ХАБАР

Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ

 ИНСТИТУТИ БОҒУ ТОКПАРВАРӢ ВА САБЗАВОТКОРӢ

Таърихи таъсисёбӣ. Соли 1932 дар ҳайати Академияи Умумииттифоқии илмҳои кишоварзии ба номи В.И. Ленин – ВАСХНИЛ бо қарори Комиссариати халқии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, Институти илмӣ–таҳқиқотии Осиёи Миёнагии меваю ангурпарварӣ ва сабзавоткорӣ дар шаҳри Хуҷанд ташкил карда шуд. Моҳи октябри соли 1956 бо қарори махсуси КМ КПСС ва Шӯрои Вазирони СССР ду Институт – Институти илмӣ- таҳқиқотии хоҷагиҳои меваю ангурпарварӣ ва сабзавоткорӣ ва Институти илмии таҳқиқотии умумииттифоқии субтропикии хушк якҷоя карда шуда, дар назди Вазорати хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, Институти илмию таҳқиқотии боғпарварӣ, токпарварӣ ва зироатҳои субтропикии ба номи И.В.Мичурин таъсис гардид.

Соли 1978 дар заминаи шуъбаҳои боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва селексияи зироатҳои субтропикии Институти илмӣ–таҳқиқотии зироаткории Тоҷикистон, Институти илмию таҳқиқотии боғдорӣ, токпарварӣ ва сабзавоткории Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Соли 1987 дар натиҷаи якҷоя намудани Институти илмию таҳқиқотии боғпарварӣ, токдорӣ ва сабзавотпарварии Тоҷикистон бо шабакаи хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ, Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии (ИИИ) «Боғпарвар» таъсис ёфт.

Моҳи майи соли 2008 ИИИ «Боғпарвар» Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2020, №487 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 майи соли 2008, №215 номи Институт дар таҳрири Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ тасдиқ гардид.

Директорони Институт

Номзади илмҳои кишоварзӣ Қосимов М.Қ., солҳои 1987 – 1993, академик, доктори илмҳои кишоварзӣ Ахмедов Т.А., солҳои 1993 – 2014, аз 29-уми марти соли 2014 то моҳи июли соли 2021 доктори илмҳои кишоварзӣ Назиров Ҳикматулло, аз 16 июли соли 2021 роҳбарии Институтро номзади илмҳои кишоварзӣ Каримзода Рустам Раҳим ба уҳда дорад.

Сохтори Институт ва ҳайати кормандон. Ҳоло дар Институт 9 шуъба, 1 озмоишгоҳ, зерсохторҳо: 1 филиал, 2 стансияи минтақавӣ, 2 хоҷагии махсуси таҷрибавӣ ва 4 пойгоҳ фаъолият менамоянд. Дар Институт ва филиалу стансияҳои он, мувофиқи ҷадвали бастҳои корӣ 137 нафар корманд, аз он ҷумла 71 нафар корманди илм: аз онҳо 5 доктор ва 18 номзади илм фаъолият намуда истодаанд.

1. Шуъбаи мевапарварӣ ва буттамевагиҳо

2. Шуъбаи технологияи инноватсионии токпарварӣ

3. Шубаи технологияи инноватсионии ниҳолпарварӣ

4. Шуъбаи технологияи муосири сабзавоткорӣ

5. Шуъбаи селексия ва тухмипарварии картошка

6. Шуъбаи зироатҳои субтропикӣ ва ситрусӣ

7. Шуъбаи ҳимояи наботот

8. Шуъбаи илм, таълим ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ

9. Шуъбаи иттилоот, машварат ва татбиқи дастовардҳои илмӣ

   Озмоишгоҳи илмию истеҳсолии биотехнологияи растанӣ

Ташкилотҳои тобеи Институт

1. Филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ дар вилояти Суғд

2. Стансияи таҷрибавии Файзобод

3. Стансияи таҷрибавии зироатҳои субтропикӣ ва ситрусӣ

4. Хоҷагии таҷрибавии Сунбула

5. Хоҷагии таҷрибавии Мӯъминобод

6. Пойгоҳи Лахш

7. Пойгоҳи Ашт

8. Пойгоҳи Исфара

9. Пойгоҳи Сомғор

BOG 01 Ҳайати кормандони Институт

 Раванди асосии фаъолият. Ба вуҷуд овардани навъҳои нави дарахтони мевадиҳанда, ангур ва зироатҳои сабзавотии серҳосили ба касалию тағйирёбии иқлим устувор, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани онҳо, пурра кардани навъҳои ноҳиябандишуда, коркарду мукаммалгардонии технологияи парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ток, тухмипарварии зироатҳои сабзавотӣ, картошка ва таҳияи силсилаи чораҳои ҳифзи онҳо аз касалию ҳашарот мебошад.

