федератсияи Руссия), Институти илмию таҳқиқотии боғдорию сабзавоткории Урали Ҷанубии Федератсияи Руссия, Институти растанипарварии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Институти байналхалқии захираҳои генетикии растаниҳо (IPGRI, Италия), Университети миллии аграрии ҷумҳурии Қирғизистон ба номи К.И. Скрябин, Донишгоҳи аграрии ба номи И.В.Вавилов-и (шаҳри Саратов-и Федератсияи Руссия) ва Донишгоҳи аграрии шаҳри Кубани вилояти Краснодари Федератсия Руссия), Маркази Умумиҷаҳонии сабзавоткорӣ (АVRDS), Маркази Ҷаҳонии картошка CIP (Лима, Перу), Институти мевапарварии Ҷумҳурии Белоруссия оид ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст.

ИНСТИТУТИ ХОКШИНОСӢ ВА АГРОХИМИЯ.

Олимони институт бо Институти хокшиносии ба номи Докучаеви шаҳри Москва, бо Институти агрокимиё ва хокшиносии Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи Давлатии Москав ба номи В.М. Ломоносов, Донишгоҳи Давлатии аграрии ба номи К.А.Тимирязеви шаҳри Москва Академияи давлатии кишоварзии Нижний Новгород ва Академияи давлатии кишоварзии Белорусия, Институти агрокимиё ва хокшиносии Ҷумҳурии Украина, бо Созмони глобалии ҳамкории соҳаи об (GWP) Шветсия, ташкилоти байналмилалии КАРИТАС ва ғайра шартномаи ҳамкорӣ дорад.

ИНСТИТУТИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲ.

Олимони Институти бо олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Стансияи илмии кишоварзии Помир, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва институтҳои таҳқиқотӣ-илмии чорводорӣ, парандапарварӣ, парвариши говҳои сергӯшт, бузу гӯсфандпарварии Федератсияи Россия, Донишгоҳи аграрии ш. Оренбург, Донишгоҳи аграрии Бошқирдистон, Институти хоҷагии қишлоқи шаҳри Кемеровои ФР, Академияи илмҳои кишоварзии ба номи Тимирязеви ФР, Институтҳои таҳқиқотӣ-илмии чорводорӣ, байторӣ ва чарогоҳи Ҷумҳурии Қирғизистон, Институти умумироссиягии чорводории ФР, Институтҳои соҳавии Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамкорӣ доранд.

ИНСТИТУТИ ТИББИ ВЕТЕРИНАРӢ.

Олимони Институти масоили амнияти биологӣ, Маркази миллии ташхиси байторӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Институти илмӣ-тадқиқотии кимиёи АМИТ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти чорводорӣ, Маркази инноватсионии биологӣ ва тиббии АМИТ, Институти зоология ва паразитологияи АМИТ, Донишгоҳи тиббии ба номи Абуали ибни Сино, беморхонаи шаҳрии кудаконаи бемориҳои сили кафедраи “Фтизиопулмонология”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино, Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси синаи ш. Ваҳдат ва ғ. ҳамкории илмӣ дорад.

Институт инчунин бо марказҳои илмии хориҷи кишвар - Институти илмӣ-тадқиқотии вирусология ва микробиологияи ветеринарии ш. Покрови ФР, Институти илмӣ-тадқиқотии ветеринарии ш. Москва, Институти ҳимояи ҳайвоноти ш. Юрови вилояти Владимир, Дониш­гоҳи аграрии ба номи П.А. Столипини ш. Омск, Институти илмӣ – таҳқиқотии ветеринарии парандапарварии Санкт - Петербурги Федератсияи Россия, Институти илмӣ-тадқиқотии ветеринарии Қазо­қистон (Каз НИВИ), Коллеҷи тиббии ветеринарии Донишгоҳи Корнели Иттакаи Ню-Йорк, Академияи ветеринарии ш. Москва ба номи В.И. Скрябин, Институти илмӣ-тадқиқотии Қирғизистон ба номи А. Дуйшееваи ш. Бишкек ва Маркази пешрафти таҷрибаҳои илмии Академияи Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамкорӣ дорад.

ИНСТИТУТИ МАСОИЛИ АМНИЯТИ БИОЛОГӢ ВА БИОТЕХНОЛОГИЯ.

Олимон Институт бо Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур - оид ба тайёр намудани кадрҳои ҷавон, бо Институти ветеринарӣ, Институти чорводории АИКТ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, Институти химия ва Маркази инноватсионии биологӣ ва тибби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ ҳамкории зич дорад.

