Тақвим

<< < Ноябр 2023 > >>
С Ч П Ҷ Ш Я Д
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Обу ҳаво

Меҳмонони сомона

Flag Counter

Хазина. 20 Май 2015

  • ТАМОС'   Нишони: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04E-Mail: aikt91@mail.ru  

    20.05.2015 16:20 

  • ЭЪЛОНҲО'  Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон қабули хуҷҷатҳоро барои таҳсил дар зинаи магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисос PhD дар соли таҳсили 2023-2024 аз рӯи ихтисосҳои зерин эълон менамояд: № Рамзи ихтисос Номгӯи ихтисосҳои магистратура Буҷавӣ Шарт-номавӣ 1 1-740202 Селексия ва тухмипарварӣ 5 2 2 1-740203 Ҳифзи растаниҳо ва карантин 5 2 3 1-740201 Агрономӣ 8 2 4 1-740601 Таъминоти техникии равандҳои саноати хоҷагии деҳот 8 2 5 1-74030107 Занбури асалпарварӣ 4 2 6 1-740301 Зоотехния, комплекси агросаноатӣ 5 3 7 1-740303 Саноати моҳипарварӣ             4 2 8 1-74030103 Парандапарварӣ 4 2 9 1-740602 Таъминоти техникии равандҳои нигоҳдории коркарди маҳсулоти кишоварзӣ 8 2 10 1-74030107 Пиллапарварӣ 4 2 11 1-740204 Меваю сабзавотпарварӣ 8 2 12 1-740205 Агрокимиё ва хокшиносӣ 8 2 13 1-740501 Мелиоратсия ва хоҷагии об 8 2 14 1-740302 Тибби ҳайвонот 8 2 15 1-25010715 Иқтисодиёт ва идора дар комплекси агросаноатӣ 8 2 16 1-250107 Иқтисодиёт ва идора дар корхона 8 2 17 1-26020309 Маркетинг дар комплекси агросаноатӣ 8 2 18 1-250104-05 Молия дар комплекси агросаноатӣ 8 2 19 1-250108 Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит 8 2 20 1-290101 Технологияи коркард ва нигоҳдории меваю сабзавот 5 2 № Рамзи ихтисос Номгӯи ихтисосҳои докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) Буҷавӣ Шарт номавӣ 1 6D080600 Техникаи аграрӣ ва технология 4 2 2 6D080101 Зироаткории умумӣ, растанипарварӣ 4 3 3 6D080100 Кишоварзӣ (Агрономӣ) 5 2 4 6D080103 Селексия ва тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ 4 2 5 6D080604 Технологияи хизматрасонии техникӣ дар кишоварзӣ 4 2 6 6D081101 Ҳимояи наботот 4 2 7 6D120106 Зотпарварӣ, селексия ва генетикаи чорвои хоҷагии қишлоқ 4 2 8 6D072700 Технологияи маҳсулоти озуқа 5 2 9 6D080201 Зоотехнияи ҷузъӣ, технологияи маҳсулоти чорво 4 3 10 6D080601 Истеҳсоли хурока, хуронидани ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ ва технологияи хурока 4 3 11 6D080900 Меваю сабзавотпарварӣ 4 2 12 6D080901 Боғдорӣ, токпарварӣ 4 2 13 6D080800 Агрокимиё ва хокшиносӣ 4 2 14 6D081001 Мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин 4 3 15 6D120100 Тибби байторӣ 5 2 16 6D060700 Биология 5 2 17 6D051301 Иқтисодиёти ҷаҳон 4 3 18 6D050601 Назарияи иқтисодӣ 4 3 19 6D050602 Иқтисодиёти минтақа 4 3 20 6D050604 Бехатарии иқтисодӣ 4 3 21 6D050603 Нархгузорӣ 3 2 22 6D051901 Иқтисодиёти меҳнат 4 3 23 6D050701 Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ 5 2 24 6D050600 Иқтисодиёт 5 2 25 6D050700 Менеҷмент 4 1 26 6D050800 Баҳисобгирӣ ва аудит 5 2 27 6D050900 Молия 5 2 28 6D051100 Маркетинг 3 2 29 6D051700 Менеҷменти инноватсионӣ 4 1 30 6D051900 Ташкил ва бамеъёргирии меҳнат 3 2 31 6D072700 - Технологияи коркард ва нигоҳдории меваю сабзавот 4 2 Шартҳои қабул ба магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) Ба зинаи магистратура шахсони баъд аз хатми бакалаврият аз рӯи ихтисосҳояшон қабул карда мешаванд. Ба зинаи докторантура аз рӯйи ихтисос PhD шахсони синнашон то 35-сола, дорои дараҷаи магистр қабул карда мешаванд. Мутахассисони ҷавон барои иштирок дар имтиҳонҳои озмунӣ ба докторантура аз рӯйи ихтисос PhD бевосита пас аз хатми муассисаи таҳсилоти олӣ, дар сурати мавҷуд будани тавсияи шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олӣ (факулта) иҷозат дода мешаванд. Мӯҳлати таҳсил дар магистратура – 2 сол ва дар докторантура аз рӯйи ихтисос PhD – 3 сол муқаррар шудааст. Барои қабул ба магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос PhD ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: 1.Ариза бобати қабул ба магистратура ё докторантура PhD ба номи Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо нишондодҳои ихтихобнамуда; 2.Варақаи шахсӣ ва расми андозааш 3х4 (4 дона); 3.Тарҷумаи ҳол; 4.Тавсифнома аз ҷойи таҳсил ё кор; 5.Рӯйхати асарҳои чопшуда, ихтироот ва гузоришҳо оид ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ (шахсоне, ки асарҳои чопшуда ва ихтироот надоранд, аз рӯи ихтисоси интихобшудаашон маърӯзаи илмӣ (реферат) пешниҳод менамоянд; 6.Нусха аз протоколи ҷаласаи шӯрои олимон барои шахсоне, ки ба докторантура PhD аз тарафи шӯроҳои олимони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ бевосита пас аз хатми ин муассисаҳо тавсия шудаанд; 7.Нусхаи диплом бо замимаи варақаи баҳоҳои санҷишии имтиҳонҳо (барои шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии қасбии кишварҳои дигарро хатм намудаанд, шаҳодатномаи баробарарзиши ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилот); 8.Нусхаи шиноснома; 9.Дафтарчаи меҳнатӣ (барои докторантура PhD); 10.Маълумотнома дар бораи саломатӣ (шакли 038);          Довталабон ба магистратура дар назди комиссия ба таври сӯҳбат қабул гардида, ба докторантура PhD имтиҳонҳоро ба тариқи озмун аз фанҳои зерин месупоранд:   - фанни ихтисосӣ; - забони хориҷие, ки ба докторант (PhD) барои иҷрои рисолаи диссертатсионӣ зарур аст; - таърих ва фалсафаи илм. Қабули ҳуҷҷатҳо аз то 20 сентябр соли 2023. Қабули имтиҳоноти дохилшавӣ аз 20 сентябр соли 2023 оғоз мегардад. Барои дарёфти маълумоти иловагӣ ба шуъбаи илм, таълим ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ муроҷиат намоед. Нишонӣ: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдаки 21а, телефон: 223-18-32, 227-13-32.      

