Тақвим

<< < Июн 2021 > >>
С Ч П Ҷ Ш Я Д
1 2 3 4 5 6
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Обу ҳаво

Меҳмонони сомона

Flag Counter

Хазина. 25 Май 2021

  • Саркотиби илмӣ'Ниъматов Мирзовалӣ Мирзоалиевич соли 1961 дар деҳаи Ғайратободи шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Номзади илмҳои кишоварзӣ. Соли 1985 Совхоз-техникуми ба номи В.В. Куйбишеви собиқ ноҳияи Коммунистии вилояти Қурғонтеппа-ро (ҳоло хоҷагии ба номи Ф. Саидови ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон) бо ихтисоси агроном, хатм намудааст. Соли 1985 баъди хатми муассисаи мазкур ӯ фаъолияти кориашро дар шуъбаи селексия, генетика ва тухмипарварии ибтидоии пахтаи миёнанахи Институти зироаткории АИКТ, ҳамчун озмоишгари калон оғоз намудааст. Соли 1987 ба факултаи агрономии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шоҳтемур дохил шуда, онро соли 1994 бо ихтисоси агроном-олим хатм намудааст. Соли 1994 дар вазифаи ходими хурди илмӣ, соли 1997 ходими калони илмӣ ва соли 2000 дар вазифаи иҷрокунандаи мудири озмоишгоҳ фаъолият намудааст. Солҳои 1996 ба шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Институти зироаткорӣ дохил шуда, соли 2009 рисолаи намзадиро дар Шӯрои диссертатсионии ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур дифоъ намуд. Соли 2001 ба вазифаи мудири озмоишгоҳи тухмипарварии ибтидоии пахтаи миёнанахи Институти зироаткорӣ таъйин шудааст. Соли 2009 дар вазифаи котиби илмӣ ва соли 2014 ҳамчун сардори шуъбаи илмию созмондиҳии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Соли 2020 ба вазифаи Саркотиби илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъйин карда шуд. Соли 2008 бо дипломи Академия илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ва соли 2018 аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дипломи «Олими беҳтарин» сарфароз гардонида шуд. Соли 2020 вакили Маҷлиси вакилони халқ дар ҷамоати «Сомон»-и шаҳри Ҳисор интихоб гардидааст. Ӯ муаллифи 12 навъҳои пахтаи миёнанах ва зиёда аз 100 корҳои илмӣ, аз ҷумла китоб, тавсиянома, дастуру мақолаҳо мебошад, ки барои пешбурди соҳаи растанипарварӣ, алалхусус дар самти пахтапарварӣ нақши муассир доранд. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

    25.05.2021 11:05 

  • Муовини Президенти АИКТ' Ятимзода Хуршед Мардон.  Соли таввалуд 26.02.1964 зодаи шаҳри Душанбе аз хонадони зиёиён. Маълумоташ олӣ номзади илмҳои иқтисодӣ. Солҳои таҳсил дар мактаби миёна 1971- 1981. Хатмкунандаи факултаи баплангирии иқтисодӣ Университети давлатии Тоҷикистон (1987). Соҳиби дипломи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон.Иқтисодчии ташкили илмиии меҳнати корхонаи савдои омехтаи ш. Роғуни Вазорати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1987-1988); сариқтисодчии шуъбаи баплангирии иқтисодӣ, муҳосиби калон, муовини сармуҳосиби корхонаи савдои ш.Норак (1988-1992); муаллими калони кафедраи бахисобгирии муҳосибот ва тахлилй техникуми савдои ш. Душанбе (1992-1993); тафтишотчи, сартафтишотчии Раёсати назорати молиявии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993-2001); сармутахассис, муовини сардори раёсати методология ва таҳлили Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001-2007); сармутахассис, сардори шуъба, муовини сардори Раёсат, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007-2015), мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсус, сардори Шуъбаи ҳуқуқи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. (2016-2019), Сардори Шуъбаи назорати таъминотӣ, сардори Шуъбаи робитаҳои хориҷии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019-2022).Аз соли 2022 то инҷониб Муовини президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба корҳои умуми (иқтисодиёт ва истеҳсолот). (1991-1995) Вакили маҷлиси вакилони халқ дар ҷамоати "Пули сангин"-и шаҳри Норак интихоб гардидааст.Мавсуф муаллифи 4-китоб 1-монография 20-мақолаҳои илмӣ мебошад.Бо Фармонҳои Вазорати молия, Кумитаи назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявй ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои шоиста ва ғани гардонидани буҷаи давлати 11 маротиба мукофотҳои пулию моли қадр карда шудааст, инчунин бо медалҳои зерин мукофотонида шудааст:- «медаль чести 2 степени» Россиян Федерали (2010 Маскав)- «медаль чести 1 степени» Россиян Федерали (2011 Маскав)- медали ҷашни «60-солагии ғалаба дар ҷанги бузурги ватании 1941-1945» (2005)- медали 15 солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013)- медаль за боевое содружество УЭБ и ПК ГУ МВД Росси (2013)- Орден шараф дарачаи 2 (Орден чести 2 степени) Россиян Федерали (2013 Маскав) Оиладор соҳиби 5-писар

    25.05.2021 11:02 

  • Ноиби Президент' Амиршоев Файзулло Сафарович соли 1964 дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Доктори илмҳои биологӣ, дотсент. Донишгоҳи аграрии Точикистонро аз рӯи ихтисоси зоотехния хатм намудааст (с. 1992), доктори илмҳои биологӣ (с. 2012), дотсент (2007).  Аспирантура (с.с. 1994-1997) ва докторантураи (с.с.2009-2012) Институти умумирусиягии чорводории ба номи Л.Н. Эрнсти ш. Подольски Федератсияи Россия) аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» гузаштааст. Ассистент, омӯзгори калон, дотсенти кафедраи зотпарварӣ ва генетикаи чорвои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (с. 1997-2009), мудири кафедраи технологияи коркарди маҳсулоти чорводории Донишгоҳи аграрииТоҷикистон (с.с.2013-2015), декани факултети зооинженерии Донишгоҳи аграрии Точикистон ба номи Ш. Шоҳтемур (с.с. 2013-2015), директори Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ (2015-2020).   Муаллифи 8- китоби дарсӣ, 1- монография, 12 - дастуру тавсияномаҳо, зиёда аз 80 мақолаҳои илмӣ, 1 патент буда, роҳбарии 11 аспирантону унвончӯён ва 4 магистр ва 2 доктор (PНD) -ро ба ӯҳда дошта, 6 магистр рисолаҳои магистрӣ ва 2 – аспирант ҳимояи рисолаи номзадиро дифоъ намуда, 2 – аспирант рисолаҳои номзадии худро тайёр намудаанд.  Соли 2014 барандаи унвони фахрии «Аълочии маориф ва илмӣ Тоҷикистон” гардид. Соли 2018 бо Ифтихорномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Соли 2020 бо Ифтихорномаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон сарфароз гардид. 4 апрели соли 2020 ба вазифаи ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъйин гардид. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

    25.05.2021 10:41 


© 2013 - 2024 Академияи илмҳои кишоварзииТоҷикистон
Нишони: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.
Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04
E-Mail: aikt91@mail.ru