BOG 02

 Ҷаласаи Шӯрои олимони Институт

Дастовардҳои асосӣ. Дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ Институти боғпарварию сабзавоткорӣ ва Филиали он дар вилояти Суғд ба комёбиҳои назаррас ноил гашта, дастовардҳои илмро дар истеҳсолоти кишоварзӣ зина ба зина ба таври васеъ ҷорӣ намуд.

Олимони Институт 79 навъи серҳосили дарахтони мевадиҳанда, зироатҳои сабзавотию картошкаро офариданд, ки 36-тои онҳо минтақабоб гардид. Аз ҷумла: 5 навъи шафтолу: “Гулдор” (1993), “Сунбула” (1993), “Равшан” (1996), “Озода” (1997), “Зарнигор” (2009); 5 навъи зардолу: “Серҳосил” (2000), “Аҳмадӣ” (2006), “Хуҷандӣ” (2007), “Ленинободӣ” (2011), Нишонӣ (2018); 1 навъи нок: “Дилрабо” (2011); 1 навъи ангур: “Миёна”(2006); 1 навъи сабзӣ: “Тиллоранг” (2011); 11 навъи картошка: “Заррина” (2007), “Дӯстӣ” (2013), “Файзобод” (2013), “Шукрона” (2014), “Каримӣ” (2014), “Рашт” (2014), “Овчӣ” (2015), “Нурӣ” (2015), “Тоҷикистон” (2015); “Дурахшон (2017), “Сурхоб” (2017); 2 навъи пиёз: “Аброрӣ” (2009), «Ҳисорӣ» (2014); 1 навъи бодиринг “Беназир” (1994) ва ба 1 навъи қаламфури тез “Серҳосил” (2016) ва ғайра.

Навъҳои шафтолу: «Лаъл» (2008), «Нурафшон» (2009); зардолу: «Шифо» (2007), себ: “Зардсеби тирамоҳӣ” (2008); хурмо «Шарқӣ» (2020), «Шоҳона» (2020); лиму: “Тоҷикӣ” (2020), “Балхӣ” (2020); ангур: «Сарвар» (2008), «Ваҳдат» (2008), дурагаи 54-37 (2008) “Ватан” (2020), “Ёқути сурх” (2020), “Президент” (2020), “Неъмат” (2020); чормағзи навъи Ф-5-26 (2008), картошка: “Тобон” (2014), “Ғончӣ” (2014); пиёз: «Сомонӣ» (2008); пиёзи анзур: «Суғдиён» (2008), «Дилкушо» (2008); қаламфури тез: “Ханҷар” (2009), “Зулфи сурх” (2009), “Рарз” (2020); мош “Марворид” (2019), “Муаттар” (2019); боимҷон: “Дӯстӣ-1” (2020), “Дӯстӣ-2” (2020); райҳон: “Зирарайҳон” (2020) ва ғайра дар озмоиши Комиссияи навъсанҷӣ қарор доранд.

Инчунин, олимони Институт барои ихтирои “Усулҳои шинонидани ниҳолҳои растанӣ” аз тарафи Феҳристи ташкилоти Авруосиёии патентӣ дар Федератсияи Россия №031342 аз 28.12.2018 соҳиби патенти Авруосиё ва ихтирои “Доми автоматии феромондор бар зидди ҳашароти зараррасон” соҳиби нахустпатент ва навъовариҳои «Системаи биореактории анаэробии камандозаи бисёрсатҳа», “Тарзи обёрии растаниҳо бо воситаи микроҷӯяк” “Чизел култиватор ЧКУ-2,0”, “Тарзи коркарди пешазкиштии хок бо ворид кардани нуриҳои минералӣ”, “Узви кории ротатсионии беҳаракатовар”, “Органи кории марказӣ (сошник) барои шинонидани ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда” соҳиби 6 гувоҳнома гардиданд.

Олимони филиали Институт дар вилояти Суғд соли 2020 оид ба ихтирои “Органи корӣ барои пошидани нуриҳои органикӣ”, “Тухмипошак барои кишти қатории тухми пиёз” ва «Сохтор ба дорупошак барои коркарди дарахтони боғӣ ва токзор» аз ҷониби Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби 1 - нахустпатент, 2 - шаҳодатнома (№ТJ1055; №ТJ1045; №ТJ1046) гардиданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби Кумитаи давлатии моликияти зеҳнӣ ва инноватсионии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон (Қирғизпатент), ба олимони институт оид ба ихтирои таҷҳизоти “Гелиосушилка теплица-термос» ба олимони институт Нахустпатенти №341 аз 22.02.2020, 02/597 дода шуд. Баробари ин, олими Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ аз тарафи Академияи табиатшиносии Россия дар намоиши китоб бо “Дипломи байналмилалии Нобелӣ” №1314 аз 29 июли соли 2020 сарфароз гардонида шуд.