    20.05.2015 16:19 

  • Ахбори илми кишоварзӣ'    Рӯзи 9 январи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, маҷлиси умумии солонаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон доир ба натиҷаи фаъолияти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, сармутахассиси Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салим Салимзода, Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фазлиддин Икромӣ ва Зайнуддин Сафарзода, Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Усмон Маҳмадёрзода, роҳбарон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва зерташкилотҳои он, аспирантон, докторантон ва магистрантон, инчунин намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор ва ВАО иштирок доштанд. Нахуст президенти АИКТ Нуралӣ Асозода аз натиҷаи фаъолияти солонаи муассисаҳои илмии Академия гузориш дода, вазифаҳо барои соли 2024-ро муайян ва мушаххас намуд. Сипас, дар баррасии масъалаҳо вазири кишоварзӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президент, аъзоёни академия фаъолияти АИКТ-ро мусбат арзёбӣ намуда, барои беҳтар намудани корҳои муассисаҳои илмӣ дар тули соли равон таклифу пешниҳодҳо ироа доштанд. Дар фарҷом барои дастовардҳо дар рушди илми кишоварзӣ, омода намудани кадрҳои илмӣ, нашри асару мақолаҳо, татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот, инчунин барои заҳматҳои арзишманд ва гузоштани саҳм дар корҳои ҷамъиятию ободонӣ дар соли 2023, олимону мутахассисони муассисаҳои илмӣ аз ҷониби Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи марказии иттифоқҳои касабаи КАС мустақили Тоҷикистон бо 9-диплом, 26-ифтихорнома ва 4-сипоснома қадрдонӣ шуданд.        Санаи 05 10 2023 дар толори маҷлисгоҳи АИКТ, маҷлиси васеи Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур фаъолияти муассисаҳои илмии АИКТ дар 9-моҳи соли 2023 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар кори ҷаласа вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икромӣ Фазлиддин, намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои дахлдор ва ВАО иштирок намуданд.           Суратгузориш аз рафти конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи: "Самаранокии парвариши чорвою паранда ва нақши тибби ветеринарӣ дар таъмини амнияти азуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо ташабуси Институти тибби ветеринарии АИКТ.    29-май 2023     Гўсфандони зоти њисорї-моликият ва ифтихори мардуми Тољикистон!   Гўсфандони зоти њисорї таърих ва пайдоиши ќадимї дошта, аз назари аҳамият ба зоти фарҳанги муосир мутааллиқ буда, дорои мањсулнокии махсуси гўшту равѓани зиёд мебошанд.          Гўсфандони зоти њисорї дар давраи асрњои XII –XIII бо зањмати чорводорон ва халќи Тољикистон ба вуљуд оварда шудааст.          Номи худро гўсфандони зоти њисорї аз рўи минтаќаи парваришаш, яъне водии “Њисор” –и Тољикистон гирифтааст. Њануз дар соли 1298 сайёњи машњур Марко Полло зоти гўсфандони њисориро дар ќаламрави њамин мавзеъ вохўрда, таасуроти худро оид ба ин гўсфандон дар китоби худ чунин ќайд намудааст: «Гўсфанд аз рўи љусса ба монанди (хар)маркаб, дорои думбаи ѓафсу калон бо вазни 30 фунт. Гўсфандони фарбењи равѓанї, дорои гўшти хушмазза ».   Гӯсфанди зоти ҳисорӣ фахри миллати тоҷик ва чеҳраи гӯсфандони думбадори ҳамаи дунё.          Қобили ёдоварист, ки соли 1912 гўсфандони зоти њисорї дар намоишгоњи дастовардҳои хоҷагии халқи Россияи подшоњї дар шаҳри Москва аз љониби бекигарии њамондавраи Њисор пешнињод ва ба намоиш гузошта шуда, ба онњо барои андозаи калон ва вазни бадани бузургашон бањои баланд дода шудааст.          Лозим ба зикр аст, ки бори аввал гўсфандони зоти њисорї солњои 1916 – 1928 аз љониби олимон Н.П.Червинский ва В.Б.Елагин шарњу тавсифи илмї дода шудаанд, вале ба таври муфассал онњо солњои 1927-1928 дар Тољикистон аз љониби экспедитсияи Институти зоотехникии Москва омўхта шуда буданд. Натиљаи корњои экспедитсия аз љониби С.Г. Азаров. соли 1928 дар монографияи «Гўсфандони њисорї» ва соли 1930 дар китоби «Гўсфандпарварї дар Тољикистон», дар ќисми «Гўсфандони њисорї» (муаллифон Азаров С.Г. ва Бригис О.И.) зикр шудаанд.          Баъдан оид ба гўсфандони зоти њисорї М. А. Ермеков., С.Г. Давыдов., П.Ф. Кияткин., (1935,1352,1968) Л.П. Бутиков (1975) ва дигарон фикру аќидањои худро баён доштанд.          Дар оѓози монографияи «Гўсфандони њисорї», ки аз љониби С.Г. Азаров соли 1928 тибқи маълумотњои экспедитсияи Институти зоотехникии шањри Москав, тањти роњбарии олимони машњур, профессорон М.Ф. Иванов ва П. Н. Кулешов амалї гардид, дар ҳоли ҳозир ин зоти нодири гўсфандон бисёр арзишманд аст. Дар давоми фаъолияти экспедитсияи мазкур 30 њазор сар гўсфандони њисорї мавриди омўзиш ва бањодињї ќарор дода шуда, аз онњо 616 сар ба таври индивидуалї омўхта шуданд. Вазни зиндаи ќўшќорњои калон 115-130 кг–ро ташкил медод. Лекин дар давоми фаъолияти экпедитсия олимони институт 3 сар ќўшќорро дарёфтанд, ки вазни зиндаи онњо 196 кг-ро ташкил медод.   Қучқорҳои наслдеҳи зоти ҳисорӣ Бояд ёдовар шуд, ки дар самти такмил додани хусусиятњои ирсию мањсулнокии гўсфандони зоти њисорї олимони шуъбаи селексия ва технологияи гўсфандпарварии Институти илмию тањќиќотии чорводории Тољикистон, ки соли 1931 ба унвони аввалин стансияи илмию таљрибавӣ дар ҷумҳурӣ дар соҳаи чорводорӣ таъсис ёфт ва ин тадқиқот ба таври ҳадафмандона то кунун идома дорад. Дар айни замон саршумори гўсфандони зоти њисорї дар Тољикистон беш аз 1,7 млн. сарро ташкил медиҳад. Барои парвариши он дар кишвар ҳафт корхона ва хољагињои зотпарварї машѓуланд. Бо шарофати вазни зиндаи калонтарин дар арсаи љањон минтаќаи парваришу афзоишдињии гўсфандони зоти њисорї ба Тоҷикистон маҳдуд намешавад. Тайи солњои гуногун аз Тоҷикистон ба љумњурињои Ўзбекистон, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, инчунин ба Федератсияи Руссия, Украина ва Белорус интиќол дода шуда, то ба имрӯз бо муваффақият парвариш меёбанд.      Саршумори бењтарини гўсфандони зоти њисорї дар корхонањои зотпарварии «Њисор»-и ноњияи Фархор, КВД «Зотпарвар»-и Њисор ва Шањринав, кооперативи истењсолии «Сомонљон»-и ноњияи Данѓара, кооперативи истењсолии «Дилшод-Б»-и ноњияи Варзоб ва дигар хољагињои кишвар парвариш карда мешаванд Ин хољагињо дар парвариш ва афзоишдињии гўсфандони хушзоту сермањсул наќши асосї доранд. Мисол, дар натиљаи тањќиќоти илмии бисёрсола дар њамкорї бо хољагидорон дар заводи зотпарварии «Њисор»-и ноњияи Фархор типи нави «Фархорї»-и ин зот офарида шудааст. Типи мазкур соли 1989 аз љониби Кумитаи давлатї оид ба корњои ихтироот ва кашфиёти Иттињоди љумњурињои шўравии сотсиалистї (собиќ СССР) дар Фењристи давлатии дастовардњои селексонї ба ќайд гирифта шуда, ба олимони Тољикистон шањодатномаи муаллифї дода шудааст.   Рамаи гӯсфандони зоти ҳисорӣ дар чарогоҳи зимистона          Дар фармони Кумитаи давлатии агросаноатии Иттињоди љумњурињои шўравии сотсиалистї (собиќ СССР) аз 02.08.1989, тањти № 58-ПК-2 «Оид ба типи (хели) нави заводии гўсфандони зоти њисорї» дарљ шудааст, ки гўсфандони типи нави заводї љуссаи бузург дошта, вазни зиндаи ќўшќорњои наслдењ ба њисоби миёна 135-140 кг, мешњо 85-90 кг, баррањои нарина ва модина дар ваќти аз модар људокунї дар синни 3,5-4 моњагї, мутаносибан 40-43 ва 35-39 кг, дар 1,5 солагї 85-72 кг – ро ташкил медињад. Ба њар сар меш ба њисоби миёна дар рамма то 50 кг – гўшт бо вазни зинда истењсол шуда, вазнафзункунии шабонарўзии баррањо њангоми парвариши интенсивї то 227 грамм мерасад.          Дар айни замон дар ду хољагии зотпарварии Љумњурии Тољикистон аз тарафи олимони Академияии илмњои љумњурии Тољикистон ва мутахассисони хољагињои зотпарварї корњои илмию селексионї оид ба офаридани типи нави заводї, бо номи «Шањринавї» ба анљом расонида шуд. Соли 2022 аз тарафи комиссияи давлатии апробатсионї ин типи (хел) нави гўсфандони зоти њисорї мусбат баҳогузорї карда шуда, барои тасдиқи расмии давлатї ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.        Саршумори селексионии типи офаридашуда бо нишондињандањои зерини мањсулнокї шарњ дода мешаванд: вазни зиндаи ќўшќорњои наслдењ 135-145 кг, дар бењтаринњо то 175 кг, мешњо-85-90 кг, дар бењтаринњо то 135 кг. Гўсфандони типи мазкур дар баробари вазни зиндаи баланд, инчунин дорои мањсулнокии пашм низ мебошанд.   Қушқорҳои наслдеҳи типи “Шаҳринави”-и зоти гӯсфандони ҳисорӣ дар чарогоҳи зимистона          Наќши гўсфандони зоти њисорї дар такмилдињии мањсулнокии гўсфандони зоти думбадор ва офаридани зотњои нав дар љумњурињои Осиёи Миёна ва Ќазокистон хеле бузург мебошад. Масалан, бо истифодабарии гўсфандони зоти њисорї дар Тољикиситон зоти гўсфандони тољикии сергўшту равѓан ва серпашми тољикї, дар Ќазоќистон зотњои думбадори «ордабасинї», ниммањинпашми «актюбинї», дар Қирғизистон зоти айколӣ ва думбадори маҳинпашм дар Ўзбекистон, зоти сергўшту равѓан ва серпашми «устюртї», инчунин зотњои думбадори «келесї» ва «андиљонї» офарида шудаанд. Ин корњо њоло низ идома доранд.          Мактаби илмии гўсфандпарварони Тољикистон дар ҳудуди минтаќа њанўз аз соли 1947 рањнамо ва пешбари ин соњаи муњим ба њисоб меравад. Тавассути заҳмати тўлонии олимон ва тањќиќоти илмии Љумњурии Тољикистон зиёда аз 30 адад рисолањои докторию номзадї дифоъ гардидаанд. Аз љумлаи онњо, докторони илм, профессорон: Лебедев И.Г., Форсихонов С.И., Њайитов А.Њ., Рањимов Ш.Т., Љўраева У.Ш., номзадњои илм: Осипов В. А., Бобоев А., Орифов О., Гусейнов А.М., Сафаралиев Ѓ., Отаева М., Икромов Ф.М., Бобокалонов И.И., Раљабов Н.А., Олимов А., Давлатов Х.Ќ., Турдиќулов Т. ва дигарон.         Бо назардошти ин масъала ёдовар мешавем, ки гӯсфанди зоти ҳисорӣ сарвати миллӣ ва ифтихори мардуми тоҷик аст, ки бо меҳнати чандинсолаи чанд насли олимони соҳаи чорводории Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст.          Дар ин робита мехоњем таваҷҷуҳи олимону мутахассисон ва фермерони баъзе љумњурињои њамсояро бо чунин пешнињод ҷалб намоем: - мо ба мењнати олимону мутахассисон ва фермерони давлатњои њамсоя доир ба истифодабарии зоти гўсфандони њисорї дар такмилдињии зотњои мављуда ва офаридани љинсу зотњои нави гўсфандон эњтиром мегузорем!          - дар оянда васеъ намудани минтаќаи парваришу афзоишдињии гўсфандони зоти њисориро пуштибонӣ менамоем.            - қайд кардан ба маврид аст, ки ќўшќорњои наслдењи зоти њисорї дар бењтар кардани хусусиятњои мањсулнокии гўшти гўсфандони зотњои гўштии кишварњои њамсоя, аз љумла Ќазоќистон, Ќирѓизистон ва Ўзбекистон бевосита истифода бурда шудаанд.        - омода њастем оид ба масъалањои рўзмарраи соњаи чорводорї симпозиуму семинарњо ва конфронсњои илмии байналмилаллї ва минтаќавї доир намоем.          Дар робита ба ин, мо аз олимону мутахассисон ва фермерони љумњурињои њамсоя, инчунин аз њаммаи он нафароне, ки ба парвариши гўсфандони зоти њисорї машѓуланд, эњтиромона даъват менамоем, ки минбаъд дастовардњои олимону мутахассисони якдигарро эътироф намуда, номи зотњоро, ки ба ин ва ё он љумњурї тааллуќ доранд, таѓйир надињанд. Масалан, мо дар шабакаи интернетї дар бораи зоти нави гўсфандон бо номи «Арашан», ки дар Љумњурии Ќирѓизистон ба вуљуд овардаанд, хонда ба њайрат омадем. Аз рўи адолат мебуд, ки ин гўсфандонро «типи арашанї» - и гўсфандони зоти њисорї дар Ќирѓизистон номгузорї намуда, сохтори генетикии онро нишон медоданд. Дар баробари ин, мо дар ин навори интернетї ягон нафар аз олимону мутахассисони соњаи гўсфандпарварии Љумњурии Ќирѓизистонро надидем.          Бинобар ин мо, аз ташкилотњои босалоњият ва шахсони масъули давлатњои њамсоя ва Иттињоди давлатњои мустаќил даъват менамоем, ки њангоми тасдиќи дастовардњои селексонї дар соњаи чорводорї бо њамдигар мубодилаи иттилоотї намоянд.                     Бо эњтиром, олимони гўсфандпарвари Тољикистон:                   Рањимов Ш.Т., Икромов Ф.М.,                                                                        Раљабов Н.А., Наботов С.Қ.,                                                                      Давлатов Х.Ќ., Бобокалонов И.И.,                                                                        Отаева М.           Санаи 14 04 2023 бахшида ба рӯзи "Илми Тоҷик" Дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мизи мудаввар бо иштироки устодон ва роҳбарони муассисаҳои зертобеи АИКТ гузаронида шуд.                      Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва иштироки Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар ин ҷашни миллӣ.       Тамошои дастаҷамъонаи ҳайати кормандони АИКТ аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23.12.2022    Саҳифаи мо дар сомонаи Фейсбук обуна шавед то аз хабарҳои илмию амалии АИКТ бо хабар бошед.                                          Таснифоти зоти маҳинпашми тоҷикӣ       Парвариши гӯсфандони маҳинпашми тоҷикӣ дар шароити Тоҷикистон дар баъзе хоҷагиҳои ноҳияҳои кӯҳистон ба роҳ монда шудааст. Гӯсфандони маҳинпашми тоҷикӣ гурӯҳи зотие мебошад, ки дар натиҷаи фаъолияти чандинсолаи илмию таҳқиқотии олимон ва мутахассисон, аз ҷумла Иванцов В.Т., Моршинин М., Файзуллоев Қ.Ф., Гусейнов А.М., Кузьмина Е.Ф., Асоев М. таҳти роҳбарии профессор И.Г.Лебедев, дар як қатор хоҷагиҳои гӯсфандпарварӣ бо роҳи ҷуфтикунии мураккаби гӯсфандони дағалпашму каммаҳсули дарвозӣ бо қӯшқорони зоти маҳинпашми аз дигар давлатҳои ҳамсоя ворид кардашуда бунёд гардида, баъдан  аз ҷониби олимон Гусенов А., Икромов Ф., Давлатов Х, Наботов С. ва дигарон ин гурӯҳи зотӣ такмил дода шудааст.Гӯсфандони маҳинпашми тоҷикӣ, дар ноҳияҳои баландкӯҳи ноҳияҳои наздикӯҳии вилояти Хатлон (Темурмалик, Муминобод, Ҳамадонӣ ва Восеъ), хоҷагиҳои кӯҳсор ва баландкӯҳи Рашт (ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш), дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Ишкошим), водиҳои нимбиёбони иқлимашон хело хушк ва доманакуҳҳои вилояти Суғд (ноҳияҳои Мастчоҳ ва  Хуҷанд) ноҳиябандӣ шудаанд.     Афзоиши саршумори гӯсфандони маҳинпашм, беҳтар гардидани маҳсулнокии онҳо имкон медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ дар баробари истеҳсоли гӯшти аз лиҳози экологӣ тоза, инчунин истеҳсол ва фурӯши давлатии пашми маҳини баландсифат ба роҳ монда шавад.    Мақсади таҳқиқот –ҳифзу нигоҳдошти генофонд, баланд бардоштани маҳсулнокии пашми ин гӯсфандон, тавассути селексия доир ба зиёд намудани зичии пашм, дарозӣ ва баромади нахи тоза, баробарсозии пашм аз рӯи дарозӣ ва маҳинии нахҳо, инчунин мувофиқгардонии рамаҳо аз рӯи аломатҳои намуди беруна ва маҳсулнокӣ, вусъатбахшии таҳқиқотҳо оид ба офаридан ва пешниҳоди зоти маҳинпашми тоҷикӣ барои тасдиқи расмӣ мебошад.Пашмашон маҳин, сафед, якҷинса, бо дарозии камволӣ, асосан сифати 64-ум бо хосиятҳои мӯътадили технологӣ тавсиф меёбад. Тароши пашм дар мешҳо 4 кг, қӯшқорҳо 7 кг, баъзан то ба 8 ва 10,5 кг мерасад. Баромади нахи соф 50-52%-ро ташкил медиҳад. Насловарӣ 120-125 барра ба 100 сар меш мебошад.Корҳои илмию таҳқиқотӣ ва селексионӣ дар се хоҷагиҳои зотпарвар – хоҷагиҳои ҷамоавии зотпарварии «Кангурт» ва «Оличабулоқ»-и ноҳияи Темурмалик, Кооперативи истеҳсолии “Бахт-82”-и ноҳияи Восеъ гузаронида шудааст. Мавҷуд будани се намуд ё шакли конститутсионӣ дар байни гӯсфандони гурӯҳи маҳинпашми тоҷикӣ, барои иҷрои  корҳои  селексионӣ-хушзоткунӣ аҳамияти муҳим дорад: С+ гӯсфандони пӯсти баданашон бисёрчиндор- серпашм; С- гӯсфандони пӯсти баданашон камчиндор- самти гӯштӣ;С гӯсфандони пӯсти баданашон миёначиндор- пашму гӯштӣ; Дар дохили се намудҳои дар боло қайдшуда, ки тӯли солҳои зиёд дар натиҷаи корҳои селексионӣ-зотпарварӣ ташаккул ёфтаанд, инчунин панҷ авлоди (линия) гӯсфандони маҳинпашми тоҷикӣ офарида шудаанд:авлоди (линия) якум – дорои сифатҳои хуби гӯштӣ (бузургҷусса);авлоди дуюм – дорои сифатҳои хуби пашмнокӣ;авлоди сеюм – дорои сифатҳои хуби гӯшту- пашм;авлоди чаҳорум – дорои сифатҳои хуби дарозпашмӣ;авлоди панҷум – дорои сифатҳои хуби зичпашмӣ.Олимони Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ (Файзуллоев Қ. Ф., Гусейнов А.М., Икромов Ф.М., Давлатов Х.Қ., Раҳимов Ш.Т., Наботов С.Қ., ва ходими илмӣ Талбаков М. ) минбаъд дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди соҳаи гӯсфандпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16- марти соли 1999 таҳти № 98 корҳои селексиониро идома дода, дар марҳилаҳои солҳои 2001-2005, 2006-2010, 2011-2015, 2016-2020 тавассути тартиб додани нақшаи интихоб ва хостагирӣ барои ташкил кардани рамаҳои селексионӣ ва такрористеҳсолкунӣ, таҳқиқотҳо оид ба муайян кардани таркиби хун, пӯст, пашм, таркиби химиявии гӯшт ва равған, таркиби морфологии танаи забҳшудаи чорво, таркиби ғизоии гӯшт, инчунин муайян намудани маҳсулнокии гушту пашм гузаронида шудааст.       Бо ташаббуси бевоситаи олимони Институти чорводорӣ ва чарогоҳ  дар таърихи 25 сентябри соли 2009 семинари минтақавӣ оид ба рушди соҳаи гӯсфандпарварӣ дар Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмию минтақавӣ “ Рушди гӯсфандони маҳинпашми дарвозӣ” дар санаи 14 октябри соли 2013 дар ноҳияи Темурмалик ва дар санаи 15 майи соли 2014  семинари ҷумҳуриявӣ “ Рушд додани гӯсфандпарварӣ дар Тоҷикистон”, 20 ноябри соли 2020 семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Дастовардҳои селексионӣ дар самти гӯсфандони маҳинпашми тоҷикӣ” доир гардидааст.        Аз тарафи олимони соҳа 3 монография оид ба рушди соҳаи гӯсфандпарварӣ «История создание горнодарвазких (Памирских) тонкорунных овец Таджикистана»  соли 2016 ( муалифон Икромов Ф.М., Файзуллоев Қ., Гусейнов А.М.) дастури методӣ доир ба мавзӯи “Талаботҳои зоотехникӣ оид ба баҳодиҳии гӯсфандон” (Стандарт) таҳия шудааст. Зиёда аз 230 мақолаҳои илмӣ ба чоп расида, ба воситаи садо ва симо олимон мунтазам баромадҳо намудаанд. Доир ба ин масъала 1 нафар рисолаи докторӣ, 3 нафар рисолаи номзадиро ҳимоя намудаааст. Бо қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2022 таҳти № 4/2 зоти маҳинпашми тоҷики тасдиқ  карда шудааст.                                                 Зоти говҳои алои тоҷикӣ   Дар натиҷаи таҳқиқотҳои бисёрсолаи шуъбаи селексия ва технологияи чорвои ширии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ, бо усули истифода бурдани ҷуфтикунонии зотрӯёнӣ бо иштироки генофонди се зот: сиёҳало, ҳолландӣ ва голштинӣ офарида шудааст. Ширдӯшии подаҳои селексионӣ ба ҳисоби миёна 5406 кг шир, равғаннокии 3,85% ва равғани шир 208,4 кг-ро ташкил медиҳад, ки ин аз ҳисоби миёнаи пода 1000 кг ва аз стандарти класи якум 1500 кг зиёд аст. Зоти алои тоҷикии чорвои калони шохдор дар хоҷагиҳои зотпарварии ҷамъиятию саҳҳомии «Баракат», А. Юсуфов ва Л. Муродови шаҳри Ҳисор, А.Ҷумъаев, Навгилем, Бобо Мақсуд, Палосс, хоҷагии деҳқонии Б. Ғафуров, хоҷагии деҳқонии Ҷаббор Расулов, МҶБЧ Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ бо саршумори 2760 сар парвариш ёфта истодаанд.Бо қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2022 таҳти № 4/2 зоти алои  тоҷики тасдиқ  карда шудааст. Бо истифода аз буққаҳои зоти голландӣ (1970-1985) дар вилояти Суғд ташкили авлодҳои бениҳоят сермаҳсули буққаҳои Сама-Виске, Бант, Луурика ва Неэроро ба роҳ монданд. Аз писарон, набераҳо, абераҳо ва чабераҳои ин буққаҳо то солҳои -1980 ба таври васеъ дар тамоми хоҷагиҳои вилоят истифода бурда шуд. Дар тамоми хоҷагиҳои  вилоят зиёда аз 54 оилаҳои сермаҳсул ташкил карда шуданд. Модаговҳои ин оилаҳо аз рӯи маҳсулнокиашон, равғаннокиашон, вазни зинда, намуда беруна ва шакли синаашон аз дигарҳо фарқ мекарданд.     Баъд аз солҳои 80-ум дар тамоми ҷаҳон дар корҳои зотпарварӣ бо зоти сиёҳало аз буққаҳои зоти голштинӣ истифода мебурдагӣ шуданд. Имрӯз ин зот яке аз зотҳои сермаҳсултарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ватани аслии ин зот Голландия мебошад. Баъдтар дар ИМА ва Канада васеъ паҳн шуд. Давлати Исроил аз ин зот аз як сар модагов то 13,5-14,0 ҳазор кг шир медӯшад. Давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон, ки чорводорӣ тараққӣ кардааст ба монанди Амрико, Канада, Голландия, Франсия, Япония аз ин зот самарабахш истифода мебаранд ва аз як сар модагов аз 7000 то 9000 кг шир медӯшанд.Ба ҷумҳурии мо низ буққаҳо ва нутфаи ин зотро аз солҳои 1980 сар карда ворид намуданд. Мақсади асосӣ баланд бардоштани маҳсулнокии ширӣ, беҳтар намудани сохти бадан, шакли сина ва дар як вақт нигоҳ доштани равғаннокӣ буд.    Дар байни подаи зоти сиёҳало имрӯз ҳайвоноти гуногунхун парвариш карда мешаванд. Исбот карда шудааст, ки бо зиёд шудани хуни голштинӣ то як дараҷаи муайян маҳсулнокӣ боло меравад. Тадқиқотҳо муайян намуданд, ки истифода бурдани буққаҳои зоти голштинӣ маҳсулнокии зоти сиёҳалоро аз 500 то 1000 кг зиёд менамояд. Аз солҳои 1985 сар карда дар тамоми хоҷагиҳои вилоят ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳур ба голштинизатсиякунонии зоти сиёҳало шурӯъ намуданд. Дуруст ба роҳ мондани корҳои зотпарварӣ ва селексионӣ зуд натиҷаи дилхоҳ доданд. Дар заводҳои зотпарварии ба номи А. Саматови ноҳияи ба номи Ҷ. Расулов, заводи зотпарварии ба номи Ҷ. Расулови ноҳияи Б. Ғафуров ва “Палас”, хоҷагиҳои “Ирам” ва ба номи Э. Бойматоваи ноҳияи Конибодом пурра ба истифодаи буққаҳои зоти голштинӣ гузаштанд. Ба ҷумҳури қариб аз тамоми давлатҳои пешрафтаи  ҷаҳон аз қабили Амрико, Канада, Ҳолландия, Олмон, Исроил, Русия, Полша ва ғайраҳо буққаҳои зоти голштинӣ (нутфаашон) ворид карда шудаанд.