Робитаи институт бо муассисаҳои хориҷи кишвар: Маркази ҳифзи сиҳатии ҳайвонот, Институти Умумироссиягии илмию таҳқиқотии ветеринарияи эксперименталии ба номи Я.Р. Коваленко, Донишгоҳи давлатии таҳқиқотии Урал ва Донишгоҳи аграри ш.Екатеринбурги ФР, Институти илмию таҳқиқотии масоили бехатарии биологии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон, Институти илмию таҳқиқотии ветеринарии Қирғизистон ба номи А.Дуйшеев ва Донишгоҳи кишоварзӣ ва илми Шветсия барои бозомӯзӣ ва гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.

ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ТАҲҚИҚИ СИСТЕМАВИИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ.

Институт бо Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, муассисаҳои илмии низоми АИКТ, Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, факултаҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи молия ва иқтисод, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Н. Хисрави шаҳри Бохтар, Донишкадаи энергетики Тоҷикистон дар ноҳияи Кошониён, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Университети муштараки Славянии Руссия –Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ва Донишгоҳи давлати Данғара ҳамкории илмӣ дорад.

Институт бо муассисаҳои илмии хориҷи кишвар, аз ҷумла Институти илмию таҳқиқотии Умумироссиягии хоҷагии қишлоқ, Академияи кишоварзии ба номи К. Тимирязеви шаҳри Москва, Университети дустии халқҳо ш. Москав, Донишгоҳи аграрии Ставропол, Университети Москвагии ба номи Ломоносов, Лейбнис Институти рушди аграрӣ дар Аврупои Марказӣ ва Шарқи (IAMO), Институти илми таҳқиқотии ташкили истеҳсолот, меҳнат ва идораи хоҷагии халқ (ГНУ ВНИОПТУСХ) Федератсияи Россия ва институтҳои соҳавии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Университети иқтисодии Қырғызистон ба номи М. Рыскулбеков, Институти иқтисодии назди Академияи илмҳои Қырғызистон ва Институти илмию таҳқиқоти иқтисодии хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Узбекистон робитаҳои зичӣ илмӣ дорад.

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ЗАХИРАҲОИ ГЕНЕТИКӢ.

Марказ бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии АИКТ ва филиалҳои он, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистон, ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур, ИБП, ИБФ ва ГР-и АМ ИТ, Ташкилотҳои ҷамъиятии “Зан ва Замин”, Ҳамкорӣ баҳри тараққиёт “Раъно”, Маркази «Гуногуншаклии биологии генетикӣ»-и ДМТ, Маркази биотехнологияи ДМТ, Маркази инноватсионии биология ва тиббии АМ ИТ,ИИТУР ба номи академик Н.И.Вавилови ФР, Академияи илмҳои кишоварзии Синзияни Ҷумҳурии Чин, Институти захираҳои генетикии Чехия, ИКАРДА, Маркази байналмилалӣ доир ба захираҳои генетикии мамлакатҳои шимол-Норд Ген СИДА- Шветсия, ФБГдар Итолия, Свалборди Норвегия, ТОК СММ ва ПРООН-ГЭФ ҳамкориҳои илмӣ дорад.

Инчунин Марказ бо хоҷагиҳои фермерию деҳқонии ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд ва НТҶ ҳамкориҳоро низ­ ба роҳ мондааст.

МАРКАЗИ ИЛМИИ ҲИФЗИ РАСТАНИҲО.

Ҳамкории илмӣ бо муассисаҳои АИКТ, Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии Вазорати Кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии Экспедитсияи бар зидди малах, Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ташкилоти Озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Кооперативи ғайри тиҷоратии «Сароб» ва ҶДММ «Тиҷорат химия» робитаи наздик дорад.

МАРКАЗИ ИЛМИИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ВА МЕХАНИКОНИИ КИШОВАРЗӢ.

Ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Институти масоили агроинженерӣ и экологии истеҳсолоти кишоварзии филиали ВИМ-и шаҳри С. Петербурги ФР роҳандозӣ карда шудааст.

МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТИИ ПИЛЛАПАРВАРӢ.

Марказ бо Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур - оид ба тайёр намудани кадрҳои ҷавон, Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ, Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ ҳамкории зич дорад.

МАРКАЗИ ИЛМИИ КИШОВАРЗИИ ПОМИР.

Олимони Марказ ҳамкориро бо Институти зироаткорӣ, боғпарварию сабзавоткорӣ, хокшиносӣ ва агрохимия, Маркази ҳифзи растаниҳо, Институти чорводорӣ ва чарогоҳ, Институти тибби ветеринарӣ, Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнология ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев дар самти таҳқиқотҳо дар бахшҳои селексия ва технологияи парвариши зироатҳои кишоварзӣ, боғпарварию сабзавоткорӣ ва чорводорӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Маркази байналмилалии илмӣ- техникӣ, Каритас, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва БҶИИМК-и хазинаи Оғохон   идома дода истодааст.



© 2013 - 2024 Академияи илмҳои кишоварзииТоҷикистон
Нишони: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.
Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04
E-Mail: aikt91@mail.ru