Тақвим
Обу ҳаво
Хазина. Май 2021
- Саркотиби илмӣ'Ниъматов Мирзовалӣ Мирзоалиевич соли 1961 дар деҳаи Ғайратободи шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Номзади илмҳои кишоварзӣ. Соли 1985 Совхоз-техникуми ба номи В.В. Куйбишеви собиқ ноҳияи Коммунистии вилояти Қурғонтеппа-ро (ҳоло хоҷагии ба номи Ф. Саидови ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон) бо ихтисоси агроном, хатм намудааст. Соли 1985 баъди хатми муассисаи мазкур ӯ фаъолияти кориашро дар шуъбаи селексия, генетика ва тухмипарварии ибтидоии пахтаи миёнанахи Институти зироаткории АИКТ, ҳамчун озмоишгари калон оғоз намудааст. Соли 1987 ба факултаи агрономии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шоҳтемур дохил шуда, онро соли 1994 бо ихтисоси агроном-олим хатм намудааст. Соли 1994 дар вазифаи ходими хурди илмӣ, соли 1997 ходими калони илмӣ ва соли 2000 дар вазифаи иҷрокунандаи мудири озмоишгоҳ фаъолият намудааст. Солҳои 1996 ба шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Институти зироаткорӣ дохил шуда, соли 2009 рисолаи намзадиро дар Шӯрои диссертатсионии ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур дифоъ намуд. Соли 2001 ба вазифаи мудири озмоишгоҳи тухмипарварии ибтидоии пахтаи миёнанахи Институти зироаткорӣ таъйин шудааст. Соли 2009 дар вазифаи котиби илмӣ ва соли 2014 ҳамчун сардори шуъбаи илмию созмондиҳии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Соли 2020 ба вазифаи Саркотиби илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъйин карда шуд. Соли 2008 бо дипломи Академия илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ва соли 2018 аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дипломи «Олими беҳтарин» сарфароз гардонида шуд. Соли 2020 вакили Маҷлиси вакилони халқ дар ҷамоати «Сомон»-и шаҳри Ҳисор интихоб гардидааст. Ӯ муаллифи 12 навъҳои пахтаи миёнанах ва зиёда аз 100 корҳои илмӣ, аз ҷумла китоб, тавсиянома, дастуру мақолаҳо мебошад, ки барои пешбурди соҳаи растанипарварӣ, алалхусус дар самти пахтапарварӣ нақши муассир доранд. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
25.05.2021 11:05
- Муовини Президенти АИКТ' Ятимзода Хуршед Мардон. Соли таввалуд 26.02.1964 зодаи шаҳри Душанбе аз хонадони зиёиён. Маълумоташ олӣ номзади илмҳои иқтисодӣ. Солҳои таҳсил дар мактаби миёна 1971- 1981. Хатмкунандаи факултаи баплангирии иқтисодӣ Университети давлатии Тоҷикистон (1987). Соҳиби дипломи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон.Иқтисодчии ташкили илмиии меҳнати корхонаи савдои омехтаи ш. Роғуни Вазорати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1987-1988); сариқтисодчии шуъбаи баплангирии иқтисодӣ, муҳосиби калон, муовини сармуҳосиби корхонаи савдои ш.Норак (1988-1992); муаллими калони кафедраи бахисобгирии муҳосибот ва тахлилй техникуми савдои ш. Душанбе (1992-1993); тафтишотчи, сартафтишотчии Раёсати назорати молиявии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993-2001); сармутахассис, муовини сардори раёсати методология ва таҳлили Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001-2007); сармутахассис, сардори шуъба, муовини сардори Раёсат, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007-2015), мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсус, сардори Шуъбаи ҳуқуқи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. (2016-2019), Сардори Шуъбаи назорати таъминотӣ, сардори Шуъбаи робитаҳои хориҷии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019-2022).Аз соли 2022 то инҷониб Муовини президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба корҳои умуми (иқтисодиёт ва истеҳсолот). (1991-1995) Вакили маҷлиси вакилони халқ дар ҷамоати "Пули сангин"-и шаҳри Норак интихоб гардидааст.Мавсуф муаллифи 4-китоб 1-монография 20-мақолаҳои илмӣ мебошад.Бо Фармонҳои Вазорати молия, Кумитаи назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявй ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои шоиста ва ғани гардонидани буҷаи давлати 11 маротиба мукофотҳои пулию моли қадр карда шудааст, инчунин бо медалҳои зерин мукофотонида шудааст:- «медаль чести 2 степени» Россиян Федерали (2010 Маскав)- «медаль чести 1 степени» Россиян Федерали (2011 Маскав)- медали ҷашни «60-солагии ғалаба дар ҷанги бузурги ватании 1941-1945» (2005)- медали 15 солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013)- медаль за боевое содружество УЭБ и ПК ГУ МВД Росси (2013)- Орден шараф дарачаи 2 (Орден чести 2 степени) Россиян Федерали (2013 Маскав) Оиладор соҳиби 5-писар
25.05.2021 11:02