Таҷрибаҳо исбот намуданд, ки истифода бурдани буққаҳои голштинӣ маҳсулнокии чорвои дурагаро баланд бардошта, сохти баданашонро беҳтар намуд. Дурагаҳо намуди ширӣ пайдо намуданд, вазни зиндаашон то ба 500-550 кг расонида шуд.   Парвариши бомақсади гӯсолаҳоро нағз ба роҳ монданд. Дар хоҷагиҳои зотпарварии ба номи Л.Муродов вазни миёнаи гӯсолаҳо дар сини 9-моҳагӣ 238,6кг,12-моҳагӣ 296,1 ва 18-моҳагӣ ба 412,6 кг расонида шуд. Дар хоҷагиҳои “Паласс” ва «Навгилем» ин нишондодҳо мутаносибан чунин буданд: 206,2; 278,6; 345.0 кг ва 162.1; 208.1 ва 301кг.Хусусан истифодаи буққаҳои селексияҳои амрикойӣ: Крис 171, Мартин 678, Хикмарк 799, Грей 181, Астронавт 199, Элвио 9972, селексияи олмонӣ: Семит 788, Лорд 287, Эксперт 277, Лидо 677, Ахтер 519, Винт 839, селексияи Россия: Мак 519, Меч 598, Экран 2233, Байкал 743, Дурман 361, Адонис 472, Арарат 454, селексияи Ҳолландӣ: Эллерд 686, Разалин 645, Лел 628, Аналин 2173, селексияи Эстонӣ: Полёт 805 натиҷаҳои хуб доданд.    Аз ҳисоби буққаҳои Астронавт 199 ва Семит 788 ду авлоди нав ташкил карда шуд. Писарони онҳо Атой 1140, Тростник 2160, Эрбус 70, Арбус 1494, Зонтик 455, Ампер 80, Ветер 2271 ва набераю абераҳои онҳо Азлик 614, Паркет 439, Грек 817, Эрсон 6979, Гордий 969, Гром 939 ба таври васеъ истифода шуданд ва асоси офаридани зоти говҳои алои тоҷикӣ гаштанд. Дар тӯли 20 соли баъди офаридани зоти говҳои алои тоҷикӣ саршумори ин тип хелоҳо афзоиш ёфт. Дар байни тамоми чорвои ширие, ки имрӯз мо дар ҷумҳурӣ дорем, ягона зоти говҳои алои тоҷикӣ, агар ба маънои пуррааш гӯем фаъолият доранд. Мардум инро мебинанд ва хубро аз бад фарқ мекунанд. Аз ин лиҳоз, солҳои охир ареали паҳншавии тип хеле васеъ гашта саршумори он аз ҳисоби хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва шахсӣ хелеҳо зиёд шудааст.   Танҳо дар 10 соли охир саршумори ин зотро хоҷагиҳои зерини ҷумҳури харидори намудаанд ва онҳо асоси пешравии ин хоҷагиҳо гардидаанд. Аз хоҷагии зотпарварии ба номи А. Самадови ноҳияи Ҷ. Расулов 20 сар буққа ба хоҷагии деҳқонии “Элдор”-и Дегмой, 50 сар ғуноҷин ба хоҷагии зотпарварии ба номи А.Ҷумъаеви ноҳияи Б. Ғафуров, 100 сар модагов ва 60-сар ғуноҷин ба хоҷагии “Чорводори Нов”-и ноҳияи Спитамен, 200 сар модагов ба хоҷагии ба номи Р. Набиеви ноҳияи Б. Ғафуров, 100 сор модагов, 400 сар ғуноҷин ва 2 сар буққа ба хоҷагии “Баракат”-и ноҳияи Ҳисор, 100 сар ғуноҷин ба хоҷагии фермерии “Умед”-и ноҳияи Рӯдакӣ, 20 сар буққа ба хоҷагии ба номи Л. Муродов ва 7-сар буққа ба хоҷагии ба номи А.Юсупови ноҳияи Ҳисор, аз хоҷагии ба номи “Чорводори Нов”-и ноҳияи Спитамен ба хоҷагии “Доштманди”-и ноҳияи Файзобод 100 сар ғуноҷин харидори карда шудааст. Қариб тамоми чорвои калони шохдори атрофи хоҷагиҳои ба номи А. Саматови ноҳияи ба номи Ҷ. Расулов, хоҷагии ба номи Ҷ.Расулов ва А.Ҷумъаеви ноҳияи Б.Ғафуров ва “Палосс” бо буққаҳои ин хоҷагиҳо бордор карда шудаанд. Зиёда аз 70%-и чорвои шахсии аҳолии ноҳияҳои ба номи Ҷ. Расулов ба номи Б. Ғафуров, Конибодом, Спитамен, Ҳисор аз буққаҳои тип ба тариқи дасти ё сунъӣ бордор карда мешаванд.    Танҳо як чиз боиси нигаронист, ки ҳангоми чунин тез паҳн шудани саршумори говҳои тип баъзан унсурҳои зотрӯёнӣ аз қабили интихобкунӣ, хостагирӣ, технологияи парвариш, хуннокии буққаҳо ва модаговҳо, ба инобат гирифтани хусусиятҳои ирсии падарию модарии онҳо, дараҷанокии буққаҳо, вазни зиндаи буққаҳо ва модаговҳо, технологияи парвариши гӯсолаҳо ва ғуноҷинҳо мумкин ба инобат гирифта нашаванд. Тадқиқотҳои солҳои охир исбот карданд, ки аз тамоми он буққаҳое, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд, танҳо буққаҳои селексияи амрикойӣ, ки аз минтақаҳои гарм аз қабили (Техасс, Амазонка, Калифорния ва ғайра) оварда шудаанд ва буққаҳои зоти тоҷикӣ, ки дар шароити ҷумҳурӣ офарида шудаанд самараи хуб медиҳанд.                                ТИПИ ЭКОТИПИ ЗАРАФШОНИИ ҚУТОСҲОИ ПОМИРӢ  Бо қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати Кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2020 таҳти № ½ экотипи зарафшонии қутосҳои Помирӣ тасдиқ карда шуд. Муалифон: Қарақулов А.Б., Қоимдодов Қ.Қ., Раҷабов Ф.М.Корҳои илмии бисёрсолаи мақсаднок дар натиҷаи ба вуҷуд овардани экотипи қӯтосҳои сермаҳсули Зарафшонӣ ба анҷом расонида шуд. Ин намуди чорво ба шароити ниҳоии муҳити атрофи минтақаҳои водии зарафшон мутобиқ мебошанд.Қутосҳои экотипи Зарафшонӣ аз рӯи танумандӣ, намуди беруна (экстерьер), маҳсулнокӣ ва хусусиятҳои технологӣ, ба талаботҳои стандартии экотип ҷавобгӯ мебошанд. Аз тадқиқотҳо бармеояд, ки омӯзиши сифати маҳсулнокӣ ва хусусиятҳои биологии қутосҳои аз ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воридшуда дар хоҷагиҳои водии Зарафшон, қобилияти баланди мутобиқшавиро дар шароити нави агроэкологӣ - географӣ нишон дода, маҳсулнокиашон нисбат ба ҳамҷинсони дар шароити агроэкологии Помир парваришёфта аз 10 то 15% ва бештар зиёд аст. Экотипи Зарафшонии қутосҳои Помирӣ дар хоҷагиҳои КВДЗ “Қутоспарвар”-и ноҳияи Лахш, ба номи Р. Аслиддинов ва «Россия»-и ноҳияҳои Айнӣ ва Резгиф – и Кӯҳистони Мастчоҳ бо саршумори 2061 сар тадбиқ шуда истодааст.                                                         БУЗҲОИ СЕРПАШМИ ТОҶИКӢ     Зоти бузҳои серпашми тоҷикӣ бо қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2004, (маллифон Қосимов М.А., Усмонов Р.У. Ҷураев М. ва дигарон) тасдиқ шудааст.Бузҳои зоти серпашми тоҷикӣ солҳои 1981-2004 дар асоси бузи зоти серпашми шӯравӣ бо истифодаи такаҳои зоти ангории селексияи австралиявӣ ба вуҷуд оварда шуд. Дар натиҷа сифати технологии пашми он – мохер хеле беҳтар гардид.Нишондиҳандаҳои маҳсулнокӣ: миқдори миёнаи тароши пашм дар модабузҳо – 1,7-1,9 кг (то 3,5) ва дар такаҳо 3,0-3,2 кг (то 5,8); дар бузғолаҳо 0,8-1,1 кг (1,7); вазни зиндаи онҳо мувофиқан 30-34 (45); 50-55 (87) ва 25-30 (36) кг мебошад.     Дарозии пашми бузҳои калонсол 18-20 см ва ҷавонаҳо 15-17 см мебошад. Ғавсии пашм дар такаҳои наслдеҳ 34-39 мкм (46-44* - сифат), дар модабузҳо 29-30 мкм (48-50)* ва дар ҷавонаҳо 24-28 мкм (60-56)*. Миқдори пашми тоза 80-85 %-ро ташкил медиҳад. Ба ҳар 100 модабуз 90-100 сарӣ бузғола гирифта мешавад. Миқдори шири модабуз барои 1-2 бузғоларо таъмин намудан кофӣ мебошад. Зоти серпашми тоҷикӣ, дар заводҳои зотпарварии ба номи Т. Эрйигитови ноҳияи Ашт, Кӯшатови ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд ва Филиали Институти чорводории АИКТ бо саршумори 17326 сар тадбиқ ёфта истодааст.                                                     ТИПИ ЗАНБӮРИ АСАЛИ ТОҶИКӢ Типи занбӯри асали тоҷикӣ дар натиҷаи корҳои селексионӣ доир ба дурага намудани зоти карпатӣ бо занбӯрони маҳаллӣ типи тоҷикии занбӯри асал офарида шуд. Типи офаридашуда бо нишондодҳои экстерерӣ дарозии хартумча ва дигар омилҳо ба монанди маҳсулнокӣ, зимистонгузаронӣ, тухмгузорӣ фарқ менамоянд.Занбӯрони типи тоҷикӣ аз рӯи зимистонгузаронӣ назар ба занбӯрони маҳаллӣ 5,0 % ва зоти карпатӣ 3,3% бартарӣ доранд. Занбӯрони офаридаи типи тоҷикӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, Шаҳринав,Файзобод, Оби гарм, Роғун ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо зиёда аз 10 ҳазор оилаи занбӯр тадбиқ шуда истодааст. Маҳсулнокиашон то 28,8 кг мерасад, ки назар ба занбӯрони маҳаллӣ 23,5% ва ба зоти карпатӣ 8,8% зиёд аст.Типи мазкур дар Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварии «Асали Тоҷикистон», хоҷагии ёрирасони «Тоҷикматлубот»-и шаҳри Ҳисор ва Маркази биотехнологияи чорвои Институти чорводорӣ ва чарогоҳ (ноҳияи Рӯдакӣ), хоҷагиҳои занбӯриасалпарварии Камолиддин ва Шарипов – и шаҳри Ҳисор ҳамчунин хоҷагии занбӯриасалпарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур дар доираи 3970 оила офарида шудааст.Бо қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2022 таҳти № 4/2 типи занбӯри асали тоҷикӣ тасдиқ карда шудааст.    Соҳаи муҳимтарини иқтисоди миллӣ бахши кишоварзӣ мебошад, ки амнияти озуқавории мамлакат асосан аз рушди он вобаста аст.                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон   НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 6 МОҲИ АВВАЛИ СОЛИ 2022 Раёсат ва муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо дарназардошти вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (12.12.2021), қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022” (20.01.2022) ва барномаҳои давлатии рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ бармеоянд, фаъолияти худро барои беҳтар намудани сифат ва самарабахшии таҳқиқоти илмӣ, тарбияи олимони ҷавон, беҳсозии пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои илмию хоҷагиҳои таҷрибавӣ ва татбиқи васеи дастовардҳои илм дар истеҳсолот сафарбар намуданд. Инчунин аз ҷониби олимони муассисаҳои илмии Академия 15 лоиҳаи илмӣ ба Фонди Президентии таҳқиқоти бунёдӣ пешниҳод гардида, 3-тои онҳо барои маблағгузорӣ тавсия шуданд. ДАСТОВАРДҲОИ МУАССИСАҲОИ ИЛМИИ АИКТ   Дар муассисаҳои илмии Академия 1118 нафар корманд, аз он ҷумла 565 ходими илм, аз онҳо 40 доктори илм ва 144 номзади илм фаъолияти пурсамар доранд. Инчунин 9 нафар доктор ва 22 нафар номзади илм ҳамчун ҳамкор барои иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ҷалб карда шудаанд. Ба ҳайати Академия 8 академик, 6 аъзои вобастаи АИКТ ва 2 аъзои хориҷӣ шомиланд. Дар муассисаҳои илмии Академия баҳри иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ таҳқиқотҳо тибқи 62 мавзӯи фармоишӣ, 8 барномаи байналмилалӣ ва 4 лоиҳа тибқи Фонди Президентии таҳқиқоти бунёдӣ идома доранд. Олимони муассисаҳои илмии Академия дар шаш моҳи соли ҷорӣ доир ба дастовардҳои илмӣ соҳиби 4 патенту нахустпатент, 4 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 4 хабарнома дар бораи натиҷаи мусбати экпертизаи расмӣ гардиданд. Бо қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 навъи зироатҳои кишоварзӣ ва ангур минтақабоб гардида, 4 навъи зироатҳои кишоварзӣ ва дарахтони мевадиҳанда аз ҷониби комиссияи мазкур ба таври расмӣ қабул шуданд. Инчунин бо қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 зот ва типи занбӯри асали тоҷикӣ тасдиқ гардид.   НАТИҶАИ КОРҲОИ ИЛМӢ - ТАҲҚИҚОТӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ИЛМИИ АИКТ   Олимони Институти зироаткорӣ дар ҳамкорӣ бо олимони Институти боғу токпарварӣ аз ҷониби Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби нахустпатент ва шаҳодатномаи ҳаммуаллифӣ оид ба “Тарзи кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ”, хабарнома оид ба “Қатрарези танзимшаванда барои обёрии помидор ва зироатҳои полезӣ” гардиданд. Тибқи қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.06.2022, №1 пахтаи миёнанахи гурӯҳи тезраси навъи “Файзи Сомон” ва ҷуворимаккаи навъи “Шараф-19” минтақабоб гардида, пахтаи миёнанахи гурӯҳи тезраси навъи “АС-11” ва юнучқаи навъи “Вахш-451” ба таври расмӣ барои санҷиш қабул гардиданд. Ҳамзамон, барои сертификаткунонии тухмӣ ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 навъи тухмии пахтаи миёнанахи “Шарора-1020”, “Дӯстӣ-ИЗ”, “Файзи Сомон”, “Қубодиён-30”, “Данғара-30”, 7 - навъи ҷуворимакка “Шараф-19”, “Басирӣ-10”, “Баракат”, “Тезрас”, “Дилшод”, “Шуҳрат”, “Ҳосилот”, 2 - навъи офтобпараст “Нурафшон”ва “Самаранок-40”, 2 - навъи мушунги хӯроки чорво “Мушунги маҳаллӣ” ва “Ҳисории пешпазак” пешниҳод шуданд. Аз ҷониби олимони Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ ангури навъи “30-солагии Истиқлол” офарида шуда, тибқи қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо минтақабоб гардида, ангури навъи “Ғалаба” ва хурмои навъи “Ваҳдат” ба Комиссияи мазкур барои санҷиши расмӣ пешниҳод карда шуданд. Олимони Институти хокшиносӣ ва агрохимия аз ҷониби ташкилоти патентии Авруосиёӣ (ЕАПО) оид ба ихтирои “Усули тезонидани парвариши бактерияҳо соҳиби патенти Авруосиёӣ № 04121 (21.04.2022) гардиданд. Инчунин, доир ба масъалаҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ, алалхусус истифодаи самаранок ва оқилонаи замин, ҳифзи он аз таназзулёбӣ, шӯршавӣ, ботлоқшавӣ, тарҳрезии истифодаи мақсадноки нуриҳои минералӣ, органикӣ ва биологӣ, беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳои шӯршуда ва санглох, баландбардории ҳосилхезӣ ва баҳодиҳии хок, мубориза ба ҷараёни сел вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво бо дарназардошти тағйирёбии иқлим корҳои илмию таҳқиқотӣ гузаронида истодаанд. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон олимони Институт ба мавзеи Дашти Кокули Ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор сафарбар гардида, бо мақсади омӯзиши хокҳои мавзеъ аз масоҳати 1400 га намунаҳои хок оварда шуд. Олимони Институти чорводорӣ ва чарогоҳ ба дастовардҳои бузурги селексионӣ ноил гардиданд. Бо қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 –уми январи соли 2022 таҳти № 4/2 зоти алои сершири тоҷикии чорвои калони шохдор, зоти гӯсфандони маҳинпашми тоҷикӣ ва типи занбӯри асали тоҷикӣ тасдиқ карда шуд. Ҳамзамон корҳои мақсаднок барои тасдиқ ва пешниҳод намудани типи чорвои сергӯшти тоҷикӣ ва типи нави “Шаҳринавӣ”-и зоти гӯсфандони ҳисорӣ идома доранд. Таҳқиқотҳо оид ба ташкили рамаҳои ҷавҳари зотии гӯсфандони тоҷикӣ ва қароқӯлӣ дар самти ба вуҷуд овардани зоти чорвои швитсезебумонанди тоҷикӣ; мукаммалгардонии зоту кросҳои мурғони тухмию гӯштӣ ва кабк; омӯзиши самаранокии истифодаи иловаҳои маъданӣ, серсафедаю витаминдори истеҳсоли ватанӣ дар ғизои чӯҷа - бройлерҳо ва дар самти биотехнологияи чорво ҷиҳати ба вуҷуд овардани генотипҳои нави гӯсфанду бузҳо идома доранд. Инчунин, таҳқиқотҳо оид ба беҳтар намудани сифати пашми бузҳои серпашми зоти тоҷикӣ, ба вуҷуд овардани рамаҳои бузҳои ширдеҳи зоаненӣ ва зоти нубӯӣ идома дошта, наслҳои дурага ба даст омада, хусусиятҳои инкишофёбӣ, мутобиқшавӣ ва маҳсулнокии онҳо омӯхта шуда истодаанд. Аз ҷониби олимони Институти тибби ветеринарӣ 6 - дастур оид ба «Ташхиси лаборатории тропилелапсози занбӯри асал», «Дастури методӣ оид ба оҳаккунонии ҳавзҳои моҳипарварӣ», «Тавсиянома оид ба пешгирӣ ва табобати тропилелапсози занбӯри асал»,“Тавсиянома оид ба талаботҳои байторию беҳдоштӣ барои яхдонҳо”, “Тавсиянома оид ба қоидаҳои беҳдоштӣ барои корхонаҳои саноати гӯшт”, дастурамал оид ба “Қоидаҳои байторию беҳдоштӣ барои корхонаҳо оид ба истеҳсоли шир дар шароити коркарди саноатӣ” таҳия ва ба Шӯрои илмӣ - техникии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ дар институт ба миқдори 10 кг 1000 воя маводи Субтилбен дар намуди хока, ба миқдори 1000 л маводи гипертоникии 10% хлориди натрий, ҳамзамон маводи доругии ватанӣ - шаробаи чемеритсаи 10%, ба миқдори 45 литр ва маводи зидигиҷҷавӣ дар ҳаҷми 2500 воя истеҳсол гардида, дастраси чорводорон шуд. Инчунин, аз ҷониби олимони институт хайли тозаи Salmonella abortus ovis аз барраҳои исқоти ҳамлшуда ҷудо карда шуда, бо шиноснома тасдиқ гардид. Олимони Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнология аз ҷониби Маркази миллии патенту иттилоот барои ихтирои «Тарзи табобати бемории табларзаи эфемерии (вирусии) чорвои калони шохдор» соҳиби нахустпатент (№ TJ 1252, аз 21.04.2022) гардиданд. Ҳамзамон, аз ҷониби олимон барои таъмини амният ва эминии биологӣ, баҳодиҳӣ, таҳлил ва идоракунии таҳдидҳои биологӣ ҳолати эпизоотии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нисбат ба бемориҳои сироятиву инвазионии чорвои калону хурди шохдор ва парандаҳо омӯхта, таҳлил карда шуд. Ба мақсади муайян намудани нақши микроорганизмҳои патогенӣ дар пайдоиши бемориҳо аз 50 маводи иллатноки воридгардида дар натиҷаи ташхисҳои озмоишгоҳӣ дар 21 мавод нақши микроорганизмҳо муайян карда шуд. Дар 9 мавод барангезандаҳои эшерихияи колӣ, пастерелла, салмонелла, стафиллоккок ва стрептоккок ошкор гардиданд. Дар бахши истеҳсол олимони институт бо истифода аз штаммҳои микроорганизмҳои маҳаллӣ 76300 воя ваксинаи зидди салмонеллёзу пастереллёзи чорвои кишоварзӣ ва ваксинаи бофтагии зидди плевропневмонияи сироятии бузҳо истеҳсол намуданд. Аз ҷониби олимони Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзӣ ба мутахассисони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба самаранок истифодабарии заминҳои таъйиноти кишоварзӣ, рушди чорводорӣ, боғу токпарварӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда пешниҳоду тавсияҳои муфид дода шуданд. Аз ҷумла, ҷиҳати устувор нигоҳ доштани бозори дохилии озуқавории кишвар, роҳҳои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқавории худӣ, такмили инфрасохтори соҳибкории инноватсионӣ дар КАС бо таъсиси марказҳои инноватсионӣ дар назди муассисаҳои илмӣ, боғҳои агротехникӣ, марказҳои маслиҳатдиҳӣ, марказҳои такмили технология, марказҳои инженерӣ ва сертификатсиякунонӣ ва ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ оид ба фаъолияти инноватсионӣ, аз ҷумла барои кормандони илм ва роҳбарони ташкилотҳои илмӣ дар муассисаҳои маълумоти олии касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассус хеле зарур мебошанд. Дар Маркази миллии захираҳои генетикӣ тухмии 8 навъи пахтаи намуди маҳиннах ва миёнанахи селексияи ватанӣ, 150 дона пиёзаки анзури навъи “Суғдиён” аз филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ дар вилояти Суғд дастрас карда шуд. Тибқи ҳамкориҳои муштараки илмӣ ба Маркази илмии кишоварзии Помир тухмии 13 навъу намунаи зироатҳои лӯбиёдонагӣ ва равғандиҳанда, ба хоҷагии таҷрибавии “Сумбула”330 бех ниҳоли навъу дурагаҳои олу ва сиёҳолу, ба хоҷагиҳои деҳқонии “Туғак” ва “Шариф”-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон лундаҳои картошкаи ширин (батат) дода шуд. Инчунин барои нигоҳдорӣ ва ғанӣ гардонидани Бонки захираҳои генетикӣ аз Институти зироаткорӣ тухмии 47 навъу намунаи зироатҳои ғалладонагӣ ва филиали дар вилояти Суғд будаи он 9 навъу намунаи алафи судонӣ оварда шуд. Олимони Маркази илмии технологияҳои инноватсионӣ ва механиконии кишоварзӣ аз ҷониби Маркази миллии патенту иттилоот барои ихтирои «Тухмипошаки муштараки ТМ-2,4» соҳиби нахустпатент (№TJ 1250 аз 19.04.2022) ва 3 хабарномаи мусбат барои гирифтани нахустпатент оид ба култиватори хурдҳаҷми ғизодиҳандаи КРМ-1, мошинолот барои тоза куфтани дони ҷуворимакка КМ-4 ва култиватори хурдҳаҷми КПМ-1 гардиданд. Ҳамзамон нисбати мошинолотҳои зикргардида таҳқиқотҳои назариявӣ ва таҷрибавӣ гузаронида, мушаххасоти кории онҳо асоснок карда шуданд. Олимони Маркази ҷумҳуриявии илмию таҳқиқотии пиллапарварӣ хусусиятҳои асосии репродуктивӣ, нишондиҳандаҳои биотехнологии маводи селексионӣ, 50 шаҷара ва 23 зот, аз ҷумла зотҳои коллексионии озмоишшавандаи хитойӣ, россиягӣ, кореягӣ, туркӣ, булғорӣ, эронӣ, ветнамӣ ва ғайра омӯхта шуданд. Соли ҷорӣ аз маводи таҷрибавии зоту дурага ва шаҷараҳо ба миқдори 20 қуттӣ тайёр гардида, 720 оилаи селексионӣ барои мавсими баҳории парвариши кирмак ва гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ омода шуд. Инчунин, барои зинда намудани тухми кирмак 1000 дона қуттии калонҳаҷм ва барои парвариши синни хурди кирмак 1000 дона қуттичаи хурдҳаҷм омода карда шуданд. Дар самти тутпарварӣ нишондиҳандаҳои фенологии 26 шакл ва навъҳои гуногуни дарахти тут муайян ва омӯхта шуданд. Дар майдони 0,26 га кишти тухми тут гузаронида, барои таҳкими манбаи хӯрокаи кирмак 300 бех ниҳоли тут дар атрофи заминҳои Пойгоҳи таҷрибавӣ дар вилояти Суғд шинонида шуд. Ҳамзамон, дар майдони 1,7 га 6400 бех ниҳоли серҳосили тут бо тарзи 4х1х1м тутзори интенсивии буттагӣ бунёд намуда, 2600 кӯчати хурди он дар байни қатор шинонида шуд. Олимони Маркази илмии кишоварзии Помир барои омӯзиш ва таҳқиқот тухмии зироатҳои лӯбиёдонагӣ ва равғандиҳанда, аз ҷумла 3 навъи нахӯд, 5 навъи мош, 1 навъи мушунг ва 3 навъи зағир аз Маркази миллии захираҳои генетикӣ дасрас карда, дар қитъаҳои таҷрибавии ноҳияҳои Рӯшон дар баландии 1800м ва Ишкошим 2600 м коллексияи навъу намунаҳои мазкурро ташкил ва мавриди омӯзиши фенологӣ қарор доданд. Инчунин, барои гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ ва коркарди агротехникии онҳо дар ноҳияи Ишкошим 15 навъи картошка кишт гардида, мавриди омӯзиши фенологӣ қарор доранд. Ба мақсади омӯзиш дар ноҳияи Ишкошим 8 навъи картошкаи беҷирм “М-1-2018”, “Файзобод-2018”, “Файзобод-2015”, “Умед-73-2017”, “М-18”, “М-7-2018”, “Пикассо-2017” ва “Рашт-2017” кишт карда, барои нигоҳдорӣ дар коллексия 5 навъи “картошка ва барои афзун намудани тухмии истеҳсолӣ 15 навъ М-25, М-26, Invitro-1, АН-1, “Кардинал”, LT-8-15, Invitro-22, “Бадахшон”, “Файзобод-1”, “Ишкошим”, АН-2, “Кобул”, АКН-13, “Биг-роза” ва “Лорх” кишт карда шуданд. Баҳри баланд бардоштани маҳсулнокии ширию гӯштии қутосҳои экотипи помирӣ ва офаридани ҷавҳари зотии онҳо дар мавзеи Аличури ноҳияи Мурғоб таҳқиқоти селексионӣ идома дошта, шумораи подаи қутосҳои таҳқиқотӣ ба 173 сар расонида шуд. ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМИ КИШОВАРЗӢ   Дар давраи ҳисоботӣ 2 рисолаи докторӣ ва 3 рисолаи номзадӣ дифоъ гардида, 30 рисолаи илмӣ барои дифоъ омода шудааст. Бо мақсади афзун намудани кадрҳои илмӣ, барои соли таҳсили 2021-2022 дар муассисаҳои илмии Академия 23 нафар докторанти PhD, 36 магистрант ва 32 нафар унвонҷӯй қабул карда шуданд. Соли таҳсили 2021-2022 дар муассисаҳои илмии АИКТ 30 нафар магистрант ва 24 нафар докторант аз рӯи ихтисоси PhD хатм намуданд. Ҳамзамон, дар назди Институтҳои зироаткорӣ ва тибби ветеринарӣ Шӯроҳои диссертатсионӣ, фаъолият карда истодаанд. Олимони муассисаҳои илмии Академия дар давраи ҳисоботӣ оид ба масъалаҳои рӯзмарраи рушди соҳаи кишоварзӣ 235 кори илмӣ, аз он ҷумла 5 китоб, 6 монография, 2 китобча, 2 маҷалла, 11 тавсиянома, 7 дастур, 6 буклет ва 196 мақолаи илмӣ аз чоп бароварданд. ҲАМКОРӢ БО ВАО Академияи илмҳои кишоварзӣ дар муддати 6 моҳи сипаригардида тавсияҳои судманди илмиро ҷиҳати баланд бардоштани сифату самарабахшии таҳқиқоти илмӣ, татбиқи дастовардҳои илмӣ ва технологияи инноватсионӣ дар истеҳсолот, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва маҳсулнокии чорвои кишоварзӣ, самаранок истифода намудани ҳар порча замини ҷумҳурӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили зироатҳо, саривақт фаро гирифтани майдонҳо барои кишти асосӣ ва кишти такрорӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ватании тибби ветеринарӣ, андешидани чораҳои муҳофизатӣ ҷиҳати пешгирӣ аз касалиҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаби мубрами соҳаро тариқи воситаҳои ахбори омма инъикос намуда, 293 маротиба ба воситаи ахбори омма тавсияҳои мушаххасро ба деҳқонону мутахассисон пешниҳод намуд.   БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯ, СЕМИНАР, РӮЗҲОИ САҲРОӢ, РӮЗИ ФЕРМЕРӢ ВА МИЗИ МУДАВВАР   Аз ҷониби АИКТ 1 конференсияи байналмилалӣ, 3 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 1 семинари ҷумҳуриявӣ, 1 конференсияи минтақавӣ, 12 семинари минтақавӣ, 7 рӯзи саҳроӣ, 3 рӯзи фермерӣ ва 5 мизи мудаввар гузаронида шуданд. Ҳамзамон, олимон дар кори 136 конференсияю семинарҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок ва баромад намуданд.   САЗОВОР ТАҶЛИЛ НАМУДАНИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ Дар давраи ҳисоботӣ кормандони АИКТ ва муассисаҳои илмии он баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла таҷлили ҷашни Сада, Рӯзи модар (8-март), Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи ҷавонон (23 - май) ва 25-умин солгарди Ваҳдати миллӣ чораҳои мушаххас андешида, онҳоро дар сатҳи баланд баргузор намуданд.     ҲАМКОРӢ БО ТАШКИЛОТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ   Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалиро бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Институти мевапарварии Ҷумҳурии Белорус, Академияи кишоварзии Чин, Донишгоҳи давлатии ба номи А.А. Ежевскийи шаҳри Иркутски Федератсияи Россия ва шарикони рушд, аз қабили ICARDA, IFPRI, SIMIT, FAO, CARITAS, JAICA, TIKO ва ғайра ба роҳ мондааст. Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату кумитаҳои соҳавӣ зиёда аз 14 пешниҳодро доир ба масъалаҳои ҳалталаби рушди соҳаи кишоварзӣ ирсол намуданд. Аз ҷумла, таҳияи татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи захираҳои генетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи зотпарварӣ”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Оинномаи АИКТ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он”, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он”, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)” №1289, аз 15 марти соли 2016, оид ба лоиҳаи барномаи “Харитаҳои роҳ”-и ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус барои солҳои 2022-2026, оид ба лоиҳаи Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти бойторӣ ва фитосанитарии Федератсияи Россия, ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус ҷиҳати ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла “Рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, “Рушди соҳаи кишоварзӣ барои давраи то соли 2030”, “Рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикисон барои солҳои 2023-2027”, “Консепсияи рушди хонаводаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”.   КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ВА САБЗУ ХУРРАМГАРДОНӢ ДАР АИКТ   Вобаста ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои илмӣ ва зерсохторҳои онҳо корҳои зерин ба анҷом расонида шуданд: Доир ба кабудизоркунию ободонӣ ва сазовор пешвоз гирифтани идҳои Сада ва Наврӯз, истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои илмии Академия мунтазам шанбегиҳо гузаронида, 59377 бех ниҳол, аз ҷумла дарахтони мевадиҳанда – 33340 адад ва дарахтони сояафкан – 9836 адад шинонида шуданд. Ҳамзамон, ба миқдори зиёда аз 16201 адад гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, дар ин самт корҳо идома доранд. Олимони АИКТ ба дигар корхонаю муассисаҳо ва шахсони инфиродӣ, ҷиҳати шинонидан ва парвариш намудани дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳо кумаки илмию амалӣ расонида истодаанд. Хоҷагиҳои таҷрибавӣ, стансияю пойгоҳҳои Академия дар маъракаи ниҳолшинонии солҳои 2021-2022 зиёда аз 9 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳандаю сояафканро барои фурӯш пешниҳоди харидорон намуда, дар муассисаҳои илмӣ зиёда аз 36 ҳазор калитаки ангур тайёр карда, дар паваришгоҳҳо шинонданд. Дар Институти зироаткорӣ дар масоҳати 1,0 га боғи интенсивии дарахтони мевадиҳанда бунёд гардида, дар масоҳати 1 га бо усули муосири обёрии қатрагӣ пахта зери плёнка кишт гардида, 500 метр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуданд; Дар Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ 2,0 гектар токзори нав дар заминаи майдони токзорҳои куҳна ва дар масоҳати 4,5 га токзор аз ҳисоби навъҳои ангури “Кишмиши сиёҳ” ва “Тойфӣ” барқарор карда шуд. Ҳамзамон, дар масоҳати 2,0 га боғи интенсивии дарахтони донакдор бунёд карда шуд. Инчунин, таъмири капиталии бинои маъмурии Пойгоҳи “Сомғор”-и Институт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба анҷом расид. Бинои Стансияи таҷрибавии зироатҳои субтропикӣ ва ситрусӣ дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Дар Пойгоҳи минтақавии таҷрибавии Карсанги Институти хокшиносӣ ва агрохимияи ноҳияи Файзобод бошишгоҳи саҳроӣ аз нав сохта шуд. Дар Институти тибби ветеринарӣ озмоишгоҳи нави замонавӣ ташкил карда шуда,корҳои рангуборкунӣ анҷом дода шуданд.   ҲУҶҶАТГУЗОРӢ ДАР АИКТ Ба Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2022   870 ҳуҷҷат ворид гардид. Аз ин миқдор 171 аснод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 699 аснод ба вазоратҳою ташкилотҳои гуногун, мақомотҳои иҷроияи ҳукуматҳои маҳаллӣ, муассисаҳои илмии АИКТ ва шаҳрвандони алоҳида тааллуқ дорад. Оид ба иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 79 маълумот пешниҳод шуда, асноди боқимонда барои иҷро таҳти назорат қарор доранд ва ба 231 асноди вазоратҳою ташкилотҳои гуногун ҷавоб гардонда шудааст. Ҳамзамон, ба Раёсати АИКТ аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 91 аснод ворид гардида, ба 70-тои он ҷавоб гардонида шуд, боқимондаи онҳо мавриди баррасӣ ва иҷро қарор доранд. Олимони муассисаҳои илмии Академия аз тамоми захираю имкониятҳо самаранок истифода намуда, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баён доштанд, барномаҳои давлатии рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ва дар ин замина беҳтар намудани сифат ва самарабахшии таҳқиқоти илмӣ, тарбияи олимони ҷавон ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми босазои худро гузоранд.    Вокуниш ба ҳодисаҳои рухдода дар вилояти Бадахшон Ҳодисаву паёмадҳои номатлуб дар ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Аз хавфу таҳдиди терроризм ва ифротгароӣ, оқибатҳои фоҷеабори он кишвари мо Тоҷикистон низ дар канор намондааст. Аз ибтидои соҳибистиқлолии давлатамон бар асари ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ дар ҷумҳурӣ падидаҳои содир гардидани амалҳои террористӣ, ё ки ба он монанд амалҳои номатлуби халалдор намудани амну суботи ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Чунончӣ, солҳои охир якчанд амалҳои террористӣ дар минтақаҳои гуногун содир шуда, боиси нооромии ҳаёти ҷамъиятии кишвар гаштанд воқиф гаштем, ки хоинони миллати тољик дар воқеаҳои охири баамаломадаи куҳистони Бадахшон саҳми худро гузоштаанд ва кӯшиш намуданд, ки дар як мӯҳлат ҳамватанони моро ноором созанд, аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки хоини гумроҳгаштаи нохалаф ба мақсад нахоҳад расид, чунки мардуми сулҳофари тољик намегузорад, ки нохалафе ба сарзамини биҳиштосоямон чашми бад аъло намояд. Ҳамватанони азиз шумо худ шоҳид гаштед, ки нохалафон ба мақсад нарасидаанд ва имрӯз аз кардаи худ пушаймонанд. Мо халқи пуршарафи Тоҷикистон бо боварии том баҳри гулгул шукуфоии Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ медиҳем ва намегузорем, ки хоинони миллат ба Ватани азизамон осеб расонанд. Мо бо Пешвои миллати худ ифтихор дорем мо дар гирди Сарвари муаззами миллат будем ҳастем ва мемонем.    Андешаҳо оиди филми «Шикасти фитна»  Бо сармоягузории ташкилотҳои хориҷӣ аъзоён ва ҳаммаслакони собиқ ТЭТ ҲНИ фитнаву талошҳои худро тавассути васоити ахбори омма ва саҳифаҳои иҷтимоӣ ба таври махфӣ ва дар асоси идеяи ғайри исломӣ ячейкаҳои ҷосусияшонро интишор намуда, симои аслии хешро дар байни ҷомеа нишон дода истодаанд.Ҳадаф ва талошҳои онҳо расидан ба нақшаҳои ғаразноки худ, доғдор кардани муҳити сиёсии кишвар ва барангехтани ихтилофу низоъ байни мардум мебошадБарои амалӣ намудани нақшаҳои ғаразноки худ аз ҳар гӯшаву канори дунё ба тариқи сомонаҳои интернетию саҳифаҳои иҷтимоӣ баромад мекунанд. Бо тамошои филми мустанади «Шикасти фитна» ҳаряки мо шоҳид гаштем, ки ҷангу ҷӯши Бадахшон тавассути дасти ҳамин душманон ва хоинони миллати тоҷик рӯи кор омадааст. Онҳо бо дастгирии хоҷагони худ кӯшиш намуданд, ки дар як мӯҳлат ҳамватанони моро ноором созанд, аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки хоини гумроҳгаштаи нохалаф ба мақсад нахоҳад расид, чунки мардуми сулҳофару тамаддунофари тоҷик намегузорад, ки нохалафе ба сарзамини биҳиштосоямон бо чашми бад назар намояд. Мо худ шоҳид гаштем, ки нохалафон ба мақсад нарасидаанд ва имрӯз аз амалҳои носазои худ пушаймонанд. Бинобар ин ҳаряки мо фарзандони барӯманди тоҷик бояд ба қадри сулҳу ободии кишвар бирасем ва ваҳдату ягонагии миллиро зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва дар ҳимояи марзу буми Ватан-Модар саҳми босазои худро гузорем.                              Ҳамдиёрони азиз!        Ман ба сокинони вилояти Бадахшон муроҷиат менамоям. Мо дар давлати озоду ҳуқуқбунёд зиндагӣ ва умр ба сар мебарем, кору фаъолият менамоем. Дар кадом кишвари дунё бошем боз ба Ватани азиз- Тоҷикистон бармегардем, чунки мо зодаи Тоҷикистон ҳастем. Бидонед, ки дар ҳар як кишвари демократӣ ҷомеа дар асоси қонун зиндагӣ ва умр ба сар мебарад. Маҳз волоияти қонун ҷомеаро ба Танзим гирифтаю пеш мебарад. Вайрон намудани низоми қонун ҷомеаро ба анархия, бесарусомонӣ рӯ ба рӯ намуда, боиси вайрон шудани тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мегардад. Аз ин рӯ, ҳар мушкилоте, ки доред, онро дар чаҳорчубаи қонун ҳал намоед.              Биёед он дастовардҳое, ки ҳозир дорем ҳифз намоем. Ба гуфтаҳои дасисабозону хориҷиёни бадбин бовар накунем.          Ба ҳамаи сокинони Ватани азиз Рӯзи Ваҳдати Миллӣ муборак бошад!       Ба воқеаҳои баамаломадаи Бадахшон!           Мо ба воқеаҳои бамаломадаи вилояти Бадахшон хело ҳам мутаасир монда, ба мардуми вилоят муроҷиат карда гуфтанием, ки давлати мо давлати озоду ҳуқуқбунёд буда мардуми тоҷик ва дигар ҳамзабонон зиндагӣ ва умр ба сар бурда, кору фаъолият менамоянд. Барои ҳаммаи мардуми дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекардагӣ Тоҷикистон - ватани азиз аст ва эҳтирому муқадасоти ватанро пос доштан лозим аст.          Ба ҳар гуна дассисаву вайронкориҳо роҳ додан даркор нест. Душманони миллати тоҷик ба ҳар гуна воситаҳо мехоҳанд пойдории сулҳи моро коста кунанд. Мардумро ба ҳар гуна воситаҳо ба доми фиреби худ андохта ба воситаи мардум корҳои номатлубро бурда истодаанд.          Хусусан ба ҷавонони вилояти Бадахшон муроҷиат карданием, ки ба фиребу найранги баъзе нохалафон надаромада дар ободонии вилоят саҳми худро гузоранд. Мо, ки дар арафаи 25 –мин солгарди Ваҳдати милли қарор дорем ба ҳаммаи сокинони Ватани азизамон, алалхусус ба мардуми Бадахшон рӯзи Ваҳдати Миллӣ муборак бошад!                                                  Риояи волоияти қонун Ҳодисаҳои охирин, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба миён омадаанд, якқатор сокинони кишвар ва аҳли ҷомеъаро хавотир намудаю ба ташвиш овардаанд.          Мегӯянд, ки «моргазида аз банди ало метарсад». Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки дар ибтидои солҳои 90-ум бар асари дасисабозии як гурӯҳ мансабдорон ва дахолати душманони хориҷӣ дар миёни шаҳрвандони мо ҷанги бемаънӣ сар зад. Бар асари ин ҷанг садҳо шаҳрвандони мо кушта шудаю тифлони зиёд ятим монданд. Дар як маврид ҷанги мазкур ба иқтисодиёти мо зарбаи ҷонкоҳ расонида, тараққиёти онро ба даҳсолаҳо қафо партофт.          Биёед акнун ба сарчашма ва сабабҳои ҷанги мазкур андеша кунем. Дар ин маврид фикри зиёд кардан нашояд. Сарчашма ва сабаби асосии ин дар он аст, ки риояи қонунҳое, ки тибқи он ҷомеа зиндагӣ намудаю пеш меравад, аз байн рафта буд. Митингу майдоннишинӣ ва тазоҳуроти он давра ҳама хилофи қонунҳои муқаррарнамуда буданд ва риояи волоияти қонун аз байн рафта буд.          Аз ин рӯ, вақте ки риояи қонун аз байн рафт, дар ҷомеа метавонад бесарусомонӣ, дуздӣ, авбошӣ, одамкӯшӣ ва дигар руйдодҳои номатлубро ба миён орад.            Танҳо ба сари ҳокимият омадани Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сессияи 16-уми тақдирсози Маҷлиси Олӣ дар соли 1997 ба ҷанги шаҳрвандии мо хотима бахшид. Зеро Пешвои Миллат риояи қонун ва волоияти онро аз ҳар як шаҳрванди ҷомеаи мо тақозо намуд.        Устод Абӯабдуллои Рӯдакӣ изҳор намудааст, ки Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор, Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.  Яъне бар сари ҷомеаи мо ва Тоҷикистони азиз як бор бадбахтӣ омад ва мо бояд аз ин сабақ гирем, вале ин ба гӯши як зумра гумроҳгаштагон ВМКБ, ки мардумро гумроҳу бероҳа менамоянд, намедарояд ва онҳо аз таърих ҳеҷ намехоҳанд сабақ гиранд. Аз ин рӯ, мо аз онҳо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки мушкилоти худро аз роҳи қонун ҳал намоянд. Барои ин мақомоти дахлдор муаззаф мебошанд ва ҳар як арзу шикояти худро пеши онҳо баред, на ин ки худро ба ҷойи онҳо гузошта, ба тазоҳурот даст занед. Тазоҳуроти шумо танҳо хилофи қонун буда, ба ғайр аз бадбахтӣ чизи дигаре намедиҳад. Аз сокинони мардуми Бадахшон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки фирефтаи ташфиқоту тарғиботи чанде аз гумроҳгаштагон нагарданд. Зеро созандагию ободкорӣ танҳо дар асоси риояи волоияти қонун оромӣ, осоиштагӣ ва якдилию муттаҳидӣ ба даст меояд.   “ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ...” Таҷрибаи давлатдории халқҳои олам собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он маҳз ба ҳисси миллии ватандӯстӣ кафолати муҳимтарини бақои миллату давлат вобастагии мустақим дорад. Мо бояд фаромӯш насозем, ки мардуми Тоҷикистон масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва ободиву пешрафти мамлакатро ба зиммаи мову шумо вогузор намудааст. Ҳодисаҳои охире, ки дар вилояти Бадахшон рух дода истодааст, ҳисси миллӣ ва худшиносии миллиро коста гардонида ба ифротгароён ва хоинони миллат, ки монеаи ободиву озидии кишвар мегарданд даст мешавад. Аз ин сабаб махсусан фаъолон ва љавонони вилоят бо ҳисси ватандустию рафокат ба чунин дасисаву ифротгароиҳо роҳ надода дар ободию осудагии вилоят саҳмгузор бошанд. Шукрона аз он бояд кард, ки имрӯз давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ бо фарҳангу тамаддуни бояш эътироф намуда, миллати тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёд ва бофарҳангу соҳибтамаддун мешиносанд. Яке аз рукнҳои худшиносии миллӣ ин донистани таърих, фарҳанг, забон, расму оин ва дарк намудани вазъи имрӯзаи миллат мебошад. Хулоса, масоили дар боло зикргардида, ҳар як шахсро ҳушдор медиҳад, ки худшиносии миллӣ ва ватанпарастиро шиори доимии хеш қарор дода, баҳри ободию устувории давлати cоҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро гузошта, ба оромии љомеа ва сулҳу суботи кишварро халалдор насозанд. Нагузорад, ки ягон қувваи носолиму ғаразнок теша ба решаи пойдории ваҳдати миллию рушди иқтисодии давлати мо зананд.   Чаро ба суханҳои беасос бовар кунем?    «Ҳар як насли ҷавон ва худогоҳро лозим меояд, то фирефтаи суханони ин маккорону ҳиллагарон, бадхоҳону тафриқандозон нагарданд, зеро ин душманон ва хоинони миллат асло нияти нек надошта, мақсадашон танҳо бар ҷомеаи мо хиёнат кардан аст».   Набояд фирефтаи  доми душманон гардем…          Тавре маълум аст, воситаҳои ахбори омма ва интернет воситаи дастрасии паҳни иттилоот буда, дар ҷангҳои иттилоотӣ воситаи асосӣ ба шумор мераванд. Мутаассифона, аз ин имконияти интернет ҳар фард ё гуруҳ вобаста ба ҳадафҳои нохалафи худ ба таври гуногун истифода менамоянд. Чун хабарҳои дар сомонаҳои интернетӣ ҷой дошта бо суръати баланд ва ба шумораи зиёди хонандагон дастрас аст, таъсири он низ аз дигар навъи ВАО ба афкори омма бештар аст. Аксар хабари сомонаҳо имрӯз хусусияти фейк (дуруғ)-ро дошта, бо мақсади роҳгум занонидан ва ба андешаи дилхоҳ бовар кунонидани истифодабарандагони ҷой дода мешавад. Гарчанде, бардурӯғ будани хабар дертар исбот шавад ҳам, он алакай, ба афкори ҷомеа таъсир расонида, доир ба масъалаҳои муҳими ҷамъиятӣ андешаҳои нодуруст ба вуҷуд омаданаш аз эҳтимол дур нест.           Аз ин лиҳоз, фаъолияти сомонаҳои иттилоотӣ бояд таҳти назорат сурат гирад. Зеро аксари хабарҳое, ки дар «Паём-news», «Ахбор- соm» ва умуман дигар сомонаҳое, ки иттилои бардурӯғ медиҳанд, албатта ба хақиқат наздикӣ надорад. Илова бар ин, онҳо ба тарафдории гуруҳҳои ғайриқонунӣ машғул мебошанд.      Он душманоне, ки дину виљдон ва хунхору бераҳм ҳастанд,  миллати моро мехоҳанд  ба  доми фиребу найрангҳои  худ кашанд, аммо ба осонї муаяссар намегардад. Мардуми мо хуб медонанд, ки  чӣ давраи сахту сангинеро аз сар гузаронидаанд,   то ин ки ба сулҳу осоиштагӣ қадам гузоранд.  Вале мутмаинам, ки ба ин дурӯғҳо бовар кардани мардум осон нест. Як нуктаи дигаррро мехоҳам қайд намоям, ки хиёнатгарон ба қавле душманони миллат дар Ватани мо  нестанд ва ҳарфи онҳо наметавонад вазъияти мамлакатро такон диҳад.  Чун мақоле ҳаст,  мегӯянд:  «Чоҳ кан зери чоҳ аст». Албатта, ҳар яки онҳо дар назди қонун ҷавобгар аст, рӯзе мерасад, ки товони гуноҳҳои кардаи худро пас бидиҳанд.      Фикр мекунам, ки мардуми босаводу бошуури мо фирефтаи дасисаву найранги ифротгароён намешаванд ва ба ҳар ҳарфи беҷои онон бовар намекунанд. Албатта, ба ақлу дини худ бовар дошта бошем, зеро ҳадафу мақсади мо танҳо ба мардум хидмат кардан аст.  Набояд ба ҳангомаҳои онҳо бовар кунем, зеро натавон  ғаразу кинае дар вуҷуди мо  маскан гирад.      Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пайваста ниҳодҳои мухолифи Тоҷикистон тариқи расонаҳои иттилоотӣ бар он даъвоянд, ки дар Тоҷикистон принсипҳои адолат ва риояи ҳуқуқи инсон беэътиноӣ зоҳир мегардад, яъне риоя намешаванд. Агар чунин мебуд, дар Тоҷикистон зиндагӣ кардан, озодона фаъолият бурдан, кор кардан ва ба ҳамин монанд фаъолиятҳо аз имкон берун мешуд. Аммо ин тавр нест – ку?      Аз ин рӯ, ҳар як насли ҷавон ва худогоҳро лозим меояд, то фирефтаи суханони ин маккорону ҳиллагарон, бадхоҳону тафриқандозон нагарданд, зеро ин душманон ва хоинони миллат асло нияти нек надошта, мақсадашон танҳо бар љомеаи мо хиёнат кардан аст.  Дар рубоёти Умари Хайём хеле хуб омадааст:         Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад,      Як бад накунад то ба худаш сад нарасад.     Ман некии ту хоҳаму ту хоҳӣ бади ман,                                                                           Ту нек набиниву ба ман бад нарасад.                                Андешаҳо оиди филми «Шикасти фитна»  Имрӯзҳо боз ҳам фитнаву талошҳои  аъзоён ва ҳаммаслакони собиқ ТЭТ ҲНИ  дар ВАО интишор гардида, симои аслии онҳоро байни ҷомеа нишон дода истодаанд. Мақсад ва кӯшиши онҳо боз расидан ба ҳадафҳои худ ки боз як бори дигар табадуллоти Тоҷикистонро ба даст ордан аст. Бо ин васила аз ҳар гӯшаву канори дунё ба тариқи расонаҳои ахбори омма баромад карда, пушту паноҳ, такягоҳ бурданро бо созмонҳои хориҷӣ бурда истодаанд. Аз тамошои филми мустанади «Шикасти фитна» воќиф гаштем,ки хоинони миллати тоҷик дар ҷангу ҷӯши Бадахшон саҳми худро гузоштаанд ва кӯшиш намуданд, ки дар як мӯҳлат ҳамватанони моро ноором созанд, аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки хоини гумроҳгаштаи нохалаф ба маќсад нахоҳад расид, чунки мардуми сулҳофари тоҷик намегузорад, ки нохалафе ба сарзамини биҳиштосоямон чашми бад аъло намояд. Ҳамватанони азиз шумо худ шоҳид гаштед, ки нохалафон ба маќсад нарасидаанд ва имрӯз аз кардаи худ пушаймонанд. Баќадри сулҳу ободии кишвар кунем шукрона кунем, ки зери роҳбарии Пешвои муазами миллат кору фаъолият намуда, саҳми арзандаи худро дар ҳимояи марзу буми ватан гузорем.    Шомахмадзода М.