Технологияҳои дар як давра парвариш кардани ниҳолҳои дарахтонии мевадиҳанда, шафтолу, бодом, ниҳолҳои қадпаст бо истифодаи пайванди мобайнӣ, меъёри додани нуриҳои маъданӣ бо усули манбагӣ дар токзорҳои навъи Султонӣ (Ҷавз), хушконидани мева дар мевахушкунакҳои нақбшакл, олотмошини мукаммалгардонидашуда барои коркарди байни қаторҳои токзор ба кишоварзон пешниҳод гардида, таҳияи як қатор технологияҳои нав барои шароити минтақаҳои ҷумҳурӣ идома дорад.

Аз тарафи олимон технологияҳои парвариши дарахтони донакдор дар як давраи нашъунамо, хушконидани мева ва коркарди байни қаторҳои ток дар шароити Тоҷикистон такмил дода шуда, ҷо ба ҷо- гузории навъҳои дарахтони мевадиҳанда, зироатҳои сабзавотӣ ва картошка вобаста ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, таҳия гардид. Инчунин, технологияи бунёди боғҳои интенсивӣ дар хоҷагиҳои зертобеи Институт, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои назди ҳавлигӣ ба роҳ монда шуд. Технологияи парвариши ниҳол бо решаи пӯшида дар шароити Тоҷикистон аз тарафи олимони институт такмил дода шуд, ки тавассути он новобаста ба фасли сол ва беталафот, ниҳолро барои бунёд кардани боғ истифода бурдан мумкин аст.

Технологияи парвариши ниҳол бо усули пайванди мобайнӣ имконият фароҳам овард, ки дар заминҳои лалмии бо намӣ таъмин аз чунин ниҳолҳо боғҳои серҳосил бунёд карда шаванд. Инчунин, олимони Институт технологияи афзоишдиҳии ниҳолҳои қадпастро тавассути қаламчаи реша, навда ва фарғуч такмил дода истодаанд.

Олимони Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ аввалин маротиба бо усули қаламча парвариши картошкаро дар шароити таҷрибавӣ ба роҳ монданд. Ин усул имконият медиҳад, ки самаранокии соҳа 3-4 маротиба аз ҳисоби сарфаи тухмӣ афзун гардида, тухмии босифат истеҳсол шавад. Ин тарзи парвариш одӣ буда, имконият медиҳад, ки дар давоми сол бемаҳдуд аз майдони картошказор қаламча гирифта, зиёд карда шавад.

Технологияи парвариши пиёз аз ниҳолча ва аз пиёзак низ кор карда баромада шуд, ки бо ин тарз дар муҳлатҳои гуногун парвариш кардани пиёз имконпазир гардид.

Тайёр кардани кадрҳои илмӣ. Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ дар 30 соли Истиқлолият пурсамар фаъолият намуда, ба мактаби тайёр кардани кадрҳои соҳаи боғпарварӣ ангурпарварӣ, сабзавоткорӣ, картошкапарварӣ ва ҳимояи растаниҳо табдил гаштааст. Дар остонаи он мутахассисони баландихтисос ба воя расида, дар рушди соҳаҳои мухталиф дар ҷумҳурӣ ҳиссагузорӣ намуда истодаанд.

Дар ин давра 21 рисолаи номзадӣ, 5 докторӣ ва 6 магистрӣ дифоъ карда шуд.

Ҳамкориҳо. Ҳамкории судманди олимон бо Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти биотехнологияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Маркази миллии захираҳои генетикӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва филиали он дар шаҳри Хуҷанд, ДДТ-и “Ҳуқуқ, бизнес ва муносибати байналхалқӣ”-и шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи кӯҳии металлургияи Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ оид ба пурзур намудани корҳои илмию таҳқиқотӣ идома дорад.

Ҳамчунин, Институт бо кафедраи сабзавоткории Академияи хоҷагии қишлоқи ба номи К.А.Тимирязеви шаҳри Москва, Институти илмию таҳқиқотии умумироссиягии растанипарварӣ (ВИР), ба номи академик Н.И.Вавилови шаҳри Санкт-Петербург, Институти Умумироссиягии картошкапарварӣ (шаҳри Люберсии вилояти Москва) ва Институти Умумироссиягии сабзавоткорӣ (шаҳри Раменски вилояти Москваи Федератсияи Русия), Институти илмию таҳқиқотии боғдорию сабзавоткории Урали Ҷанубии Федератсияи Русия, Институти растанипарварии шаҳри Тошканд-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Институти байналхалқии захираҳои генетикии растаниҳо (IPGRI, Италия), Университетҳои миллии аграрии ҷумҳурии Қирғизистон ба номи К.И. Скрябин, Донишгоҳи аграрии ба номи И.В.Вавилов-и (шаҳри Саратови Федератсияи Русия) ва Донишгоҳи аграрии шаҳри Кубани вилояти Краснодари Федератсия Русия), Маркази Умумиҷаҳонии сабзавоткорӣ (АVRDS), Маркази Ҷаҳонии картошка CIP (Лима, Перу), Институтҳои мевапарварӣ ва картошкапарварии Ҷумҳурии Белоруссия оид ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст.

