Тақвим

<< < Май 2021 > >>
С Ч П Ҷ Ш Я Д
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
26 27 28 29 30 31

Обу ҳаво

Меҳмонони сомона

Flag Counter

Институти чорводорӣ ва чарогоҳ

 ИНСТИТУТИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲ

Таърихи таъсисёбӣ. Стансияи таҷрибавии ҷумҳуриявӣ доир ба чорводорӣ 30 декабри соли 1930 дар назди Комиссариати халқии кишоварзии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки он аввалин муассисаи илмии соҳавии кишоварзӣ дар мамлакат ба шумор мерафт. Он ба тадқиқотҳои ҳамаҷонибаи соҳаи чорводорӣ ибтидо гузошта, сарчашмаи инкишофи илми чорводорӣ гардид. Маҳз дар заминаи ҳамин стансия баъди дигаргунсозиҳои чандинкарата, чун маркази методии асосӣ роҷеъ ба таъмини пешбурди илми чорводорӣ, рушди истеҳсолоти ин соҳаи муҳим ва тарбия намудани олимони ҷавон соли 1971– Институти илмӣ–тадқиқотии чорводории Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Институти илмӣ-таҳқиқотии чорводории Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 майи соли 2008 №215, Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони аз 31.08.2020, №478 Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон номгузорӣ гардид.

Роҳбарони Институт:

Қарақулов А.Б., академики АИКТ, д.и.к., солҳои 1989-2007;

Мирзоахмедов Ш.Р. н. и. в., солҳои 2007-2008;

Икромов Ф.М н. и. к., солҳои 2008-2015;

Амиршоев Ф.С. д. и. б., солҳои 2015-2020.

Аз ноябри соли 2020 то ҳол роҳбарии Институтро номзади илмҳои кишоварзӣ Давлатов Х.Қ. ба уҳда дорад.

Сохтори Институт ва ҳайати кормандон. Дар сохтори Институт 10 шуъба ва 3 озмоишгоҳ мавҷуд аст:

Шуъбаи селексия ва технологияи чорвои ширӣ,

Шуъбаи селексия ва технологияи чорвои гӯштӣ, асппарварӣ ва қутоспарварӣ,

Шуъбаи селексия ва технологияи гӯсфандпарварӣ ва бузпарварӣ;    Шуъбаи селексия ва технологияи занбӯриасалпарварӣ;

Шуъбаи парандапарварии интенсивӣ;

Шуъбаи хӯронидани чорво ва технологияи хӯроки чорво,

Шуъбаи беҳдошти чарогоҳ,

Шуъбаи иттилоотию машваратӣ ва таълим,

Шуъбаи татбиқи дастовардҳои илмӣ,

Шуъбаи моҳипарварӣ ва харгӯшпарварӣ,

Озмоишгоҳи таҳлили умумӣ, экология ва генетикаи чорво,

Озмоишгоҳи биотехнологияи инноватсионии чорво,

Озмоишгоҳи таҳлили сифати маҳсулоти чорво.

Инчунин, дар назди Институт Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорво ва филиали Институт дар вилояти Суғд фаъолият менамоянд.

Дар Институт шумораи умумии кормандон 126 нафар, аз ҷумла кормандони илмӣ 60 нафар, докторони илм 9 нафар (4- нафар асосӣ ва 5-нафар ҳамкор), аз ҷумла 1 нафар академик, номзадҳои илм 26 нафарро ташкил менамоянд. Дар Институт 4 докторант, 11 унвонҷӯй, 3 магистр ва 12 доктор аз рӯи ихтисос (PhD) ба корҳои илмӣ–тадқиқотӣ машғуланд.