Ќ.    Семинари илмию амалии минтақавӣ оид ба мавзӯи “Мубориза бар зидди малах ва гирминаки гамбӯсаки лалмӣ”  Санаи 31 марти соли Ҷорӣ бо иштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода, Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Усмон Маҳмадёрзода, Директори МД Экспедитсияи мубориза бар зидди малах Нусратулло Нозанинзода, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва олимону мутахассисонисоҳа семинари илмию амалии минтақавӣ оид ба “Мубориза бар зидди малах ва гирминаки гамбӯсаки лалмӣ” баргузор гардид.   Олимон ва мутахассисони соҳа оид мубориза бар зидди малах ва гирминаки гамбӯсаки лалмӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуда, барои саривақт пешгирии он тавсияҳои илман асоснок намуданд.     Cеминари илмию-амалии минтакавӣ:дар мавзуи “Идоракунии устувори чарогоҳҳои зимистона дар Тоҷикистон”.   Дар семинари мазкур зиёда олимону мутахассисони соҳаи чорводорию чарогоҳшиносӣ ва парандапарварию ветеринарӣ, намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳуурии Тоҷикистон, мовини аввали Вазири кишоварзӣ Мирзозода М., Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати ҶТ,в.Хатлон.ноҳияҳои (Шаҳритус, Носири Хусрав, Қубодиён, Панҷ, Ҷайҳун, Дустӣ) ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Мақсади баргузории семинари мазкур дар доираи дастуру супоришҳоиҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини рушди минбаъдаи соҳаи чорводорӣ, самаранок истифодабарии чарогоҳҳои табиї ва хўронидани чорво, инчунин муарифии дастовардҳои илмию истеҳсолӣ ва пешниҳоду тавсияҳои илман асосноки усул ва технологияҳои баланд бардоштани ҳосилнокии чарогоҳҳо аз фарсоишёбӣ эмин нигоҳ доштани ва оқилонаю самаранок истифодабарии онҳо мебошад. Дар кисми назариявӣ олимону мутахассисон доир ба дастовардҳои усул ва техналогияиистифодаи самараноки чарогоҳҳои мавсимӣ, хусусан зимистона ва самаранок истифодабурдани онҳо баромадҳо намуданд.     Семинари илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Парвариши хуч дар минтақаи Рашт, бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадами хоҷагидорони ноҳияи Ашти вилояти Суғд»  Санаи 30 марти соли 2022 бо иштироки намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону мутахассисони Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ ва Филиали он дар вилояти Суғд, Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии хоҷагии ҷангал, хоҷагиҳои пешқадами хучпарварӣ ноҳияи Ашти вилояти Суғд, сардорону мутахассисони идораи кишоварзии ноҳияҳои минтақаи водии Рашт, хоҷагиҳои деҳқонии минтақа, ва воситаҳои ахбори омма семинари илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Парвариши хуч дар минтақаи Рашт, бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадами хоҷагидорони ноҳияи Ашти вилояти Суғд» баргузор гардид. Мақсади баргузории семинари ҷумҳуриявӣ таҳлилу баррасии масоили ҳалталаби рушди соҳаи хучпарварӣ, аз ҷумла роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии он, инчунин бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадами хоҷагидорони ноҳияи Ашти вилояти Суғд тақвият бахшидани парвариши хуч дар минтақаи Рашт, дарёфти усулҳои нави парвариш, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сифати он, зиёд намудани истеҳсол, нигоҳдорӣ, маркетинг, содирот, инчунин ҳавасмандгардонии хоҷагидорон ва таъмини аҳолӣ бо ниҳолҳои хушсифати буттаҳои хуч мебошад. Олимон ва мутахассисони соҳа дар маърӯзаҳои худ оид ба масъалаҳои ҳалталаби рушди соҳаи хучпарварӣ, роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии он дар шароити ноҳияҳои минтақаи Рашт, мубориза бар зидди касалию зараррасонҳо, тадбирҳои беҳтар намудани ташкили хоҷагидорӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, инчунин баланд бардоштани даромаднокии соҳа тавсияю дастурҳо пешниҳод намуданд. Дар қисми амалӣ иштирокчиён дар Хоҷагии деҳқонии “Ҳомидҷон”-и Ҷамоати деҳоти Қалъанак, деҳаи Қалъанаки ноҳияи Рашт аз рафти омода намудани замин ва шинонидани ниҳолҳои хуч дар минтақа, шинос шуданд.     Cеминари илмию амалии минтақавӣ дар мавзӯи «Башаклдарорӣ ва шохабурии дарахтони мевадиҳанда» Санаи 28.01.2022 дар Филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ,  Cеминари илмию амалии минтақавӣ дар мавзӯи «Башаклдарорӣ ва шохабурии дарахтони мевадиҳанда» бо иштироки намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, олимону мутахассисони Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ ва Филиали он дар вилояти Суғд, сардорону мутахассисони , идораи кишоварзии ноҳияҳои минтақаи вилоят, хоҷагиҳои деҳқонии минтақа, воситаҳои ахбори омма баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории семинар таҳлилу баррасии масоили ҳалталаби рушди соҳаи боғпарварӣ, аз ҷумла башаклдарории дарахтони мевадиҳанда ва ангур, дарёфти усулҳои нави парвариш, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сифати он, зиёд намудани истеҳсол, нигоҳдорӣ, маркетинг, содирот, инчунин ҳавасмандгардонии хоҷагидорон ва таъмини аҳолӣ бо ниҳолҳои хушсифати дарахтони мевадиҳанда мебошад.               Ӯзбекистон дар Тоҷикистон “Боғи дӯстӣ” бунёд мекунад.  Дар 17,02,2022 Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон академик Нуралӣ Асозода, роҳбари гурӯҳи кории Ҷумҳурии Узбекистон Шуҳрат Абдураҳмонов, муовини сардори идораи Вазорати кишоварзиро ба ҳузур пазируфт.Дар ин дидору гуфтугӯ ҷонибҳо робитаҳои ҳамкории Тоҷикистону Узбекистонро дар соҳаи илми кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин дар ин мулоқот академик Нуралӣ Асозода ишора ( ё таъкид) ба   иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъсиси корхонаи муштарак дар заминаи институти зироаткорӣ ва ҷамияти саҳҳомии “Grapes and Garden investent” – и назди Агентии рушди боғпарварӣ ва бунёди гармхонаҳои Вазорати кишоварзии Узбекистон ҷиҳати бунёди боғи интенсивӣ таҳти унвони ”Боғи дӯстӣ ” бо сармоягузории кишвари ҳамсоя дар Тоҷикистон кард. Ҳадафи сафари гурӯҳи кории Узбекистон ба кишвари мо, шиносоӣ бо шароити таъсиси боғи интенсивӣ таҳти унвони ”Боғи дӯстӣ” ва масоҳати замин дар ҳаҷми 20.0 га мебошад. Ҷонибҳо алоқамандии худро барои ҳар чӣ зудтар таъсис додани “Боғи дӯстӣ” дар соли ҷорӣ изҳор доштанд.     Семинар-машварат дар мавзӯи  «Шаклдиҳӣ ва шохабурии дарахтони мевадиҳандаю ангур ва усулҳои технологияи шинонидани онҳо»  Ҷиҳати иҷрои супориши Президенти АИКТ санаи 05 феврали соли 2022 дар деҳаи “Лолазор”-и Ҷамоати деҳоти Пушунги ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон семинар-машварат дар мавзӯи «Шаклдиҳӣ ва шохабурии дарахтони мевадиҳандаю ангур ва усулҳои технологияи шинонидани онҳо» баргузор гардид.  Дар кори семинар намояндагони Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, олимону мутахассисони Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ, сардору мутахассисони идораи кишоварзии ноҳияи Данғара, хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Мақсад аз баргузории семинар ин рушди соҳаи боғу токпарварӣ, таҳлилу баррасии масоили ҳалталаби соҳа, аз ҷумла дарёфти усулҳои нави парвариш, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сифати он, зиёд намудани истеҳсол, нигоҳдорӣ, маркетинг, содирот, инчунин ҳавасмандгардонии хоҷагидорон ва таъмини аҳолӣ бо ниҳолҳои хушсифати дарахтони мевадиҳанда мебошад.  Олимон ва мутахассисони соҳа вобаста ба масъалаҳои ҳалталаби рушди соҳаи боғпарварӣ, роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии дарахтони мевадиҳанда, усулҳои дурусти шаклдиҳи ва шохабурии дарахтони мевадиҳандаю ангур, мубориза бар зидди касалию зараррасонҳо, тадбирҳои беҳтар намудани ташкили хоҷагидорӣ дар бунёди боғҳои замонавӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, инчунин баланд бардоштани даромаднокии соҳа тавсияҳои илман асоснокро пешниҳоди иштирокдорон намуданд.                 Сада-Ҷашни гармию нур    30-юми январи соли 2022 дар Боғи фарҳангию фароғатии А.Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада бо шукуҳу шаҳомати хоса бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо ва кишоварзони мамлакат баргузор гардид. Сада аҳли заҳмат, яъне деҳқононро аз фароғати зимистона берун оварда, ба андешаи мавсими нави кишоварзӣ ва боғдорӣ водор менамояд. Аз ин лиҳоз, кишоварзон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ бо муаррифии маҳсулотҳои кишоварзӣ ва омодагии худ ба мавсими нави кишту кор фаъолона иштирок намуданд.    Олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ дастовардҳои илмии худро ба намоиш гузошта, инчунин бо мақсади пешниҳоди дастуру тавсияҳои илмӣ ба хоҷагидорон, гӯшаҳои тавсиядиҳӣ ташкил намуданд.    Дар ҷамъбасти чорабинӣ Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар таҷлили “Иди Сада ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ”, инчунин саҳми сазовор гузоштан дар пешбурди сиёсати аграрӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат бо сипосномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.      ҲИСОБОТИ МУХТАСАР ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2021 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 202  Санаи 5-уми январи соли 2022 дар толори АИКТ маҷлиси умумии солонаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзоёни вобастаи АИКТ, роҳбарон ва кормандони муассисаҳои илмӣ, инчунин намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии ҶТ, Вазорати кишоварзии ҶТ, Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҲҶТ ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур иштирок намуданд.   Дар ҷаласа ҳисоботи Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Н.М. оид ба фаъолияти АИКТ дар ҷамъбасти соли 2021 шунида шуд.     Ҳамзамон аъзоёни раёсати АИКТ ва меҳмонон суханронӣ намуда, ҳисоботи солонаро қаноатбахш арзёбӣ намуда, фикру андеша ва пешниҳодҳои худро ҷиҳати рушди минбаъдаи илми кишоварзӣ иброз намуданд. Дар охири барои дастовардҳои назарраси илмӣ дар рушди илми кишоварзӣ, тайёр намудани кадрҳои илмию педагогӣ, нашри асару мақолаҳо, татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот, инчунин меҳнати софдилона ва саҳми арзанда дар корҳои ҷамъиятию ободонӣ дар соли 2021, олимону мутахассисони муассисаҳои илмии АИКТ бо «Диплом», «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Академия сарфароз гардонида шуданд.      Суратгузориш аз ҷараёни тамошои дастаҷамъонаи ҳайати кормандони АИКТ, Институти боғу токпарварӣ ва Институти хокшиноси ва агрохимия аз рафти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     Тантанаи ҷашни Рӯзи Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон     Санаи 23.11.2021 дар маҷлисгоҳи васеи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони АИКТ ва роҳбарони институтҳои илмӣ - татқиқотии академия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.    Ҷамъомади тантанавиро ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Амиршоев Ф.С. оғоз намуда, ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику шодбош гуфтанд. Инчунин аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳифзу пойдории он, нақши созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, махсусан кайд карданд:    Ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Нишон, Парчам ва Суруди миллии он дар ҷаҳон муаррифӣ мегардад, зеро ин рамзҳо рамзҳои Истиқлолият ва нишонаи асосии давлатҳо ба шумор мераванд.    Эҳтироми парчам эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ аст, зеро Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти давлатӣ ва рамзи баҳамоиву ваҳдатофарӣ маҳсуб мешавад.    Ин аст, ки дар даврони соҳибистиқлоли барои боз ҳам боло бурдани нуфуз ва эҳтироми Парчами миллӣ дар ҷомеа, бахусус миёни ҷавонон аз тарафи Ҳукумати мамлакат тадбирҳои назаррас амалӣ карда шудаанд.    Парчам нишони сарфарозиҳои мардуми тоҷик, далели шуҳрату иқболи баланд ва шукӯҳафзои истиқлоли кишвар, инчунин баёнгари ормонҳои миллат ва шӯълаи имони мардуми бонангу номуси Тоҷикистони соҳибихтиёр мебошад.    Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати таърихӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад. Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша саъю талош кунем, ки Парчами миллии мо ҳар фарди кишвари азизро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва пеш аз ҳама, ба ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.    Сипас котиби илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов, Академики АИКТ Комилзода Давлатҷон, котиби илмии Институти Боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ Ҷалолиддин Фозилов ва кормандони дигар институтҳои Акдаемия оид ба нақши парчам дар рушди давлатсозиву давлатдорӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.    Пас аз маърӯзаҳои пурмуҳтаво аз ҷониби раёсати Академия филми мустанадеро, ки таҷассумгари ҷашни парчами миллӣ буд, пешкаши иштирокчиён намуданд.    Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбарият бори дигар кулли кормандон ва меҳмононро бо ин рӯзи фархунда табрику муборакбод намуда, онҳоро барои ҳифзи муқадасоти миллӣ, дастовардҳои Истиқлолият ва меҳнати софдилона ба халқу диёри хеш ҳидоят намуданд.    Бигзор парчами пурҷилло ва нурафшони Истиқлолият асрҳои аср дар фазои озоди кишвари соҳибистиқлоламон парафшонӣ намояд.   Санаи 16- ноябр дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаро президенти Академия, академик Асозода Нуралӣ Маҳмадулло бо шунидани суруди миллӣ ҳуснандоз намуд. Дар ҷаласа кормандони Раёсати Академия, роҳбарон ва кормандони муассисаҳои илмии АИКТ, магистрантҳо, аспирантҳо ва докторантҳо иштирок намуданд.    Раиси ҷаласа, қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақте сари қудрат омад, ки вазъият дар марказ ва ҷануби Тоҷикистон бениҳоят мураккаб буд. Дар шароити чунин басо мушкил, ки миллат дар вартаи нестшавӣ қарор дошт, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсат ворид гардид. Ин шахсияти таърихӣ тавонист бо ақлу заковат, хираду дурандешӣ, бо ҳазорон заҳмату талош мамлакатеро, ки шохаҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида буд, ба по хезонад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа нурӯи созандаеро рӯи кор овард, ки мардуми кишвар дар атрофи ӯ муттаҳид гардида, ба нерӯи бузурги созанда табдил ёфтанд.     Бо дарназардошти ин гуфтаҳо аз соли 2016 ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон додани унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ҳамасола дар сар то сари кишвари соҳибистиқлоламон 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.     Дар ҷаласа, ҳамзамон баромади академик Пиризода Ҷалил Сафар дар мавзӯи “Нақши Президенти мамлакат дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ” ва баромади номзади илмҳои филологӣ Салимзода Маҷид Одина дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар шиносоии тоҷикон дар дунё” шунида шуд.    Пас аз шунидани баромадкунандагон, ба таваҷҷуҳи иштирокчиён филми мустанад бахшида ба хизматҳои арзандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҷумҳурӣ ва беҳдошти некуаҳволии халқ пешниҳод гардид.      Санаи 9-уми ноябри соли 2021 дар толори васеъи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ оид ба «Рушди илми кишоварзӣ дар даврони истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар Конференсияи мазкур Сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабурзода Мирзодавлат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Рустам, Фазлиддин Икромов, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, намояндаи Кумитаи Марказии Иттифоқҳои касабаи комплекси агросаноатӣ Сафаров Миралӣ Сафарович, муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Ҳ, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Маҳмадёрзода Усмон Маъмур, директорони Институтҳои АИКТ, олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва намояндагони телевизион ва радиои ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар ибтидои чорабинӣ иштирокчиёну меҳмонон аз намоиши дастовардҳои олимони соҳа, ки дар саҳни Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба марази тамошо гузошта шуда буд дидан намуда, ба он баҳои баланд доданд. Ҷаласаро президенти АИКТ Асозода Н.М. оғоз намуда, ташрифи меҳмононро ба ин махзани илми кишоварзӣ ва 30 -солагии таъсисёбии АИКТ самимона табрику таҳният гуфтанд. Пас аз маърӯзи пурмуҳтавои президенти АИКТ Асозода Н.М., Сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабурзода Мирзодавлат, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р. вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Рустам, Раиси Кумитаи Марказии Иттифоқҳои касабаи комплекси агросаноатӣ Сафаров Миралӣ Сафарович, муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Ҳ. ва ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Маҳмадёрзода Усмон оид ба рушду дастовардҳои Акдемияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуданд. Сипас дар рафти конференсияи мазкур якқатор олимони соҳаи парандапарварӣ, боғу токпарварӣ ва дигар самтҳои кишоварзӣ баромадҳои пурмуҳтаво намуда, барои рушду пешрафти соҳа тавсияҳои судманди илмиро пешниҳод карданд.       Дар фарҷоми қисми аввали чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти АИКТ, АИМТ, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Марказии Иттифоқҳои касабаи комплекси агросаноатӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур олимону мутахассисони пешқадами соҳаро бо диплом, медали 90- солагии ДАТ, ифтихорномаву сипоснома қадрдонӣ намуданд.  Санаи 28.10.2021 дар Маркази миллии захираҳои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо иштироки намояндагон аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, Институти зироаткории АИКТ, институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ, Маркази илмии технологияҳои инноватсионӣ ва механиконии кишоварзии АИКТ, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии хоҷагии ҷангал, раёсати Маркази миллии захираҳои генетикии АИКТ, сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар шахсони расмӣ семинари илмӣ - амалии минтақавӣ дар мавзӯи «Нақши захираҳои генетикӣ барои селексия, тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ, дарахтони мевадиҳанда ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолу коркарди аввалияи маҳсулоти растанипарварӣ тавассути воситаҳои техникӣ» баргузор гардид.      Сараввал директори Маркази миллии захираҳои генетикӣ н.и.к. Кароматов Ш.Ш. ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, ташрифи меҳмононро ба семинари илмӣ – амалӣ хайрамақдам намуданд. Ҳамчунин барои пешбурди кори ҷаласа сухан ба сардори шуъбаи таълим, илм ва тайёр кардани кадрҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Саидова Ҷамила Самадовна дода шуд. Ӯ дар маърӯзааш вобаста ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва мушкилоти имрӯзаи соҳа суханронӣ намуда, баҳри амалӣ намудани камбудиҳои ҷойдошта ибрози назар намуд.      Тибқи талаботи барномаи семинар директори Маркази илмии технологияҳои инноватсионӣ ва механиконии кишоварзӣ Сафаров Маҳмадҷон оид ба «Баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот барои растанипарварӣ дар қитъаҳои хурдандоза тавассути истифодабарии мошинолотҳои хурдҳаҷм» баромади пурмӯҳтаво намуда, иброз дошт: Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари аграрӣ буда, майдони заминҳои кишоварзӣ ҳамагӣ 13%, аз он ҷумла заминҳои обӣ 8%- ро аз майдонҳои умумии кишоварзӣ ташкил медиҳанд. Қисми зиёди аҳолии қобили меҳнат асосан дар деҳот умр ба сар бурда, ба кишоварзӣ машғуланд. Қобили зикр аст, ки кишоварзони мамлакат сол аз сол дар натиҷаи меҳнати софдилона ва самаранок истифода бурдани ҳар порча заминҳои кишвар ҳосилнокии ҳамагуна зироатҳои кишоварзиро давра ба давра баланд намуда, барои амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои миллӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.     Сипас, директори Маркази миллии захираҳои генетикии АИКТ Кароматов Ш.Ш. оид ба “Истифодаи захираҳои генетикии зироатҳои кишоварзию дарахтони мевадиҳанда барои селексия ва тухмипарварӣ”, мудири шуъбаи зироатҳои равғандиҳанда Нарзулоев Т. С. доир ба “Нақши селексия ва тухмипарварии зироатҳои равғандиҳанда барои истеҳсоли равғани растанӣ дар ҷумҳурӣ”, мудири шуъбаи ҳифзи наботот Толиҳов Ҷ. А. оид ба “Зараррасонҳои анбор ва чораҳои мубориза бар зидди онҳо”, мудири шуъбаи мева ва буттамевагиҳои Институти боғу токпарварӣ Раҳматов С. оид ба “Гуногунии дарахтони мевадиҳанда ва роҳҳои нигоҳдории онҳо”, корманди Маркази илмии технологияҳои инноватсионӣ ва механиконии кишоварзӣ Исматов Қ.Н. дар бораи «Баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот барои коркарди аввалияи маҳсулоти кишоварзӣ тавассути истифодабарии мошинолотҳои хурдҳаҷм», ходими калони илмии шуъбаи дарахтони чангал ва селексияи пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии хоҷагии ҷангал Насруллои Аваз оид ба «Натиҷаҳои омӯзиши генофонди чормағзи Юнонӣ», маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд. Дар интиҳои семинар иштирокчиён аз қитъаҳои таҷрибавии ММЗГ-и АИКТ ва мошинолотҳои хурдҳаҷми Маркази илмии технологияҳои инноватсионӣ ва механиконии кишоварзӣ дидан намуда, ба кори онҳо баҳои баланд доданд.     