- Ноиби Президент' Амиршоев Файзулло Сафарович соли 1964 дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Доктори илмҳои биологӣ, дотсент. Донишгоҳи аграрии Точикистонро аз рӯи ихтисоси зоотехния хатм намудааст (с. 1992), доктори илмҳои биологӣ (с. 2012), дотсент (2007). Аспирантура (с.с. 1994-1997) ва докторантураи (с.с.2009-2012) Институти умумирусиягии чорводории ба номи Л.Н. Эрнсти ш. Подольски Федератсияи Россия) аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» гузаштааст. Ассистент, омӯзгори калон, дотсенти кафедраи зотпарварӣ ва генетикаи чорвои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (с. 1997-2009), мудири кафедраи технологияи коркарди маҳсулоти чорводории Донишгоҳи аграрииТоҷикистон (с.с.2013-2015), декани факултети зооинженерии Донишгоҳи аграрии Точикистон ба номи Ш. Шоҳтемур (с.с. 2013-2015), директори Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ (2015-2020). Муаллифи 8- китоби дарсӣ, 1- монография, 12 - дастуру тавсияномаҳо, зиёда аз 80 мақолаҳои илмӣ, 1 патент буда, роҳбарии 11 аспирантону унвончӯён ва 4 магистр ва 2 доктор (PНD) -ро ба ӯҳда дошта, 6 магистр рисолаҳои магистрӣ ва 2 – аспирант ҳимояи рисолаи номзадиро дифоъ намуда, 2 – аспирант рисолаҳои номзадии худро тайёр намудаанд. Соли 2014 барандаи унвони фахрии «Аълочии маориф ва илмӣ Тоҷикистон” гардид. Соли 2018 бо Ифтихорномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Соли 2020 бо Ифтихорномаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон сарфароз гардид. 4 апрели соли 2020 ба вазифаи ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъйин гардид. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
25.05.2021 10:41
- Конфренсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ "Саҳми олимони ҷавон дар рушди илм, иноватсия ва технологияи кишоварзӣ" 21.05.2021 ш. Душанбе' Конференсияи мазкур тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2021, таҳти № 88 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои соҳаи агросаноатии ҷумҳурӣ, олимону мутахассисони муассисаҳои АИКТ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва воситаҳои ахбори омма баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиши илмӣ баррасии дастовардҳои олимони Академия, татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва саҳми олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технологияи кишоварзӣ мебошад. Аз баромади иштирокчиёни конференсия бармеояд, ки олимони соҳаи кишоварзӣ оид ба офаридани навъҳои серҳосили зироатҳо ва зоту ҷинсҳои чорво, такмили технологияи парвариш ва ҳифзи онҳо аз касалиҳо вобаста ба таѓйирёбии иқлим таҳқиқотҳои мақсаднокро иҷро намуда, ба дастоварҳои муайян ноил гардиданд. Аз он ҷумла, дар панҷ соли охир олимони Академия ба Комиссияи давлатӣ 79 навъи зироатҳои кишоварзӣ ва дарахтони мевадиҳандаю ангурро пешниҳод намуданд ва 36 навъи серҳосили онҳо минтақабоб ва технологияи муосири парвариши онҳо коркард шуда, навигариҳои илмии олимон бо 62 патенту 116 шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионерӣ тасдиқ гардиданд. Иштирокчиёни конференсия дар асоси муҳокимаи маводҳои пешниҳодгардида қайд намуданд, ки дар рушди босуботи илми кишоварзӣ, татбиқи дастовардҳо ва технологияҳои инноватсионӣ саҳми олимони ҷавон бештар гардида, дар 5 соли охир ба магистратура, аспирантура ва докторантураи Академия 434 нафар мутахассисони ҷавон қабул карда шуданд. Бо дарназардошти моҳияти масъалаҳои баррасишуда, оид ба рушди илми кишоварзӣ ва бештар намудани саҳми олимони ҷавон дар коркарду татбиқи технологияҳои инноватсионӣ иштирокчиёни конференсия тавсияю таклифҳои зеринро пешниҳод намуданд: - дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳконӣ ва аҳолӣ навъҳои серҳосили зироатҳо ва зоту ҷинсҳои сермаҳсули ватанӣ, технологияҳои инноватсионии парвариши онҳо бештар татбиқ карда шаванд; - олимону мутахассисони соҳа дар татбиқи дастовардҳои илмӣ ва технологияҳои муосир мутобиқ ба таѓйирёбии иқлим ба хоҷагидорон мунтазам кўмаки машваратию амалӣ расонанд; - ҳамасола вобаста ба проблемаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ конференсияю семинарҳо гузаронида, натиҷаи онҳо ба воситаи ахбори омма инъикос карда шаванд; - бо мақсади бешар намудани саҳми олимони ҷавон дар рушди илми кишоварзӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ қабули мутахассисони ҷавони лаёқатманд ба магистратура, аспирантура ва докторантура зиёд карда шавад; - ҳамкории олимони ҷавони Академия бо ҳамтоёни худ аз муассисаҳои илмии ватанию хориҷӣ вусъат дода шавад; - муассисаҳои илмӣ ҷиҳати ҳамгироии илм бо истеҳсолот ва татбиқи бештари дастовардҳои илмии олимон тадбирҳои судманд андешида, ҷавонон ва мутахассисони лаёқатмандро, ки дар хоҷагиҳои кишоварзӣ фаъолият мекунанд, ба корҳои илмӣ ҷалб намоянд; - олимони ҷавон натиҷаҳои навгонии конференсияи мазкурро дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, новобаста аз шакли моликияташон, таблиѓу ташвиқ намуда, ҷиҳати татбиқи онҳо ёрии машваратию амалӣ расонанд; - -- маводи нашршудаи конференсияи мазкур ба китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ, вазорату кумитаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои илмӣ дастрас карда шавад.