CHORVO 01

Ҳайати кормандони Институт

 Равандҳои асосии фаъолият:

- ба вуҷуд овардани зотҳо, типҳо, авлодҳо, дурагаҳо, кроссҳои нави сермахсули чорво, паранда ва занбӯри асал;

-такмили усул ва корҳои селексионию зотпарварӣ, беҳтар намудани сифати таркибии зоти чорво, паранда, занбӯри асал, моҳипарварӣ, харгӯшпарварӣ ва афзоишдиҳии онҳо;

- таҳияи асосҳои илмии истеҳсолу коркарди хӯроки чорво ва паранда, такмили меъёр ва усулҳои хӯронидан, технологияи парвариш ва нигоҳубини чорво, паранда, занбӯри асал, моҳӣ, харгӯш ва ғайра;

         - таҳияи тарзу усулҳои бозтавлиди чорво, наслгирӣ, биотехнология, санҷиш ва коркарди маводу воситаҳои биологию кимиёвӣ барои баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва наслнокии чорво;

         - омӯзиши технологияи муосири технология ва ташхиси КДН (ДНК);

         -таҳияи усулҳои беҳтаргардонии ҳолат ва истифодабарии чарогоҳҳо ва марғзорҳои табиӣ;

         -тайёр намудани кадрҳои баланд ихтисоси илмӣ (докторҳо ва номзадҳои илм, магистрҳо ва докторҳои PhD).

CHORVO 02

  Ҷаласаи Шӯрои олимони Институт

 Дастовардҳои асосӣ ва татбиқи онҳо. Олимони Институт дар давоми 30 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гаштанд.

Дар натиҷаи тадқиқотҳои тӯлонии пурсамар типи нави тоҷикии говҳои зоти сиёҳало, зоти аспи тоҷикӣ, зоти бузҳои серпашми тоҷикӣ ва экотипи зарафшонии қутосҳои помирӣ офарида шуданд, ки ба шароити афзоишёбӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ мутобиқ буда, дорои маҳсулнокии баланди босифат мебошанд. Зоти алои тоҷикии чорвои калони шохдор офарида шуда, барои тасдиқ ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Типҳои чорвои сергӯшти тоҷикӣ, шаҳринавии гӯсфандони ҳисорӣ ва типи тоҷикии занбӯри асал офарида шуда, саршумори селексионӣ ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои пешниҳод намудан ба Комиссияи давлатии апробатсионӣ омода гардидааст.

Инчунин, гурӯҳҳои селексионии бузҳои серширу ранга, дурагаҳои архару гӯсфандони зотҳои ҳисорӣ, тоҷикӣ ва маҳинпашм ба вуҷуд оварда шуд. Аз ҷониби олимони институт дар соҳаи парандапарварӣ меъёрҳои самарабахши истифодаи хӯрокиҳои ғайрианъанавии маҳаллӣ (бентонит, палигорскит, чойҷуворӣ, тритикале) дар ғизои мурғони сертухм коркард гардида, кросси сермаҳсули мурғи марҷон ва зоти кабкҳо муайян карда шуд.

Доир ба хӯронидани чорво меъёрҳои серғизо хӯронидани чорвои сершир ва истифодаи премиксҳои витамину минералдор дар ғизои онҳо муайян карда шуд.

Дар самти омӯзиш ва беҳсозии ҳолати чарогоҳҳо, оид ба истифодабарии самараноки чарогоҳҳои баландкӯҳи Тоҷикистони Марказӣ ва Помири Шарқӣ тавсияҳо ва дастуру меъёрҳо оид ба чаронидани чорво пешниҳод карда шуд.

Аз рӯи навоварӣ ва ихтироот олимон соҳиби 4 патент 1 гувоҳнома ва 8 шаҳодатномаи муаллифӣ гаштанд.

Натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотии Институт оид ба беҳтар намудани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии чорво ва татбиқи технологияҳои муосири парвариши онҳо дар 45 хоҷагии зотпарварӣ ва деҳқонӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо саршумори 78,9 ҳазор сар, аз он ҷумла, дар самти чорвои сешир дар 14 хоҷагӣ бо саршумори 5,4 ҳазор сар; қутоспарварӣ дар 4 хоҷагӣ бо саршумори 0,5 ҳазор сар; гӯсфандпарварӣ дар 10 хоҷагӣ бо саршумори 45,4 ҳазор сар; дар самти бузпарварӣ дар 2 хоҷагӣ бо саршумори 17,3 ҳазор сар; парандапарварӣ дар 3 хоҷагӣ бо саршумори 10,3 ҳазор сар, инчунин дар самти занбӯриасалпарварӣ дар 5 хоҷагӣ дар доираи 3, 9 ҳазор оила амалӣ гардида истодааст.