Конференсияи Ҷумҳуриявии илмию амалии дар мавзўи «Харитасозӣ, равишҳои таназзули хокҳо ва истифодаи устуворонаи замин дар шароити тағйирёбии иқлим» маълумоти бештар... ДАСТГИРИИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ҶАВОНОН ДАР СОЛҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ Пас аз 6 моҳи соҳибистиқлол эълон гардидани кишварамон, аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии ҷавонон – “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, 13 марти соли 1992 қабул гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, қонуни асосии ҷавононро қабул намуд. Ин бори дигар собит месозад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад. Қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои пайваставу мунтазами роҳбари давалат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ва бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир ва билохира эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар мебошад. Имрӯзҳо лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» ва «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав таҳия гардида истодаанд, ки бо қабули санадҳои мазкур фаъолияти ҷавонон дар ҷомеа боз ҳам беҳтар ба танзим дароварда мешавад. Бо шуғли доимӣ таъмин кардани ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии ҳукумати кишвар мебошад. Дар ин самт Ҳукумати Тољикистон тадбирҳои иловагӣ андешида, фоизи қувваи кориро аз ҳисоби ҷавонон боз ҳам баланд бардошта истодааст. Зеро, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавон буда, синни миёнаи аҳолии он 24 сол аст ва 70 дарсади онро шахсони то 30-сола ташкил медиҳанд. Раванди омодасозии мутахассисони ҷавон ва пешбарии онҳо ба мақомҳои гуногуни давлатӣ, таълиму тарбияи онҳо дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар мадди назари ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, фаъолият дар ин замина хусусиятҳои нав касб намудааст. Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Ғамхории давлат нисбат ба ҷавонон, рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Шароитҳои беҳтарин дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омӯзишгоҳҳову коллеҷҳо фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон имкон доранд, ки дар донишгоҳҳои олии мамлакат ва ё дар хориҷи кишвар таҳсили илм намоянд. Ҷомеа ё кишваре, ки дар навбати аввал ба таълиму тарбия, рушди маърифатнокӣ ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намекунад, ба сатҳи баланди инкишоф расиданаш ба гумон аст. Имрӯз қисми зиёди ҷавонон аз моҳияту мафҳумҳои “Ватан” ва “ватандӯстӣ” огаҳӣ пайдо кардаанд. Ҷавонони мо аз таваҷҷуҳи мунтазами Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд. Бо назардошти ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиротҳо ба “Қонуни хизмати ҳарбӣ” ворид намуда, масъулияти ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ бештар намуд. Дар таҳияи “Қонуни хизмати ҳарбӣ” ба он ҷавононе, ки хизмати ҳарбиро бо сари баланд адо менамоянд имитиёзҳо пешбинӣ гардид. Воқеан, имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ: сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу варзиш, кишоварзӣ, тандурустиву саноат саҳми бориз доранд ва дар як вақт давлат низ ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳуқуқи онҳоро ба моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ низ кафолат медиҳад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, ҷавонон ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва таҳсил дошта, ҳамзамон давлат дастгирии оилаҳои ҷавон ва иҷтимоии ҷавононро дар мадди аввалиндараҷа қарор медиҳад. Инчунин дар соҳаи варзиш ҷавонон аз мусобиқаҳои шаҳрӣ то байналмилалӣ дар баробари дигар давлатҳои тараққикарда фаъолона иштирок намуда бо дастовардҳои худ Тоҷикистонро берун аз он муаррифӣ намуда, парчами онро рӯз то рӯз баланд бардошта истодаанд. Эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» иқдоми навбатии Пешвои миллат барои дастгирии наврасон ва ҷавонон аст, зеро дар доираи он ҳар як ҷавони илмдӯст метавонад рӯ ба омӯзиши ҷиддии ин илмҳои ҳаётан муҳим оварад ва дар рушди минбаъдаи кишвар ҳиссаи босазои худро гузорад, зеро ояндаи Тоҷикистон ба амиқу ҳаматарафа аз худ кардани ин илмҳо сахт алоқаманд мебошад. Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар радифи омодакунии кадрҳои илмӣ бахшҳои магистратура, аспирантура, докторантура ва постдокторантура таъсис додааст, ки дар он бахшҳо ҷавонон бо мавзӯъҳои мухталиф таҳқиқотҳо ҷиҳати пешрафти соҳаҳои гуногуни мамлакат ҳиссагузорӣ менамоянд. Сол ба сол ҷалби ҷавонон ба корҳои илмии соҳаи кишоварзӣ бештар гардида истодааст. Ҳоло дар бахши магистратура 116 магистрант, аспирантура 56 аспиранту унвонҷӯ ва докторантура PhD бошад, 63 докторант ба таҳсил фаро гирифтаанд. Ҳамасола зиёда аз 20 нафар ҷавонон ба марказҳои бонуфузи хориҷи кишвар барои бозомӯзӣ сафарбар карда мешаванд. Ин ҳадаф имконият медиҳад, ки ҳиссагузории ҷавонон дар рушди илми кишоварзӣ бештар гардад. Ҳамзамон, дар соҳаи илму маориф дар солҳои истиқлолият Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (КОА) таъсис дода шуд, ки ба ҷавонон имкон медиҳад то дар қаламравӣ кишварамон рисолаҳои илмии худро дифоъ намоянд. Бо ин ташаббус, ҳамасола зиёда аз 15-20 нафар олимони ҷавони Академия рисолаҳои илмии худро дар мавзӯҳои рузмараи рушди илми соҳа дифоъ намуда истодаанд. Мо олимони ҷавон барои ободии диёри азизи номдорамон – Тоҷикистон, ноил гаштан ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва боло рафтани обрӯю нуфузи он дар ҷаҳони имрӯза кору пайкор хоҳем кард. Боварии комил дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик як давлати аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешрафта мегардад, зеро бунёди роҳҳо, пойгоҳҳои барқӣ, пулҳои боҳашамат ва нақбҳои нақлиётӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ нишонаи рушду нумӯ буда, моро ба тамоми қитъаҳои дунё мепайвандад. Сарзамини куҳанбунёд ва тамаддунофари мо дар домони худ қаҳрамонони бемисл, абармардони роҳи сулҳу салоҳ ба монанди қаҳрамонони халқи тоҷик Темурмалику Восеъ, қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ѓафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур барин фарзандони фарзонаро ба воя расонидааст. Боварӣ ҳаст, ки ин сарзамини зархез дар оянда низ чунин мардони бошарафро барои миллату давлати саодатманди тоҷик тарбия хоҳад намуд.   НУРЗОДА НАЗАР Корманди Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Санаи 13.08.2021 бо иштироки намоянда аз Вазорати кишоварзии ЉТ, Раёсати АИКТ, ДАТ ба номи Ш. Шоњтемур, Институти боѓу токпарварї ва сабзавоткории АИКТ, Институти зироаткории АИКТ олимону мудирони шуъбањои ММЗГ, мутахассисон, роњбарони хољагињои дењќонию инфиродии “Ибод-и” дењаи “Њазора”-и н. Рўдакї, хољагии дењќонии “Баракат”-и н. Рўдакї, хољагии дењќонии “Мурод-94”-и н. Синои ш. Душанбе, хољагии дењќонии “Наврўз”-и н. Рўдакї, хољагии дењќонии “Мењнат”-и ноњия Рўдакї, њољагии дењќонии “Самара”-и ноњияи Рўдакї, намоядагони шабакаи якуми телевизионї ТВТ-1 ва дигар кишоварзон дар ќитъањои таљрибавии Маркази миллии захирањои генетикии Академияи илмњои кишоварзии Тољикистон “Рўзи сањро» дар мавзўъи «Тарзи гузаронидани пайвандњои дарахтони мевадињандаи мањњалї» баргузор гардид.         Дар ин чорабинї олимони ММЗГ-и АИКТ усулњои гуногуни пайванди дарахтони мевадињандаро ба њозирин муфассал нишон доданд. Маќсади асосии баргузор намудани “Рўзи сањро”  ин пеш аз њама тањлилу баррасї намудани усулњои гузаронидани пайвандњо дар нињолхонаи дарахтони мевадињандаи тухмакдору донакдори мањаллї ва њамавлоди ёбоии онњо, ки барои офаридани навъњои нави мањсулнок њамчун сарнасл истифода мешаванд, ва тавасути пайвандњои гуногун баланд бардоштани њосилнокии дарахтони мевадињанда мебошад. Олимон Марказ ва мутахассисон самтњои афзалиятноки илм ва истењсолоти кишоварзї, наќши захирањои генетикии зироатњои кишоварзї дар рушди соњаи селексия ва тухмипарварї, нињолпарварї, боѓдорї, татбиќи корњои илмию тањќиќотиро дар ин чорабини мусбат арзёби намуданд. Иштирокдорон пас аз музокираву баррасињо, мавзуъи рўзи сањроиро масъалаи муњими соњаи кишоварзї њисобида, ба хулоса омаданд, ки вохурии имрўза моњияти муњими илмию амалї дошта, барои њалли масъалањои соњаи кишоварзї, алалхусус дар соњаи боѓу токпарварї, нињолпарварии дарахтони мевадињанда сањмгузор шуда метавонад. Санаи 23-уми июли соли 2021 дар толори васеи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон конфуронси байналмилалӣ оид ба «Роҳҳои муосири пешгирии бемориҳои бештар паҳнгардидаи сироятӣ ва инвазионии чорвои кишоварзӣ» баргузор гардид.    Дар кори конфуронс Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ Маҳмадулло, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Музаффар., намояндаи маҷлиси Намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зайниддин Сафаров, намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Андамов, якқатор меҳмонон аз хориҷи кишвар, директорони муассисаҳои илмии АИКТ ва дигар шахсони расмӣ иширок намуданд.    Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ А.М. оғоз гардида, вобаста ба масъалаҳои мубрами соҳаи чорводорӣ баромад намуд.      Сипас муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода М., намояндаи маҷлиси Намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров З, намоянадаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Андамов И., ва дигар олимони соҳаи тибби ветеринарии АИКТ Амирбеков М., инчунин ва якгурўҳ олимон аз ҷумҳурии Чин, Россия, Амрико тавассути онлайн вобаста роҳҳои муосири пешгирии бемориҳои бештар паҳнгардидаи сироятӣ ва дигар мавзўҳои мухталифи соҳа тибби ветеринарӣ баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.     Санаи 14-уми июли соли 2021 маҷлиси васеи Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Точикистон оид ба фаъолияти муассисаҳои илмии АИКТ дар шаш моҳи аввали соли 2021 ва вазифаҳои барои минбаъда дар толори маҷлисии АИКТ баргузор гардид.    Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ А.М. оғоз гардида, вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2021 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ аз ҷониби ноиби президенти АИКТ Амиршоев Ф. ахбороти муфассал пешниҳод карда шуд. Дар кори ҷаласа муовини Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Каромиддин Холзода, намояндаи маҷлиси Намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фазлиддин Икромов, Сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров, директорони муассисаҳои зертобеи АИКТ ва дигар шахсони расмӣ иширок намуданд.      Дар кори ҷаласа роҳбарони муассисаҳои илмии АИКТ аз дастовардҳои соҳаи хеш ва корҳои иҷрогардида дар шаш моҳаи соли ҷорӣ бо навбат ҳисоботи муфассал пешиҳод намуда, вобаста ба мушкилиҳои чойдошта суханрониӣ намудан. Барои иҷрои саривақтии камбудиҳои ҷойдошта ва вазифаҳои дар пешистода аз ҷониби роҳбарият ба ҳаряки онҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.        КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛИИ БАЙНАЛМИЛАЛИ - «ҲОЛАТ ВА ДУРНАМОИ МУКАММАЛГАРДОНИИ ХУСУСИЯТҲОИ ИРСИЮ МАҲСУЛНОКИИ ГӮСФАНДОНИ ЗОТҲОИ ДУМБАДОР»   29 ИЮНЯ 2021 года, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон   Мувофиқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 майи 2021с., №12604, 29 июни соли ҷорӣ дар ш.Душанбе, Институти Чорводорӣ ва чаргоҳи академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛИИ БАЙНАЛМИЛАЛИ - «ҲОЛАТ ВА ДУРНАМОИ МУКАММАЛГАРДОНИИ ХУСУСИЯТҲОИ ИРСИЮ МАҲСУЛНОКИИ ГӮСФАНДОНИ ЗОТҲОИ ДУМБАДОР» (онлайн), бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳаи гӯсфандпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия,Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Казахстон, Ҷумҳурии Кирғизистон, Украина, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон ва Канада батариқи маҷозӣ(онлайн) баргузор гардид. Дар кори конфронсия намояндагони дастгоҳи иҷроияи апарати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,Вазорати Кишоварзӣ,Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти махсуси назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,Намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ,Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон,Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ва роҳбарони хоҷагиҳои гӯсфандпарварӣ инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма(зиёда аз 120-нафар) ширкат варзиданд. Мақсади конференсияи мазкур таҳлил ва барасии маводҳои ҳолати кунунии гӯсфандпарвари аз ҷумла гӯсфандони зоти думбадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷи дуру наздик,натиҷаҳои ба даст оварда нисбати ташакулдиҳии сифатҳои зотӣ ва маҳсулнокӣ истифодабарии самаранок,васеъ намудани мавзеи парвариши онҳо ва дар асоси ин коркарда баромадани нақшаҳои дурнамои инкишофи устувории соҳа бо назардошти дастовардҳои илм ва таҷрибаи пешқалам маҳсуб меёбад.       Иштирокчиёни конференсия умедворанд,ки ҳамкориҳои муштарак барои пешрафти минбаъдаи соҳаи парвариши гӯсфандони зоти думбадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо низ мусоидат менамояд.       Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзўи «Усулҳои муосири селексия ва тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ, технологияи инноватсионии рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва захираҳои генетикии он»   аз 24 июни соли 2021                           ш. Душанбе   Конференсияи мазкур мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2021, №88 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» тасдиқ гардида, дар толори Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистонбаргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳур, олимону мутахассисони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, мутахассисони идораи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, хоҷагидорон ва васоити ахбори омма иштирок намуданд. Инчунин зиёда аз 80 - нафар хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Мақсади баргузории конференсия таҳлилу баррасии масоили ҳалталаби рушди соҳаи селексия ва тухмипарварӣ, дарёфти усулҳои нави парвариш, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сифати маҳсулотҳои кишоварзӣ, зиёд намудани истеҳсол, инчунин ҳавасмандгардонии хоҷагидорон, таъмини аҳолӣ бо тухмиҳои хушсифати навъҳои ватании зироатҳои кишоварзӣ ва ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаю ангур мебошад. Олимон ва мутахассисони соҳа дар маърўзаҳои худ оид ба масъалаҳои ҳалталаби селексия ва тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ, рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар асоси боғҳои интенсивӣ, нақши захираҳои генетикӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ, интихоби навъҳо, тухмии репродуксияҳои баланддоштаи зироатҳои кишоварзӣ, коркарди замин пеш аз кишт, риоя намудани агротехникаи парвариш, мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳо, тадбирҳои беҳтар намудани ташкили хоҷагидорӣ дар парвариш, ҷамъоврии ҳосил, инчунин баланд бардоштани даромаднокии соҳа дар парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ тавсияю дастурҳо пешниҳод намуданд. Дар қисми амалӣ иштирокчиён, аз қитъаҳои тухмипарварии Хоҷагиҳои таҷрибавии “Зарнисор” ва “Зироаткор”-и Институти зироаткории АИКТ дар шаҳри Ҳисор дидан намуданд. Иштирокчиёни конференсия масъалаҳои ҳалталаби соҳаи кишоварзиро баррасӣ намуда, ҷиҳати рушди соҳа дар шароити ҷумҳурӣ пешниҳодҳои зеринро манзур намуданд: - мустаҳкам намудани робитаи илм бо истеҳсолот, васеъ намудани майдони кишти селексияи ватании зироатҳои кишоварзӣ; - вусъат додани ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои илмии хориҷи кишвар оид ба дастрас намудани навъу намунаҳои серҳосил ва сифати баланд доштаи тухмии зироатҳои кишоварзӣ, ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаю ток; - ташкили экспедитсияҳои мутамарказонидашуда ҷиҳати дарёфти навъҳои маҳаллӣ дар пешрафти захираҳои генетикӣ; - истифодаи самараноки заминҳои талу теппаҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои ҷумҳурӣ дар бунёди боғу токзорҳо; - риоя намудани талаботҳои технологияи парвариши зироатҳои кишоварзӣ вобаста ба шароити ҷумҳурӣ; - сари вақт ва хушсифат гузаронидани маҷмўи чорабиниҳо оид ба мубориза бар зидди касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ, дарахтони мевадиҳанда ва ток; - андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати таъмини намудани эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ бо тухмии хушсифати зироатҳои кишоварзӣ, ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ток; - ташкил намудани мағозаҳои фўрўши нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳои баландсифат дар маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ; - мустаҳкам намудани пойгоҳҳои моддию техникии муассисаҳои илмии АИКТ оид ба селексияи ватании зироатҳои кишоварзӣ; - мусоидат кардан барои таҷрибаомўзӣ фиристодани олимони ҷавони селексионер ба муассисаҳои илмии хориҷи кишвар;    Даври аввали гузаронидани апробатсияи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар Маркази миллии захираҳои генетикӣ-и АИКТ, 01.06.2021с.             Конференсияи байналмилалии «Дастовардҳои муосир оид ба селексия ва тухмипарварӣ, технологияи инноватсионии парвариши пахта», 20-21 сентябри с.2019, вилояти Суғд, ш. Гулистон Конференсияи мазкур дар ҳошияи ҷарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.03.2019, №79 «Дар бораи нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агенти беҳдошти замин ва оберии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Сарраёсати кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО), олимон аз ҷумҳуриҳои Ўзбекистон, Қазоқистон, муассисаҳои илмии соҳавии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони муассисаҳои хизматрасонии агрокимиёвӣ, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ аз минтақаҳои ҷумҳурӣ, фермерон, хоҷагидорон ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Ҳадаф аз баргузории конференсияи мазкур таҷлилу баррасии, дарёфти роҳу усулҳои нави офаридани навъу намуна ва дурагаҳои пахтаи селҳосилу устувор ба касалию дигаргуншавии иқлим, тарҳрезии технологияи инноватсионии парвариши он ва баланд бардоштани ҳосилнокии ин зироати стратегӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳаи пахта ва коркард намудани он дар ҷумҳурӣ ва таъмини аҳоли бо ҷои кор мебошад. Олимон ва мутахассисони соҳа дар маърузаҳои худ қайд карданд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, алалхусус доир ба беҳтар намудани соњаи пахтапарварӣ ҷарору супоришҳо ва барномаҳои дахлдори соҳа қабул гардида, чорабиниҳо ҷиҳати зиёд намудани майдони кишти пахта ва баланд бардоштани ҳосилнокии он ба таври лозимӣ амалӣ гардида, майдон ва ҳосилнокии ин зироати стратегӣ сол аз сол зиёд гашта истодааст. Мувофиқи таҳлилҳо барои баланд бардоштани ҳосилнокии пахта бояд аз ҷониби корхонаҳои тухмипарварӣ хоҷагиҳо бо тухмиҳои баландсифат саривақт таъмин гардида, барои хариди нурӣ, сузишворӣ ва техникаи кишоварзӣ ба хоҷагиҳо додани қарзҳои бонкии дарорзмўҳлат бо фоизи паст ва дастгирии давлатӣ мувофиқи мақсад мебошад. Конференсия дар натиҷаи баромади олимон ва мутахассисон, барои рушди соҳаи пахтапарварӣ дар ҷумҳурӣ амалӣ намудани чорабиниҳои зеринро пешниҳод менамояд: - иҷрои қарору супоришҳои Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ба хусус пахтапарварӣ, зиёд намудани ҷои корӣ таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ; - васеъ намудани таҳқиқотҳои селексионӣ оид ба офаридани навъу намунаҳои пахта ва татбиқ намудани онҳо дар истеҳсолот; - беҳтар намудани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва таъмини саривақтии хоҷагиҳо бо тухмиҳои хушсифат, ташкили мағозаҳои фурўши тухмӣ; - андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати ба низом даровардани нархи хариду фурўши пахта; - мусоидат намудан барои пурра коркард намудани пахта дар ҷумҳурӣ; - густариши ҳамкориҳо оид ба масоили рушди соҳаи пахтапарварӣ бо олимону мутахассисони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ; - бо мақсади ташвиқоту таблиғоти дастовардҳо ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот ҷиҳати истифодаи навъу намунаҳои пахта, бештар ба тасвиб расонидани дастуру тавсияномаҳо; -оид ба татбиқи дастовардҳои илмӣ ва технологияҳои инноватсионии парвариши пахта ташкил намудани вохўриҳо ва гузаронидани конференсияю семинар, рўзҳои саҳро ва хонишҳо бо хоҷагидорон; - ҷалби сармояҳои хориҷию ватанӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати рушди соҳаи пахтапарварӣ; - аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомотҳои иҷроияи маҳаллии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хоҳиш карда шавад, ки барои беҳтар намудани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварии пахта дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ, чораҳои мушаххас андешиданд.     