Фаъолияти интишорӣ. Дар муддати 30 соли Истиқлолият олимони Институт оид ба масъалаҳои гуногуни боғдорию сабзавоткорӣ садҳо китобу дастурҳои методӣ, маводҳои илмӣ ва тавсияномаҳоро нашр намуда, ба хоҷагидорон пешниҳод намуданд. Дастовардҳои илмӣ ба воситаи филмҳои ҳуҷҷатӣ, овезаҳо, инчунин суханрониҳо ба воситаи садо ва симо тарғибу ташвиқ гардидаанд. Аз маводҳои нашршуда, китобҳои: Каримов Б. «Возделывание оздоровленного картофеля в Таджикистане», 1998, 60с; Абдурахмонов Н.О. «Вирусные заболевания и бактериальный рак виноградного куста в условиях Таджикистана и способы борьбы с ними», 1997, 130с; Ахмедов Т.А. «Удобрение овоще-бахчевых культур в Таджикистане», 2004, 194 с; Назиров Ҳ.Н. «Местные сорта яблони Таджикистана», 2011, 104 с; Ахмедов Т.А. ва дигарон «Зардолуи Тоҷикистон» (ба забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ), 2012, 190с., Партоев Қ., Салимов А.Ф., Каримов Б. «Картошка ва парвариши он дар Тоҷикистон», 2014, 180с., Назиров Ҳ.Н., Камолов Н., Мамадалиева М. «Анорпарварӣ», 2017 зикр намудан лозим аст, ки арзиши илмию истеҳсолӣ доранд.

Дар ин давра аз тарафи олимони Институт 13 китоб, 1 монография, 22 брошюра, 171 тавсиянома ва дастурамал, 20 буклет, 410 мақолаи илмӣ, 5 маҷмӯи мақолаҳои илмӣ, 4 маҷмӯаи мақолаҳои конференсия, 32 номгӯи тезису маърӯзаҳо нашр гардидааст. Олимон тавассути садо ва симо оид ба мавзӯъҳои марбутаи соҳа мунтазам суҳбату баромадҳо намуданд.

Дастовардҳои олимони Институт дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардидаанд, аз ҷумла: 1 нафар бо орден ва 2 нафар бо медал. Инчунин 1 нафар бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони Олими беҳтарини сол ва 14 нафар бо Дипломи АИКТ сарфароз гаштанд.

Олимоне, ки дар пешбурди илми соҳа ҳиссаи арзанда гузоштаанд:

Соҳаи мевапарварӣ - Назиров Ҳ.Н., Шомуродова С.Б., Холов Ҳ. Камолов Н., Маҳмадаминов С., Бойматов Т.Э., Янгибоев Д., Қориев Б.А., Эргашева М.А., Сафаралиев Х.Ф., Охунҷонов А. ва дигарон.

Ситрусию субтропикӣ - Эшонқулов У.Э., Рукниддинов Қ., Мухамедов А.Х., Султонҷонов Н.А., Загребельний И.А.

Ангурпарварӣ - Савченко А.Д., Раҷабов Қ.Р., Азимов А.Р., Абдурахмонов Н.А., Юсупов Ю., Шокиров Б., Маҳмадқулов Х., Қаландаров Р., Азимов А.Ҷ.

Сабзавоткорӣ - Ахмедов Т.А., Арзаниев О., Эшонкулова Р.У., Сулангов М., Бобоев М. М., Сагинов Б., Баротов Ф.

Картошкапарварӣ - Каримов Б., Партоев К., Акрамов А.

Ҳифзи растаниҳо - Тошматов Б.А., Маҳмудов Д., Солиҳов А., Абдураҳмонов М.И., Мустафоқулов У., Толиҳов Ҷ., Султонова М., Уроқов Б.Э.

Коркард ва нигоҳдории меваю сабзавот - Буҳодуров Ш., Ваҳобов А. ва дигарон.

 



© 2013 - 2024 Академияи илмҳои кишоварзииТоҷикистон
Нишони: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.
Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04
E-Mail: aikt91@mail.ru