Тайёр кардани кадрҳои илмӣ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ 13 нафар олимон рисолаи докторӣ, 37 нафар рисолаи номзадӣ ва 14 нафар магистрӣ ҳимоя намудаанд.

 

Нашри корҳои илмӣ ва тарғиби дастовардҳо. Аз тарафи олимони Институт дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат 66 китобу монография ва брошюра, 108 тавсияномаву дастурамал ва буклет, 885 мақолаи илмӣ нашр ва дастраси мутахассисони соҳаи кишоварзӣ гардид. Олимони институт оид ба тарғибу таблиғоти дастовардҳои илмӣ ва масоили ҳалталаби рушди соҳаи чорводорӣ тавассути садо 140 ва симо 115 маротиба баромад карданд.

 

Ҳамкориҳо. Олимони Институти чорводорӣ ва чарогоҳ бо олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Институти зоология ва паразитологияи АМИТ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб, Донишгоҳи давлатии Данғара, Институтҳои тадқиқотӣ-илмии чорводорӣ, парандапарварӣ, парвариши говҳои сергӯшт, бузу гӯсфандпарварии Федератсияи Русия, Донишгоҳи аграрии ш. Оренбург, Донишгоҳи аграрии Бошқирдистон, Институти хоҷагии қишлоқи шаҳри Кемерови Федератсияи Русия, Академияи илмҳои кишоварзии ба номи Тимирязеви шаҳри Москва, Институтҳои тадқиқотӣ-илмии чорводорӣ, байторӣ ва чарогоҳи Ҷумҳурии Қирғизистон ва ғайра ҳамкорӣ доранд.

Иштирок дар таҳияи барномаҳои рушди соҳа ва қабули қонунҳои соҳавӣ: Олимони институт дар таҳияи «Барнома дар бораи рушди парандапарварӣ барои солҳои 2007-2015», «Барномаи рушди қутоспарварӣ барои солҳои 2008-2015», «Барномаи рушди занбӯриасалпарварӣ барои солҳои 2006-2010 ва солҳои 2011-2016», «Барномаи беҳтар намудани ҳолат ва самаранок истифодабарии чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015», «Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ барои солҳои 2008-2015» ва “Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар солҳои 2018-2022” саҳмгузор буданд.

Дастовардҳои олимони институт дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардидаанд, аз ҷумла: 1 нафар бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, 2 нафар бо орден ва 2 нафар бо медал. Инчунин 1 нафар бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон ва 18 нафар бо Дипломи АИКТ сарфароз гаштанд.

Ҳиссагузории олимон дар рушди илми соҳавӣ. Дар пешрафти илми чорводории ҷумҳурӣ ва фаъолияти босамари институт олимони зерин саҳми арзанда гузоштаанд.

Академикҳо: Алиев Ғ.А., Қарақулов А.Б., Комилзода Д.Қ.

Докторони илм: Фарсиханов С.Э., Ҳайитов А., Раҳимов Ш.Т., Аҳмадалиев Н., Эргашев Д.Э., Шарипов А., Рӯзиев Т.Б., Иргашев Т.О., Ҷалолов Х.Ҷ.,Эргашев Д. Д., Амиршоев Ф.С., Назаров Н.Э.

Номзадони илм: Файзуллоев Қ.Ф., Гусенов А.М., Отаева М., Сафаралиев Ғ.Қ., Икромов Ф.М., Раҷабов Н.А., Раҷабов Ф.М., Куганов Т., Хоҷаев С., Давлатов Х.Қ., Бобокалонов И.И., Норов А.Н., Охунов Б., Бозоров Ш.Э., Ахмадов Т. ва дигарон.

 



© 2013 - 2024 Академияи илмҳои кишоварзииТоҷикистон
Нишони: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.
Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04
E-Mail: aikt91@mail.ru