Иштирокчиёни конференсия умедворанд,ки ҳамкориҳои муштарак барои пешрафти минбаъдаи соҳаи парвариши гӯсфандони зоти думбадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо низ мусоидат менамояд. Семинар-машварат дар мавзўи «Шаклдињї ва шохабурии дарахтони мевадињандаю ангур ва усулњои технологияи шинонидани онњо» санаи 05 феврали соли 2022 дар дењаи “Лолазор”-и Љамоати дењоти Пушунги ноњияи Данѓараи вилояти Хатлон гузаронида шуд.   Соҳаи муҳимтарини иқтисоди миллӣ бахши кишоварзӣ мебошад,     ки амнияти озуқавории мамлакат асосан аз рушди он вобаста аст.                                                                                              Эмомалӣ Раҳмон НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 6 МОҲИ АВВАЛИ СОЛИ 2022 Раёсат ва муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо дарназардошти вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (12.12.2021), қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022” (20.01.2022) ва барномаҳои давлатии рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ бармеоянд, фаъолияти худро барои беҳтар намудани сифат ва самарабахшии таҳқиқоти илмӣ, тарбияи олимони ҷавон, беҳсозии пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои илмию хоҷагиҳои таҷрибавӣ ва татбиқи васеи дастовардҳои илм дар истеҳсолот сафарбар намуданд. Инчунин аз ҷониби олимони муассисаҳои илмии Академия 15 лоиҳаи илмӣ ба Фонди Президентии таҳқиқоти бунёдӣ пешниҳод гардида, 3-тои онҳо барои маблағгузорӣ тавсия  шуданд. ДАСТОВАРДҲОИ МУАССИСАҲОИ ИЛМИИ АИКТ   Дар муассисаҳои илмии Академия 1118 нафар корманд, аз он ҷумла 565 ходими илм, аз онҳо 40 доктори илм ва 144 номзади илм фаъолияти пурсамар доранд. Инчунин 9 нафар доктор ва 22 нафар номзади илм ҳамчун ҳамкор барои иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ҷалб карда шудаанд. Ба ҳайати Академия 8 академик, 6 аъзои вобастаи АИКТ ва 2 аъзои хориҷӣ шомиланд. Дар муассисаҳои илмии Академия баҳри иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ таҳқиқотҳо тибқи 62 мавзӯи фармоишӣ, 8 барномаи байналмилалӣ ва4 лоиҳа тибқи Фонди Президентии таҳқиқоти бунёдӣ идома доранд. Олимони муассисаҳои илмии Академия дар шаш моҳи соли ҷорӣ доир ба дастовардҳои илмӣ соҳиби 4 патенту нахустпатент, 4 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 4 хабарнома дар бораи натиҷаи мусбати экпертизаи расмӣ гардиданд. Бо қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 навъи зироатҳои кишоварзӣ ва ангур минтақабоб гардида, 4 навъи зироатҳои кишоварзӣ ва дарахтони мевадиҳанда аз ҷониби комиссияи мазкур ба таври расмӣ қабул шуданд. Инчунин бо қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 зот ва типи занбӯри асали тоҷикӣ тасдиқ гардид.   НАТИҶАИ КОРҲОИ ИЛМӢ - ТАҲҚИҚОТӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ИЛМИИ АИКТ   Олимони Институти зироаткорӣ дар ҳамкорӣ бо олимони Институти боғу токпарварӣ аз ҷониби Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби нахустпатент ва шаҳодатномаи ҳаммуаллифӣ оид ба “Тарзи кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ”, хабарнома оид ба “Қатрарези танзимшаванда барои обёрии помидор ва зироатҳои полезӣ” гардиданд. Тибқи қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.06.2022, №1 пахтаи миёнанахи гурӯҳи тезраси навъи “Файзи Сомон” ва ҷуворимаккаи навъи “Шараф-19” минтақабоб гардида, пахтаи миёнанахи гурӯҳи тезраси навъи “АС-11” ва юнучқаи навъи “Вахш-451” ба таври расмӣ барои санҷиш қабул гардиданд. Ҳамзамон, барои сертификаткунонии тухмӣ ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 навъи тухмии пахтаи миёнанахи “Шарора-1020”, “Дӯстӣ-ИЗ”, “Файзи Сомон”, “Қубодиён-30”, “Данғара-30”, 7 - навъи ҷуворимакка “Шараф-19”, “Басирӣ-10”, “Баракат”, “Тезрас”, “Дилшод”, “Шуҳрат”, “Ҳосилот”, 2 - навъи офтобпараст “Нурафшон”ва “Самаранок-40”, 2 - навъи мушунги хӯроки чорво “Мушунги маҳаллӣ” ва “Ҳисории пешпазак” пешниҳод шуданд. Аз ҷониби олимони Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ ангури навъи “30-солагии Истиқлол” офарида шуда, тибқи қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо минтақабоб гардида, ангури навъи “Ғалаба” ва хурмои навъи “Ваҳдат” ба Комиссияи мазкур барои санҷиши расмӣ пешниҳод карда шуданд. Олимони Институти хокшиносӣ ва агрохимия аз ҷониби ташкилоти патентии Авруосиёӣ (ЕАПО) оид ба ихтирои “Усули тезонидани парвариши бактерияҳо соҳиби патенти Авруосиёӣ № 04121 (21.04.2022) гардиданд. Инчунин, доир ба масъалаҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ, алалхусус истифодаи самаранок ва оқилонаи замин, ҳифзи он аз таназзулёбӣ, шӯршавӣ, ботлоқшавӣ, тарҳрезии истифодаи мақсадноки нуриҳои минералӣ, органикӣ ва биологӣ, беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳои шӯршуда ва санглох, баландбардории ҳосилхезӣ ва баҳодиҳии хок, мубориза ба ҷараёни сел вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво бо дарназардошти тағйирёбии иқлим корҳои илмию таҳқиқотӣ гузаронида истодаанд. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон олимони Институт ба мавзеи Дашти Кокули Ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор сафарбар гардида, бо мақсади омӯзиши хокҳои мавзеъ аз масоҳати 1400 га намунаҳои хок оварда шуд. Олимони Институти чорводорӣ ва чарогоҳ ба дастовардҳои бузурги селексионӣ ноил гардиданд. Бо қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 –уми январи соли 2022 таҳти № 4/2 зоти алои сершири тоҷикии чорвои калони шохдор, зоти гӯсфандони маҳинпашми тоҷикӣ ва типи занбӯри асали тоҷикӣ тасдиқ карда шуд. Ҳамзамон корҳои мақсаднок барои тасдиқ ва пешниҳод намудани типи чорвои сергӯшти тоҷикӣ ва типи нави “Шаҳринавӣ”-и зоти гӯсфандони ҳисорӣ идома доранд. Таҳқиқотҳо оид ба ташкили рамаҳои ҷавҳари зотии гӯсфандони тоҷикӣ ва қароқӯлӣ дар самти ба вуҷуд овардани зоти чорвои швитсезебумонанди тоҷикӣ; мукаммалгардонии зоту кросҳои мурғони тухмию гӯштӣ ва кабк; омӯзиши самаранокии истифодаи иловаҳои маъданӣ, серсафедаю витаминдори истеҳсоли ватанӣ дар ғизои чӯҷа - бройлерҳо ва дар самти биотехнологияи чорво ҷиҳати ба вуҷуд овардани генотипҳои нави гӯсфанду бузҳо идома доранд. Инчунин, таҳқиқотҳо оид ба беҳтар намудани сифати пашми бузҳои серпашми зоти тоҷикӣ, ба вуҷуд овардани рамаҳои бузҳои ширдеҳи зоаненӣ ва зоти нубӯӣ идома дошта, наслҳои дурага ба даст омада, хусусиятҳои инкишофёбӣ, мутобиқшавӣ ва маҳсулнокии онҳо омӯхта шуда истодаанд. Аз ҷониби олимони Институти тибби ветеринарӣ 6 - дастур оид ба «Ташхиси лаборатории тропилелапсози занбӯри асал», «Дастури методӣ оид ба оҳаккунонии ҳавзҳои моҳипарварӣ», «Тавсиянома оид ба пешгирӣ ва табобати тропилелапсози занбӯри асал»,“Тавсиянома оид ба талаботҳои байторию беҳдоштӣ барои яхдонҳо”, “Тавсиянома оид ба қоидаҳои беҳдоштӣ барои корхонаҳои саноати гӯшт”, дастурамал оид ба “Қоидаҳои байторию беҳдоштӣ барои корхонаҳо оид ба истеҳсоли шир дар шароити коркарди саноатӣ” таҳия ва ба Шӯрои илмӣ - техникии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ дар институт ба миқдори 10 кг 1000 воя маводи Субтилбен дар намуди хока, ба миқдори 1000 л маводи гипертоникии 10% хлориди натрий, ҳамзамон маводи доругии ватанӣ - шаробаи чемеритсаи 10%,  ба миқдори 45 литр ва маводи зидигиҷҷавӣ дар ҳаҷми 2500 воя истеҳсол гардида, дастраси чорводорон шуд. Инчунин, аз ҷониби олимони институт хайли тозаи Salmonella abortus ovis аз барраҳои исқоти ҳамлшуда ҷудо карда шуда, бо шиноснома тасдиқ гардид. Олимони Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнология аз ҷониби Маркази миллии патенту иттилоот барои ихтирои «Тарзи табобати бемории табларзаи эфемерии (вирусии) чорвои калони шохдор» соҳиби нахустпатент (№ TJ 1252, аз 21.04.2022) гардиданд. Ҳамзамон, аз ҷониби олимон барои таъмини амният ва эминии биологӣ, баҳодиҳӣ, таҳлил ва идоракунии таҳдидҳои биологӣ ҳолати эпизоотии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нисбат ба бемориҳои сироятиву инвазионии чорвои калону хурди шохдор ва парандаҳо омӯхта, таҳлил карда шуд. Ба мақсади муайян намудани нақши микроорганизмҳои патогенӣ дар пайдоиши бемориҳо аз 50 маводи иллатноки воридгардида дар натиҷаи ташхисҳои озмоишгоҳӣ дар 21 мавод нақши микроорганизмҳо муайян карда шуд. Дар 9 мавод барангезандаҳои эшерихияи колӣ, пастерелла, салмонелла, стафиллоккок ва стрептоккок ошкор гардиданд. Дар бахши истеҳсол олимони институт бо истифода аз штаммҳои микроорганизмҳои маҳаллӣ 76300 воя ваксинаи зидди салмонеллёзу пастереллёзи чорвои кишоварзӣ ва ваксинаи бофтагии зидди плевропневмонияи сироятии бузҳо истеҳсол намуданд. Аз ҷониби олимони Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзӣ ба мутахассисони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба самаранок истифодабарии заминҳои таъйиноти кишоварзӣ, рушди чорводорӣ, боғу токпарварӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда пешниҳоду тавсияҳои муфид дода шуданд. Аз ҷумла, ҷиҳати устувор нигоҳ доштани бозори дохилии озуқавории кишвар, роҳҳои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқавории худӣ, такмили инфрасохтори соҳибкории инноватсионӣ дар КАС бо таъсиси марказҳои инноватсионӣ дар назди муассисаҳои илмӣ, боғҳои агротехникӣ, марказҳои маслиҳатдиҳӣ, марказҳои такмили технология, марказҳои инженерӣ ва сертификатсиякунонӣ ва ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ оид ба фаъолияти инноватсионӣ, аз ҷумла барои кормандони илм ва роҳбарони ташкилотҳои илмӣ дар муассисаҳои маълумоти олии касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассус хеле зарур мебошанд. Дар Маркази миллии захираҳои генетикӣ тухмии 8 навъи пахтаи намуди маҳиннах ва миёнанахи селексияи ватанӣ, 150 дона пиёзаки анзури навъи “Суғдиён” аз филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ дар вилояти Суғд дастрас карда шуд. Тибқи ҳамкориҳои муштараки илмӣ ба Маркази илмии кишоварзии Помир тухмии 13 навъу намунаи зироатҳои лӯбиёдонагӣ ва равғандиҳанда,  ба хоҷагии таҷрибавии “Сумбула”330 бех ниҳоли навъу дурагаҳои олу ва сиёҳолу, ба хоҷагиҳои деҳқонии “Туғак” ва “Шариф”-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон лундаҳои картошкаи ширин (батат) дода шуд. Инчунин барои нигоҳдорӣ ва ғанӣ гардонидани Бонки захираҳои генетикӣ аз Институти зироаткорӣ тухмии 47 навъу намунаи зироатҳои ғалладонагӣ ва филиали дар вилояти Суғд будаи он 9 навъу намунаи алафи судонӣ оварда шуд. Олимони Маркази илмии технологияҳои инноватсионӣ ва механиконии кишоварзӣ аз ҷониби Маркази миллии патенту иттилоот барои ихтирои «Тухмипошаки муштараки ТМ-2,4» соҳиби нахустпатент(№TJ 1250 аз 19.04.2022) ва 3 хабарномаи мусбат барои гирифтани нахустпатент оид ба култиватори хурдҳаҷми ғизодиҳандаи КРМ-1, мошинолот барои тоза куфтани дони ҷуворимакка КМ-4 ва култиватори хурдҳаҷми КПМ-1 гардиданд. Ҳамзамон нисбати мошинолотҳои зикргардида таҳқиқотҳои назариявӣ ва таҷрибавӣ гузаронида, мушаххасоти кории онҳо асоснок карда шуданд. Олимони Маркази ҷумҳуриявии илмию таҳқиқотии пиллапарварӣ хусусиятҳои асосии репродуктивӣ, нишондиҳандаҳои биотехнологии маводи селексионӣ, 50 шаҷара ва 23 зот, аз ҷумла зотҳои коллексионии озмоишшавандаи хитойӣ, россиягӣ, кореягӣ, туркӣ, булғорӣ, эронӣ, ветнамӣ ва ғайра омӯхта шуданд. Соли ҷорӣ аз маводи таҷрибавии зоту дурага ва шаҷараҳо ба миқдори 20 қуттӣ тайёр гардида, 720 оилаи селексионӣ барои мавсими баҳории парвариши кирмак ва гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ омода шуд. Инчунин, барои зинда намудани тухми кирмак 1000 дона қуттии калонҳаҷм ва барои парвариши синни хурди кирмак 1000 дона қуттичаи хурдҳаҷм омода карда шуданд. Дар самти тутпарварӣ нишондиҳандаҳои фенологии 26 шакл ва навъҳои гуногуни дарахти тут муайян ва омӯхта шуданд. Дар майдони 0,26 га кишти тухми тут гузаронида, барои таҳкими манбаи хӯрокаи кирмак 300 бех ниҳоли тут дар атрофи заминҳои Пойгоҳи таҷрибавӣ дар вилояти Суғд шинонида шуд. Ҳамзамон, дар майдони 1,7 га 6400 бех ниҳоли серҳосили тут бо тарзи 4х1х1м тутзори интенсивии буттагӣ бунёд намуда, 2600 кӯчати хурди он дар байни қатор шинонида шуд. Олимони Маркази илмии кишоварзии Помир барои омӯзиш ва таҳқиқот тухмии зироатҳои лӯбиёдонагӣ ва равғандиҳанда, аз ҷумла 3 навъи нахӯд, 5 навъи мош, 1 навъи мушунг ва 3 навъи зағир аз Маркази миллии захираҳои генетикӣ дасрас карда, дар қитъаҳои таҷрибавии ноҳияҳои Рӯшон дар баландии 1800м ва Ишкошим 2600 м коллексияи навъу намунаҳои мазкурро ташкил ва мавриди омӯзиши фенологӣ қарор доданд. Инчунин, барои гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ ва коркарди агротехникии онҳо дар ноҳияи Ишкошим 15 навъи картошка кишт гардида, мавриди омӯзиши фенологӣ қарор доранд. Ба мақсади омӯзиш дар ноҳияи Ишкошим 8 навъи картошкаи беҷирм “М-1-2018”, “Файзобод-2018”, “Файзобод-2015”, “Умед-73-2017”,  “М-18”, “М-7-2018”, “Пикассо-2017” ва “Рашт-2017” кишт карда, барои нигоҳдорӣ дар коллексия 5 навъи “картошка ва барои афзун намудани тухмии истеҳсолӣ 15 навъ М-25, М-26, Invitro-1, АН-1, “Кардинал”, LT-8-15, Invitro-22, “Бадахшон”, “Файзобод-1”, “Ишкошим”, АН-2, “Кобул”, АКН-13, “Биг-роза” ва “Лорх” кишт карда шуданд. Баҳри баланд бардоштани маҳсулнокии ширию гӯштии қутосҳои экотипи помирӣ ва офаридани ҷавҳари зотии онҳо дар мавзеи Аличури ноҳияи Мурғоб таҳқиқоти селексионӣ идома дошта, шумораи подаи қутосҳои таҳқиқотӣ ба 173 сар расонида шуд. ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМИ КИШОВАРЗӢ   Дар давраи ҳисоботӣ 2 рисолаи докторӣ ва 3 рисолаи номзадӣ дифоъ гардида, 30 рисолаи илмӣ барои дифоъ омода шудааст. Бо мақсади афзун намудани кадрҳои илмӣ, барои соли таҳсили 2021-2022 дар муассисаҳои илмии Академия 23 нафар докторанти PhD, 36 магистрант ва 32 нафар унвонҷӯй қабул карда шуданд. Соли таҳсили 2021-2022 дар муассисаҳои илмии АИКТ 30 нафар магистрант ва 24 нафар докторант аз рӯи ихтисоси PhD хатм намуданд. Ҳамзамон, дар назди Институтҳои зироаткорӣ ва тибби ветеринарӣ Шӯроҳои диссертатсионӣ, фаъолият карда истодаанд. Олимони муассисаҳои илмии Академия дар давраи ҳисоботӣ оид ба масъалаҳои рӯзмарраи рушди соҳаи кишоварзӣ 235 кори илмӣ, аз он ҷумла 5 китоб, 6 монография, 2 китобча, 2 маҷалла, 11 тавсиянома, 7 дастур, 6 буклет ва 196 мақолаи илмӣ аз чоп бароварданд. ҲАМКОРӢ БО ВАО Академияи илмҳои кишоварзӣ дар муддати 6 моҳи сипаригардида тавсияҳои судманди илмиро ҷиҳати баланд бардоштани сифату самарабахшии таҳқиқоти илмӣ, татбиқи дастовардҳои илмӣ ва технологияи инноватсионӣ дар истеҳсолот, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва маҳсулнокии чорвои кишоварзӣ, самаранок истифода намудани ҳар порча замини ҷумҳурӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили зироатҳо, саривақт фаро гирифтани майдонҳо барои кишти асосӣ ва кишти такрорӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ватании тибби ветеринарӣ, андешидани чораҳои муҳофизатӣ ҷиҳати пешгирӣ аз касалиҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаби мубрами соҳаро тариқи воситаҳои ахбори омма инъикос намуда, 293 маротиба ба воситаи ахбори омма тавсияҳои мушаххасро ба деҳқонону мутахассисон пешниҳод намуд.   БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯ, СЕМИНАР, РӮЗҲОИ САҲРОӢ, РӮЗИ ФЕРМЕРӢ ВА МИЗИ МУДАВВАР   Аз ҷониби АИКТ 1 конференсияи байналмилалӣ, 3 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 1 семинари ҷумҳуриявӣ, 1 конференсияи минтақавӣ, 12 семинари минтақавӣ, 7 рӯзи саҳроӣ, 3 рӯзи фермерӣ ва 5 мизи мудаввар гузаронида шуданд. Ҳамзамон, олимон дар кори 136 конференсияю семинарҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок ва баромад намуданд.   САЗОВОР ТАҶЛИЛ НАМУДАНИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ Дар давраи ҳисоботӣ кормандони АИКТ ва муассисаҳои илмии он баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои миллӣ, аз  ҷумла таҷлили ҷашни Сада, Рӯзи модар (8-март), Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи ҷавонон (23 - май) ва 25-умин солгарди Ваҳдати миллӣ чораҳои мушаххас андешида, онҳоро дар сатҳи баланд баргузор намуданд.     ҲАМКОРӢ БО ТАШКИЛОТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ   Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалиро бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Институти мевапарварии Ҷумҳурии Белорус, Академияи кишоварзии Чин, Донишгоҳи давлатии ба номи А.А. Ежевскийи шаҳри Иркутски Федератсияи Россия ва шарикони рушд, аз қабили ICARDA, IFPRI, SIMIT, FAO, CARITAS, JAICA, TIKOва ғайра ба роҳ мондааст. Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар давраи  ҳисоботӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату кумитаҳои соҳавӣ зиёда аз 14 пешниҳодро доир ба масъалаҳои ҳалталаби рушди соҳаи кишоварзӣ ирсол намуданд. Аз ҷумла, таҳияи татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи захираҳои генетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи зотпарварӣ”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Оинномаи АИКТ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он”, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он”, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)” №1289, аз 15 марти соли 2016, оид ба лоиҳаи барномаи “Харитаҳои роҳ”-и ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус барои солҳои 2022-2026, оид ба лоиҳаи Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти бойторӣ ва фитосанитарии Федератсияи Россия, ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус ҷиҳати ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла “Рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, “Рушди соҳаи кишоварзӣ барои давраи то соли 2030”, “Рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикисон барои солҳои 2023-2027”, “Консепсияи рушди хонаводаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”.   КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ВА САБЗУ ХУРРАМГАРДОНӢ ДАР АИКТ   Вобаста ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои илмӣ ва зерсохторҳои онҳо корҳои зерин ба анҷом расонида шуданд: Доир ба кабудизоркунию ободонӣ ва сазовор пешвоз гирифтани идҳои Сада ва Наврӯз, истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои илмии Академия мунтазам шанбегиҳо гузаронида, 59377 бех ниҳол, аз  ҷумла дарахтони мевадиҳанда – 33340 адад ва дарахтони сояафкан – 9836 адад шинонида шуданд. Ҳамзамон, ба миқдори зиёда аз 16201 адад гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, дар ин самт корҳо идома доранд. Олимони АИКТ ба дигар корхонаю муассисаҳо ва шахсони инфиродӣ, ҷиҳати шинонидан ва парвариш намудани дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳо кумаки илмию амалӣ расонида истодаанд. Хоҷагиҳои таҷрибавӣ, стансияю пойгоҳҳои Академия дар маъракаи ниҳолшинонии солҳои 2021-2022 зиёда аз 9 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳандаю сояафканро барои фурӯш пешниҳоди харидорон намуда, дар муассисаҳои илмӣ зиёда аз 36 ҳазор калитаки ангур тайёр карда, дар паваришгоҳҳо шинонданд. Дар Институти зироаткорӣ дар масоҳати 1,0 га боғи интенсивии дарахтони мевадиҳанда бунёд гардида, дар масоҳати 1 га бо усули муосири обёрии қатрагӣ пахта зери плёнка кишт гардида, 500 метр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуданд; Дар Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ 2,0 гектар токзори нав дар заминаи майдони токзорҳои куҳна ва дар масоҳати 4,5 га токзор аз ҳисоби навъҳои ангури “Кишмиши сиёҳ” ва “Тойфӣ” барқарор карда шуд. Ҳамзамон, дар масоҳати 2,0 га боғи интенсивии дарахтони донакдор бунёд карда шуд. Инчунин, таъмири капиталии бинои маъмурии Пойгоҳи “Сомғор”-и Институт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба анҷом расид. Бинои Стансияи таҷрибавии зироатҳои субтропикӣ ва ситрусӣ дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Дар Пойгоҳи минтақавии таҷрибавии Карсанги Институти хокшиносӣ ва агрохимияи  ноҳияи Файзобод бошишгоҳи саҳроӣ аз нав сохта шуд. Дар Институти тибби ветеринарӣ озмоишгоҳи нави замонавӣ  ташкил карда шуда,корҳои рангуборкунӣ анҷом дода шуданд.   ҲУҶҶАТГУЗОРӢ ДАР АИКТ Ба Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2022   870 ҳуҷҷат ворид гардид. Аз ин миқдор 171 аснод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 699 аснод ба вазоратҳою ташкилотҳои гуногун, мақомотҳои иҷроияи ҳукуматҳои маҳаллӣ, муассисаҳои илмии АИКТ ва шаҳрвандони алоҳида тааллуқ дорад. Оид ба иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 79 маълумот пешниҳод шуда, асноди боқимонда барои иҷро таҳти назорат қарор доранд ва ба 231 асноди вазоратҳою ташкилотҳои гуногун ҷавоб гардонда шудааст. Ҳамзамон, ба Раёсати АИКТ аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 91 аснод ворид гардида, ба 70-тои он ҷавоб гардонида шуд, боқимондаи онҳо мавриди баррасӣ ва иҷро қарор доранд.  Олимони муассисаҳои илмии Академия аз тамоми захираю имкониятҳо самаранок истифода намуда, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баён доштанд, барномаҳои давлатии рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ва дар ин замина беҳтар намудани сифат ва самарабахшии таҳқиқоти илмӣ, тарбияи олимони ҷавон ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми босазои худро гузоранд.  