22.05.2021 12:48
- Президенти АИКТ' САЛИМЗОДА Амонулло Файзулло Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Соли таваллуд 30 майи соли 1967 Ҷои таваллуд н. Данғара, вилояти Хатлон Миллат тоҷик Таҳсилот олӣДонишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (рӯзона); соли 1991 ва соли 2006 ДАТ-ро (ғоибона) хатм кардааст Ихтисос агрономӣ; ҳисоби бухгалтерӣ ва аудит Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ Унвони илмӣ профессорВакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти ХатлонБо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не Ифтихорномаи Вазорати маорифи ҶТ (2009), аълочии маорифи Тоҷикистон (2007), дипломи мутахассиси беҳтарини сол дар соҳаи маориф (2008), медали ҷашни«20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011), ордени «Шараф» дараҷаи II (2022)*Вазъи оилавӣ оиладор *Кор ва фаъолияти собиқа: Солҳои 1984 – 1985 Донишҷӯи ДХҚТ ш. Душанбе Солҳои 1985 – 1987 Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ Солҳои 1987 – 1991 Донишҷӯи ДХҚТ ш. Душанбе Солҳои 1991 – 1993 Лаборанти калони Институти илмӣ-тадқиқотии биотехнологияи ДАТ Солҳои 1993 – 1996 Ассистенти кафедраи «Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ»-и ДАТ ш. Душанбе Солҳои 1996 – 1999 Аспиранти кафедраи «Физиологияи наботот ва биотехнологияи кишоварзӣ»-и ДАТ ш. Душанбе Солҳои 1997 – 2001 Ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи «Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ» ва ҷонишини декани факултети агробизнеси ДАТ ш. Душанбе Солҳои 2001 – 2004 Ёрдамчии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Солҳои 2004 – 2009 Ноиби ректор оид ба таҳсили ғоибонаи ДАТ ш. Душанбе Солҳои 2009 – 2013 Ноиби ректор оид ба таълими ДАТ ш. Душанбе Солҳои 2013 -2020 Январи соли 2020 то ноябри соли 2020 Ноябри соли 2020 то январи соли 2024 Аз 29 январи соли 2024 Ректори ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур ш. Душанбе Вазири кишоварзии Тоҷикистон Муовини якуми раиси вилояти Хатлон Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
20.05.2021 08:45
- СТАНСИЯҲО'Стансияи таҷрибавии Панҷакенти Институти зироаткорӣ Стансияи минтақавии таҷрибавии кишоварзии Данғараи Институти зироаткорӣ Стансияи таҷрибавии Файзободи Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ Стансияи таҷрибавии зироатҳои субтропикӣ ва ситрусии Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Суғди Институти хокшиносӣ ва агрохимия Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Вахши Институти хокшиносӣ ва агрохимия
19.05.2021 15:45
- МАРКАЗҲО' Марказҳо Маркази миллии захираҳои генетикӣ Маркази илмии технологияҳои инноватсионӣ ва механиконии кишоварзӣ Маркази ҷумҳуриявии илмию таҳқиқотии пиллапарварӣ Маркази илмии кишоварзии Помир Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорвои Институти чорводорӣ ва чарогоҳ
07.05.2021 10:23
- ПОЙГОҲҲО'Пойгоҳи Суғдиёни Институти зироаткорӣ Пойгоҳи Лахши Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ Пойгоҳи Ашти Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ Пойгоҳи Исфараи Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ Пойгоҳи Сомғори Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ Пойгоҳи Хуросони Институти хокшиносӣ ва агрохимия Пойгоҳи минтақавии таҷрибавӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури Институти хокшиносӣ ва агрохимия Пойгоҳи таҷрибавии Навбаҳор дар шаҳри Душанбеи Маркази ҷумҳуриявии илмию таҳқиқотии пиллапарварӣ Пойгоҳи таҷрибавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Маркази ҷумҳуриявии илмию таҳқиқотии пиллапарварӣ
07.05.2021 10:15
© 2013 - 2024 Академияи илмҳои кишоварзииТоҷикистон
Нишони: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.
Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04
E-Mail: aikt91@mail.ru
Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04
E-Mail: aikt91@mail.ru