    20.05.2015 16:18 

  • Ахбор'Конференсияи байналмилалии «Дастовардҳои муосир оид ба селексия ва тухмипарварӣ, технологияи инноватсионии парвариши пахта», 20-21 сентябри с.2019, вилояти Суғд, ш. Гулистон Конференсияи мазкур дар ҳошияи ҷарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.03.2019, №79 «Дар бораи нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агенти беҳдошти замин ва оберии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Сарраёсати кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО), олимон аз ҷумҳуриҳои Ўзбекистон, Қазоқистон, муассисаҳои илмии соҳавии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони муассисаҳои хизматрасонии агрокимиёвӣ, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ аз минтақаҳои ҷумҳурӣ, фермерон, хоҷагидорон ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Ҳадаф аз баргузории конференсияи мазкур таҷлилу баррасии, дарёфти роҳу усулҳои нави офаридани навъу намуна ва дурагаҳои пахтаи селҳосилу устувор ба касалию дигаргуншавии иқлим, тарҳрезии технологияи инноватсионии парвариши он ва баланд бардоштани ҳосилнокии ин зироати стратегӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳаи пахта ва коркард намудани он дар ҷумҳурӣ ва таъмини аҳоли бо ҷои кор мебошад. Олимон ва мутахассисони соҳа дар маърузаҳои худ қайд карданд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, алалхусус доир ба беҳтар намудани соњаи пахтапарварӣ ҷарору супоришҳо ва барномаҳои дахлдори соҳа қабул гардида, чорабиниҳо ҷиҳати зиёд намудани майдони кишти пахта ва баланд бардоштани ҳосилнокии он ба таври лозимӣ амалӣ гардида, майдон ва ҳосилнокии ин зироати стратегӣ сол аз сол зиёд гашта истодааст. Мувофиқи таҳлилҳо барои баланд бардоштани ҳосилнокии пахта бояд аз ҷониби корхонаҳои тухмипарварӣ хоҷагиҳо бо тухмиҳои баландсифат саривақт таъмин гардида, барои хариди нурӣ, сузишворӣ ва техникаи кишоварзӣ ба хоҷагиҳо додани қарзҳои бонкии дарорзмўҳлат бо фоизи паст ва дастгирии давлатӣ мувофиқи мақсад мебошад. Конференсия дар натиҷаи баромади олимон ва мутахассисон, барои рушди соҳаи пахтапарварӣ дар ҷумҳурӣ амалӣ намудани чорабиниҳои зеринро пешниҳод менамояд: - иҷрои қарору супоришҳои Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ба хусус пахтапарварӣ, зиёд намудани ҷои корӣ таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ; - васеъ намудани таҳқиқотҳои селексионӣ оид ба офаридани навъу намунаҳои пахта ва татбиқ намудани онҳо дар истеҳсолот; - беҳтар намудани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва таъмини саривақтии хоҷагиҳо бо тухмиҳои хушсифат, ташкили мағозаҳои фурўши тухмӣ; - андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати ба низом даровардани нархи хариду фурўши пахта; - мусоидат намудан барои пурра коркард намудани пахта дар ҷумҳурӣ; - густариши ҳамкориҳо оид ба масоили рушди соҳаи пахтапарварӣ бо олимону мутахассисони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ; - бо мақсади ташвиқоту таблиғоти дастовардҳо ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот ҷиҳати истифодаи навъу намунаҳои пахта, бештар ба тасвиб расонидани дастуру тавсияномаҳо; -оид ба татбиқи дастовардҳои илмӣ ва технологияҳои инноватсионии парвариши пахта ташкил намудани вохўриҳо ва гузаронидани конференсияю семинар, рўзҳои саҳро ва хонишҳо бо хоҷагидорон; - ҷалби сармояҳои хориҷию ватанӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати рушди соҳаи пахтапарварӣ; - аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомотҳои иҷроияи маҳаллии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хоҳиш карда шавад, ки барои беҳтар намудани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварии пахта дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ, чораҳои мушаххас андешиданд.  

    20.05.2015 16:18 

  • РОБИТАҲОИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИ' Руйхати созишномаҳо 1.Созишнома байни Маркази байналмилалии тадқиқотҳои хушкзамин (ICARDA) ва Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои кишоварзӣ  2.Созишнома байни Хукумати Ҷумхурии Халқии Хитой дар бораи таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи мухтори Синҷан-Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой 3.Протоколи ниятҳо дар бораи ҳамкории муштараки Академияи илмҳои Шинҷон дар соҳаи азхудкунии заминҳои бокира ва корамнашуда дар назди Корпоратсияи истеҳсолӣ ва сохтмонии Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон 4.Созишнома байни Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои тадқиқотии Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ 5.Ёддошти тафоҳум байни Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Тадқиқоти Сиёсати Ғизо (IFPRI) ва Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон 6.Созишномаи ҳамкорӣ байни Академияи давлатии кишоварзии Беларус ва Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон 7.Созишномаи хамкорӣ байни Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Академияии милли илмҳои Беларус 8.Созишнома дар бораи ҳамкории дуҷонибаи илмӣ-техникӣ байни Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва "Маркази илмӣ-амалии АМБ оид ба механизатсияи кишоварзӣ" 9.Созишномаи № 93-18 дар бораи ҳамкории техникӣ байни Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва "Маркази илмӣ-амалии AМБ барои хӯрокворӣ"     10. Созишнома дар бораи ҳамкории илмӣ байни Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Маркази Авруосиёии бехатарии озуқавории Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов М.В.     11. Ёддошти тафоҳум байни Академияи илмҳои кишоварзии Чин ва Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон     12. Ёддошти тафоҳум байни Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Шўрои Ҳиндустон оид ба тадқиқотҳои соҳаи кишоварзӣ     13. Созишнома байни Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Институти стандартҳои сифати кишоварзӣ ва технологияҳои санҷишӣ дар назди Академияи илмҳои кишоварзии Шинҷон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин      14. Созишнома байни Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Институти илмии Чин оид ба механизатсияи кишоварзӣ САСН дар Академияи илмҳои кишоварзии Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин        15. Ёддошти тафоҳум байни Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ                 (Донишгоҳи Миллии Тадқиқотӣ) 16. Созишномаи ҳамкорӣ байни Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва JD EAST 17. Созишномаи хамкорӣ байни Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва КАРИТАС Швейтсари 18. Созишномаи ҳамкорӣ байни Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Маркази илмӣ-истеҳсолии кишоварзии Узбекистон 19. Созишномаи хамкорӣ байни Академияии илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Институти боғдории Академияи илмҳои кишоварзии Хенани Ҷумҳурии Мардумии Ҳитой      ҲАМКОРӢ БО МУАССИСАҲОИ ИЛМИИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИ КИШВАР ИНСТИТУТИ ЗИРОАТКОРӢ. Бо Институти хокшиносӣ, Институти боғпарварию сабзавоткорӣ, Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикии АИКТ; Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ, Институти биологии Помир ба номи Х.Юсуфбеков, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии Данғара, Маркази миллии ҷумҳуриявии байторӣ ва КВД “Пилла”ҳамкорӣ дорад. Инчунин Институт бо марказҳои байналмилалии ИКАРДА, Ташкилоти байналмилалии КАРИТАС, Институти илмию таҳқиқотии пахтаи “Назиллӣ”-и давлати Туркия, Академияи илмҳои кишоварзии музофоти Синтсзяни Ҷумҳурии мардумии Чин, Институти умумироссиягии растанипарварӣ (ВИР), Институти умумироссиягии ҳимояи растаниҳо (ВИЗР), ширкати “Агрохимпром”-и Федератсияи Россия, Институти масъалаҳои агроинженерии Академияи илмҳои Федератсияи Россия, Институти илмию таҳқиқотии шолии Ҷумҳурии Исломии Эрон, хазинаи бунёди Фонди Оғохон “MSDSP”, Институти пахтапарварӣ, Институти муҳофизати растаниҳои Ҷумҳурии Узбекистон   ва дигар муассисаҳои илмии давлатҳои Осиёи Миёна робитаҳои илмии тарафайн дорад. ИНСТИТУТИ БОҒУ ТОКПАРВАРӢ ВА САБЗАВОТКОРӢ. Ҳамкории судманди олимон бо Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи милии илмҳои Тоҷикистон, Институти биотехнологияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Маркази миллиии захираҳои генетикӣ, филиали Донишгоҳи политехникӣ ба номи академик М.Осимӣ шаҳри Хуҷанд, ДДТ-и “Ҳуқуқ, бизнес ва муносибати байналхалқи”-и шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи кӯҳии металлургияи Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ оид ба пурзур намудани корҳои илмию таҳқиқотӣ идома дорад. Ҳамчунин институт бо кафедраи сабзавоткории Академияи хоҷагии қишлоқи ба номи К.А.Тимирязеви шаҳри Москва, Институти илмию таҳқиқотии умумироссиягии растанипарварӣ (ВИР), ба номи академик Н.И.Вавилов -и шаҳри Санкт - Петербург, Институти умумироссиягии картошкапарварӣ (шаҳри Люберсии вилояти Москва) ва Институти умумироссиягии сабзавоткорӣ (шаҳри Раменски вилояти Москваи Федератсияи Руссия), Институти илмию таҳқиқотии боғдорию сабзавоткории Урали Ҷанубии Федератсияи Руссия, Институти растанипарварии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Институти байналхалқии захираҳои генетикии растаниҳо (IPGRI, Италия), Университети миллии аграрии ҷумҳурии Қирғизистон ба номи К.И. Скрябин, Донишгоҳи аграрии ба номи И.В.Вавилов-и (шаҳри Саратов-и Федератсияи Руссия) ва Донишгоҳи аграрии шаҳри Кубани вилояти Краснодари Федератсия Руссия), Маркази Умумиҷаҳонии сабзавоткорӣ (АVRDS), Маркази Ҷаҳонии картошка CIP (Лима, Перу), Институти мевапарварии Ҷумҳурии Белоруссия оид ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст. ИНСТИТУТИ ХОКШИНОСӢ ВА АГРОХИМИЯ. Олимони институт бо Институти хокшиносии ба номи Докучаеви шаҳри Москва, бо Институти агрокимиё ва хокшиносии Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи Давлатии Москав ба номи В.М. Ломоносов, Донишгоҳи Давлатии аграрии ба номи К.А.Тимирязеви шаҳри Москва Академияи давлатии кишоварзии Нижний Новгород ва Академияи давлатии кишоварзии Белорусия, Институти агрокимиё ва хокшиносии Ҷумҳурии Украина, бо Созмони глобалии ҳамкории соҳаи об (GWP) Шветсия, ташкилоти байналмилалии КАРИТАС ва ғайра шартномаи ҳамкорӣ дорад. ИНСТИТУТИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲ. Олимони Институти бо олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Стансияи илмии кишоварзии Помир, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва институтҳои таҳқиқотӣ-илмии чорводорӣ, парандапарварӣ, парвариши говҳои сергӯшт, бузу гӯсфандпарварии Федератсияи Россия, Донишгоҳи аграрии ш. Оренбург, Донишгоҳи аграрии Бошқирдистон, Институти хоҷагии қишлоқи шаҳри Кемеровои ФР, Академияи илмҳои кишоварзии ба номи Тимирязеви ФР, Институтҳои таҳқиқотӣ-илмии чорводорӣ, байторӣ ва чарогоҳи Ҷумҳурии Қирғизистон, Институти умумироссиягии чорводории ФР, Институтҳои соҳавии Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамкорӣ доранд. ИНСТИТУТИ ТИББИ ВЕТЕРИНАРӢ. Олимони Институти масоили амнияти биологӣ, Маркази миллии ташхиси байторӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Институти илмӣ-тадқиқотии кимиёи АМИТ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти чорводорӣ, Маркази инноватсионии биологӣ ва тиббии АМИТ, Институти зоология ва паразитологияи АМИТ, Донишгоҳи тиббии ба номи Абуали ибни Сино, беморхонаи шаҳрии кудаконаи бемориҳои сили кафедраи “Фтизиопулмонология”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино, Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси синаи ш. Ваҳдат ва ғ. ҳамкории илмӣ дорад. Институт инчунин бо марказҳои илмии хориҷи кишвар - Институти илмӣ-тадқиқотии вирусология ва микробиологияи ветеринарии ш. Покрови ФР, Институти илмӣ-тадқиқотии ветеринарии ш. Москва, Институти ҳимояи ҳайвоноти ш. Юрови вилояти Владимир, Дониш­гоҳи аграрии ба номи П.А. Столипини ш. Омск, Институти илмӣ – таҳқиқотии ветеринарии парандапарварии Санкт - Петербурги Федератсияи Россия, Институти илмӣ-тадқиқотии ветеринарии Қазо­қистон (Каз НИВИ), Коллеҷи тиббии ветеринарии Донишгоҳи Корнели Иттакаи Ню-Йорк, Академияи ветеринарии ш. Москва ба номи В.И. Скрябин, Институти илмӣ-тадқиқотии Қирғизистон ба номи А. Дуйшееваи ш. Бишкек ва Маркази пешрафти таҷрибаҳои илмии Академияи Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамкорӣ дорад. ИНСТИТУТИ МАСОИЛИ АМНИЯТИ БИОЛОГӢ ВА БИОТЕХНОЛОГИЯ. Олимон Институт бо Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур - оид ба тайёр намудани кадрҳои ҷавон, бо Институти ветеринарӣ, Институти чорводории АИКТ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, Институти химия ва Маркази инноватсионии биологӣ ва тибби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ ҳамкории зич дорад. Робитаи институт бо муассисаҳои хориҷи кишвар: Маркази ҳифзи сиҳатии ҳайвонот, Институти Умумироссиягии илмию таҳқиқотии ветеринарияи эксперименталии ба номи Я.Р. Коваленко, Донишгоҳи давлатии таҳқиқотии Урал ва Донишгоҳи аграри ш.Екатеринбурги ФР, Институти илмию таҳқиқотии масоили бехатарии биологии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон, Институти илмию таҳқиқотии ветеринарии Қирғизистон ба номи А.Дуйшеев ва Донишгоҳи кишоварзӣ ва илми Шветсия барои бозомӯзӣ ва гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст. ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ТАҲҚИҚИ СИСТЕМАВИИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ. Институт бо Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, муассисаҳои илмии низоми АИКТ, Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, факултаҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи молия ва иқтисод, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Н. Хисрави шаҳри Бохтар, Донишкадаи энергетики Тоҷикистон дар ноҳияи Кошониён, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Университети муштараки Славянии Руссия –Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ва Донишгоҳи давлати Данғара ҳамкории илмӣ дорад. Институт бо муассисаҳои илмии хориҷи кишвар, аз ҷумла Институти илмию таҳқиқотии Умумироссиягии хоҷагии қишлоқ, Академияи кишоварзии ба номи К. Тимирязеви шаҳри Москва, Университети дустии халқҳо ш. Москав, Донишгоҳи аграрии Ставропол, Университети Москвагии ба номи Ломоносов, Лейбнис Институти рушди аграрӣ дар Аврупои Марказӣ ва Шарқи (IAMO), Институти илми таҳқиқотии ташкили истеҳсолот, меҳнат ва идораи хоҷагии халқ (ГНУ ВНИОПТУСХ) Федератсияи Россия ва институтҳои соҳавии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Университети иқтисодии Қырғызистон ба номи М. Рыскулбеков, Институти иқтисодии назди Академияи илмҳои Қырғызистон ва Институти илмию таҳқиқоти иқтисодии хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Узбекистон робитаҳои зичӣ илмӣ дорад. МАРКАЗИ МИЛЛИИ ЗАХИРАҲОИ ГЕНЕТИКӢ. Марказ бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии АИКТ ва филиалҳои он, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистон, ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур, ИБП, ИБФ ва ГР-и АМ ИТ, Ташкилотҳои ҷамъиятии “Зан ва Замин”, Ҳамкорӣ баҳри тараққиёт “Раъно”, Маркази «Гуногуншаклии биологии генетикӣ»-и ДМТ, Маркази биотехнологияи ДМТ, Маркази инноватсионии биология ва тиббии АМ ИТ,ИИТУР ба номи академик Н.И.Вавилови ФР, Академияи илмҳои кишоварзии Синзияни Ҷумҳурии Чин, Институти захираҳои генетикии Чехия, ИКАРДА, Маркази байналмилалӣ доир ба захираҳои генетикии мамлакатҳои шимол-Норд Ген СИДА- Шветсия, ФБГдар Итолия, Свалборди Норвегия, ТОК СММ ва ПРООН-ГЭФ ҳамкориҳои илмӣ дорад. Инчунин Марказ бо хоҷагиҳои фермерию деҳқонии ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд ва НТҶ ҳамкориҳоро низ­ ба роҳ мондааст. МАРКАЗИ ИЛМИИ ҲИФЗИ РАСТАНИҲО. Ҳамкории илмӣ бо муассисаҳои АИКТ, Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии Вазорати Кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии Экспедитсияи бар зидди малах, Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ташкилоти Озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Кооперативи ғайри тиҷоратии «Сароб» ва ҶДММ «Тиҷорат химия» робитаи наздик дорад. МАРКАЗИ ИЛМИИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ВА МЕХАНИКОНИИ КИШОВАРЗӢ. Ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Институти масоили агроинженерӣ и экологии истеҳсолоти кишоварзии филиали ВИМ-и шаҳри С. Петербурги ФР роҳандозӣ карда шудааст. МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТИИ ПИЛЛАПАРВАРӢ. Марказ бо Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур - оид ба тайёр намудани кадрҳои ҷавон, Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ, Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ ҳамкории зич дорад. МАРКАЗИ ИЛМИИ КИШОВАРЗИИ ПОМИР. Олимони Марказ ҳамкориро бо Институти зироаткорӣ, боғпарварию сабзавоткорӣ, хокшиносӣ ва агрохимия, Маркази ҳифзи растаниҳо, Институти чорводорӣ ва чарогоҳ, Институти тибби ветеринарӣ, Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнология ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев дар самти таҳқиқотҳо дар бахшҳои селексия ва технологияи парвариши зироатҳои кишоварзӣ, боғпарварию сабзавоткорӣ ва чорводорӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Маркази байналмилалии илмӣ- техникӣ, Каритас, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва БҶИИМК-и хазинаи Оғохон   идома дода истодааст.

    20.05.2015 16:17 

  • Патентҳо'Дар ҳолати коркард қарор дорад!

    20.05.2015 16:14 


© 2013 - 2024 Академияи илмҳои кишоварзииТоҷикистон
Нишони: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.
Факс/Телефон: (+992 37) 221-70-04
E-Mail: aikt91@mail.ru